Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дар хаёлам
Зиндагӣ баҳрест пуртуғён,
Мо мисоли нохудое мебарем
Киштии тақдирро то соҳили дуру қариби ормон.
Гарчи пур ин баҳр аз махлуқи одамхора аст,
Гарчи туғёнзову тўфонбора аст,
Бими барҷои ту, эй модар, чи нобарҷост,
Чун тўмори меҳрат дар дили мо пуштибони мост.
Ҳар куҷо бошем сарсон,
Ҳар куҷо бошем саргардону раҳгум,
Ашкҳои нўги мижгони ту, модар,
Чун чароғи раҳнамо,
Ё ахтари қутби дили мо
Мекунад моро ҳамеша раҳнамоӣ,
Аз миёни мадду ҷазри умр моро
Бе шикасте мебарад бар даргаҳи ту…
Кайҳони сухан
Барои Лоиқ Шералӣ
Ҳар ки рангин мекунад хони сухан.
Оши ҷонаш мешавад нони сухан.
Ҷону дилро кардаӣ шайдои хеш,
Ёфтӣ азбас дилу ҷони сухан.
Ормонат шуд қарини ҳар диле,
Баски дар дил дорӣ армони сухан.
Арзу тўлаш ҷустаӣ то бекарон,
Бемакон кардӣ ту имкони сухан.
Зери фармони ту ҳар ҳарфу ҳиҷост,
Мебарӣ худ баски фармони сухан.
Ҳар ки қадратро намедонад, яқин
Ҳаст аз ноқадрдонони сухан.
Бишнавад чун аз ту оғози сухан,
Дил нахоҳад ҳеҷ поёни сухан.
Номи ту монад чу як кайҳоннавард
То бувад барҷой кайҳони сухан.
Сангирода
Дар умри хеш хорро хорӣ надодаӣ,
Бинвохтӣ ба меҳр сари санги кўҳро.
Он гуна устуворию вазнин, ки умрбод
Дорӣ ба дўш балки ҳама нанги кўҳро.
Эй бас кушод буда туро хонаҳои чашм,
Мисли ту низ ҳеҷ касе дилкушод нест.
Санге намезанӣ ба сару бар дили касе,
Ҷуз сангирода санг туро дар ниҳод нест.
Санге намезанӣ ба сару бар дили касе,
Ҳам бок нестат, ки гаҳат санг мезананд,
Боке чи қулларо, ки гаҳеаш зи пои кўҳ
Санг аз нигоҳи тангу дили танг мезананд.
Ҷуз сангирода нест туро нисбате ба санг,
Ҷуз сангирода нест туро санг дар ниҳод.
Чун кўҳи ҷовидон дилат аз ганҷҳо пур аст,
Чун кўҳи ҷовидон сарат, эй ҷон, зи санг бод!
Дар Сари Пул
Мерасанд ин ҷо ба ҳам Сурхобу Хингоб,
Рамзи пайванду бақои ҳамдилонанд,
Нест дар ин ҷо каси бепуштбоне,
Пуштаҳояш пуштгиру пуштбонанд.
Дар Сари Пул пулро қадре набошад,
Мардуми дарёдилаш бигзашта аз пул,
Дар Сари Пул лек қадри гул баланд аст,
Духтарони чун гулаш бигзашта аз пул.
Дил бигўяд – ҳар касе бигзашта аз пул,
Қадри дарё донад ў, дарёдил аст ў,
Аз барои гул касе бигзашт аз пул,
Ў нагардад хор, то бошад, гул аст ў.
Дар Сари Пул чор фасле гул бирўяд,
Чор фасли сол дар ин ҷо баҳор аст.
Гул бичинад, ҳар касе бигзашта аз пул,
Ҳар ки аз он нагзарад, муҳтоҷи хор аст.
Нестанд ин ҷо мусофирҳо мусофир,
Ҳамдили онҳост ин ҷо кўҳу пушта.
Дар Сари Пул баҳс набвад дар сари пул,
Бар Сари Пул мерасанд аз пул гузашта.
Таронаи Кўлоб
Барои Талаб Саттор
Дур аз хоку аз обат
Зиндагониам азоб аст.
Бе садоят аз сари об
Об дар чашмам сароб аст.
Бе навои чашмасорат
Чашмҳоям кўли об аст.
Роҳи ҷўйу ҷустуҷўям – шаҳри Кўлоб,
Орзўям, обрўям – шаҳри Кўлоб.
Дар дилат кони намакҳо
Баҳри халқи худ кушудам.
Бе ту аз нону намакҳо
Он қадар воқиф набудам.
Кардиям бо худ намакхўр –
Бонамак кардӣ сурудам.
Роҳи ҷўйу ҷустуҷўям – шаҳри Кўлоб,
Орзўям, обрўям – шаҳри Кўлоб.
Пушта-пушта кўҳсорат
Буда пайванди Бадахшон.
Ҷўя-ҷўя рўдборат
Буда пайванди Зарафшон.
Ҳаст аз ин пайванди ҷовид
Ҷовидона Тоҷикистон.
Роҳи ҷўйу ҷустуҷўям – шаҳри Кўлоб,
Орзўям, обрўям – шаҳри Кўлоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё