Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аскаре афтод аз по, Чун ба ҷонаш оташ афтод, Аз само гардида беҷо, Ахтаре ҳамроҳаш афтод.
Аскаре афтод бар хок, Қадри хок афзуда чандон, Ахтаре афтод аз афлок, Рўи гўраш шуд фурўзон.
Баҳри девору дари мо Ҳар қадар афтод аскар, Аз самои кишвари мо Он қадар афтод ахтар…
Модари сарбоз Ҳамраҳи аскарон ба ҷанги ҷаҳон Шуд равон донаҳои ашки ту ҳам; Душманонро зи пой меафтонд Тирсон донаҳои ашки ту ҳам.
Ҳамчунон аскаре ҷиҳод намуд Ҳамраҳи аскарон дуои ту низ; Сахт тарсонда буд гоҳи ҳуҷум Хасмро ларзаи садои ту низ.
Нигаҳи пурғами ту ҳам пар зад Дар самоҳо гаҳе чу тайёра, Гоҳ оташ гирифтаву афтод Аз барои наҷоти сайёра.
Ҳамчунон аскаре хаёли ту низ Гашта гоҳе асиру гаҳ мераст.
Гаҳ дилат мешикаст аз хабаре, Гоҳ медод хасмро чи шикаст.
Ларзаҳо мефитод бар ҷонат Дар паси сандалӣ зимистонҳо, Ҳамраҳи аскарон туро озурд Барфборону тирборонҳо.
Буд аз номаи сиёҳи писар Шабу рўзат чаҳор сол сиёҳ, Буд мўят сиёҳу шол сафед, Гашт мўят сафеду шол сиёҳ.
Бас умедат мисоли аскарҳо Куштаи ҷанги беамон гардид, Бин, ки тиру камон чи сонат кард – Қадди чун тири ту камон гардид.
Ман чи гўям, ки аз ҳама афзун Лоиқи достони ҷанг туӣ, Аскари бенишону беунвон, Аввалин қаҳрамони ҷанг туӣ.
Ҷиҳоз
Набудаш ҳеҷ кас дар рўи олам, Ҳақиру зору танҳо буд кампир, Шикаста умр тири қоматашро, Зада бар синааш ҳар лаҳзае тир.
Рабуда ҷанг фарзанди ягона-ш, Бимонд ўро ба чанги қисмати шум, Бишуд бо орзў чун хок фарзанд, Бишуд аз орзў ў низ маҳрум.
Бад-ин минвол умрашро ба сар бурд, Надида рўзи неки зиндагонӣ, Гули умраш хазон гардид шоме, Накарда дар баҳоре гулфишонӣ…
Чу бикшоданд ҳамқавмони кампир Ягона сандуқаш рўзи ҷаноза, Фиғони ҷумла шуд аз сина берун, Аламҳои ҳама гардид тоза.
Ду қисмат карда буд кампир дар он Тамоми бурдаву овардаи худ:
Ба як нимаш – ҷиҳози тўйи фарзанд, Ба як нимаш – ҷиҳози мурдаи худ.
Ҳукми айём
Дилсиёҳони қасрҳои сафед Бозӣ доранд бо замину замон, Тўби футбол гўиё бошад Кўраи арз пеши поҳошон.
Он як артисти беҳунар имрўз6 Ҷилва дорад ба саҳнаи олам, Хоҳад аз ин «ҳунар» шавад машҳур, Карда бозӣ ба қисмати одам.
Ҳамчу чуғзе ба раъйи худ имрўз Бол дар баҳру бар задан хоҳад, Кунҷи вайрона хоҳад оламро, Рўи он шод пар задан хоҳад.
Хайли бинандаҳои безавқе Низ мебошад андар ин толор, Ки ба ин саҳна мезанад чак-чак, Шодмон аст аз ин «ҳунар» бисёр…
Эй ҳунарманд мардуми дунё, Эй ҳаводорҳои илму ҳунар, Илму фарҳангу оламу одам Хор мегардад аз чунин манзар.
Ин ҷаҳон аст саҳнаи зебо, Коргардони ўст ақлу хирад.
Хайли артистҳои ношудро Ронд аз саҳнаи ҷаҳон бояд!
Индира Ганди Ў сараввал буд модар.
Метавонист аз раҳи қисмат агар, шир мекард оби поки Гангрову сер менўшонд кўдакони гушнаи Ҳиндустонро.
Ў падар буд, хонадони беназиреро падар буд.
Метавонист аз раҳи заҳмат агар, сери нон мекард ҳатман гушнаҳои сер аз ҷонро.
Оре, умре буд модар, дар сари гаҳвораи мулкаш ҳамеша буд бедор;
6 Президенти вақти Амрико Роналд Рейган ҳунарпеша буд.
тифлҳоро ёд медод аз дилу ҷон хоби ҳушёр, то дигарбора нахобад бахти навбедори кишвар.
Ў падар буд, то ба сар буд; ў ба мардум ҳамчу бар тифлони худ размоварӣ медод ёд, то ки рўзи бад барои мом бархезад ба ҷанг, то ки рўзи бад барои мулк бинмояд ҷиҳод.

пешина
аз 235
навбатӣ