Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бе замин Ҳар шабе тарсида мехезам зи хобам, Сар гарону дил ҳазину чашм пурнам, Боз мебинам, ки дар рўи Заминам, Лек, гўё бе Заминам, бас ҳазинам.
Боз бинам: буда барҷо бистари ман, Хонаи ман, ҷумла девору дари ман, Партавафшон дар фалакҳо ахтари ман, Интизори мисраи нав дафтари ман.
Карда шукри беҳудуде ону инро, Бо ҳазорон шукр мебўсам Заминро, Қуввати дилҳои мо бошад чу модар, Бо Заминиаш само бошад чу модар.
Худ ба худ гўям, ки бе ў мо чи моем, Бе Замин мо чаппагардон дар ҳавоем, Чаппагардон…
Дасту по бе такягоҳе, Мо муаллақ бо ҳазор афсўсу оҳе…
Чашми мо ҳайрон дар он сайёразор аст, Ку Замин? Эй вой, як мушти ғубор аст!
Ку замон? Гум гашта чун набзи маризе…
Ку макон? На нақш, на чизе, на изе…
Ку мадоре, хештанро боздорем?
Ку қароре, пои худ бар ҷо гузорем?
Мепарему мепарем аз дори ҳастӣ, Ҳайфи ин парвоз – парвозе ба пастӣ…
Чашмҳои ахтарон сарданду кўранд, Ахтарон бегонаанд аз мову дуранд…
Мо сарозерем андар чоҳи кайҳон…
Ҳайфи дунё…
Ҳайфи дилҳо…
Ҳайфи инсон…
Бе Замин, эй аҳли одам, мо чи моем?
Бе Замин мо чаппагардон дар ҳавоем!
Такягоҳи охирини мо Замин аст, Зинда доремаш – умеди мо ҳамин аст…
Че Гевара Панҷаҳояш буд гўё мазраи уммеди халқ.
Панҷаҳояшро буриданд, то чу дарёҳо рагу пайҳои дасташро ҷудо созанд, ҳар якеро ҳамчу як дарё ҷудо созанд, то замини панҷаҳояшро насозанд обёрӣ – хушк монад то ки фардо мазраи уммеди халқ.
Панҷаҳояш буд ҳамчун минбари халқ.
Панҷаҳояшро буриданд, то биафтонанд халқашро зи минбар, то бигардад ғарқаи хун минбари халқ.
Ҳар як ангушташ чу роҳи бепаноҳон буд, баҳри будан чун гувоҳи бепаноҳон буд.
Панҷаҳояшро буриданд, то ки халқаш боз ҳам бе раҳнамо раҳгум занад, роҳи истиқлоли худро гум кунад.
Панҷаҳояш буд мушти беамон.
Панҷаҳояшро буриданду гумон карданд дасти ў бидуни панҷ ангушт сўи онон – муштзўрони диёри ў – нахоҳад шуд дигар мушт.
Аз куҷо донанд аммо муштзўрон:
мушти ўеро, ки ҷонаш бар лабонаш омада, натвон кушод; мушти мардум нест қулфи хонаи мардум, ки битвонанд ин дуздон басо осон кушод.
Панҷаҳояшро буриданд, то нагардад панҷаҳояш мушт бе ангушт…
Бехабар буданд:
зидди муштзўрон монд дар сина дили ў ҷовидон мушт.
Дили ҷаҳон Дили ман нест булбули шайдо, То кунад нолаҳо ба боғу чаман, Дили ман ҳаст арсаи пайкор Аз пайи ҳифзи нангу номи Ватан.
Метапад бо ғаму хаёли ҷаҳон, Гашта саршор аз ғаму ташвиш, Гаҳ дар ў мешавад касе маҷрўҳ, Гаҳ дар ў мекунад касе нолиш.
Марди исёнии фидокоре Мекунад инқилобҳо дар ў, Ногаҳ аз по фитодаву зи алам Мехўрад печутобҳо дар ў.
Андар он аскарони озодӣ Хун бирезанд баҳри сад кишвар, З-ин сабаб андар он зи ҷўи пуроб Ҷўи пурхун ҳамест афзунтар.
Эй дареғ, андар ўст қиматтар Пораи нон гаҳе зи пораи ҷон, Модаронанд синачоку хиҷил Пеши чашми гурусна фарзандон.
Муштзўре зи худ кунад ҳар дам Ватани дигарон чу беоре, Лек овора аст рўзу шабон Ҳамчунон бе ватан ватандоре…
Алғараз, ин замон, ки сайёра Чун фидоии тирхўрда бувад, Дили ман зидди муштзўронаш Ҳамчу мушти гиреҳ фишурда бувад.
Битапад бо ғаму хаёли ҷаҳон – Ҳамдилу ҳамгили ҷаҳон бошад, Аз барои ҷаҳон ҷиҳод кунад, Дили ман не, дили ҷаҳон бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё