Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Равам раҳ қад-қади ҳар сатр мушкил, Равам гўё ки бо норафта роҳе,
Надорам такя ҷуз бар хомаи худ, Наҷўям ҳамчу деҳқон такягоҳе.
Сари ҳар мисраам бошад сари марз, Ман аз ин хубтар маъво надорам, Ки деҳқон бе замин дунё надорад, Ки ман ҳам бе сухан дунё надорам.
Доктор Иржи Бечка5
Худаш чун қуллаю мўи сафедаш меғи кўҳистон, Хаёлоташ парешон аст ҳамчун абри тобистон.
Сухан мегўяд аз Фирдавсию аз Рўдакӣ бо ман, Хаёлам, ҳамзабон будаст ў аз кўдакӣ бо ман.
Ба дил дорад ҳазоронсола сўзу сози тоҷикро, Намедонад кам аз тоҷик рамузу рози тоҷикро.
Бувад дилсўз фарзанде, ки дар ҳар ҷою ҳар ҳолат Гаҳ аз тақдири ў болад, гаҳ аз тақсири ў нолад.
Ба ёди чашмҳои Рўдакӣ аз чашмаш об ояд, Ба ёди ҳар хирадманди закӣ аз чашмаш об ояд.
Ҳанўз озорҳои Саъди Салмон дар хаёли ўст, Дару деворҳои Оли Сомон дар хаёли ўст.
Ба ҷоми чашмҳояш гаҳ бубинӣ сурати Ҷомӣ, Бубинӣ гаҳ Ҳилолиро ба он хорию нокомӣ, Ба дил бигрифтааст ў захмҳои пушти Айниро, Кашида то Урупо ҷўяҳои кишти Айниро.
Ту гўӣ, гирд овардаст ў буду набуди мо, Садо бидҳад дар ин манзил забони чун суруди мо, Пур аз осори тоҷик бас варо ҷевону айвон аст, Хаёлам, хонаи ў гўшае аз Тоҷикистон аст.
Нагўям ўст як фарзонаи боному нанги чех, Ки омад бар забон ин лаҳза моро гўиё таърих.
Набошад интизори ҳайкале ин ҳайкали дониш, Ки марди моили дониш набошад моили хоҳиш.
5 Муҳаққиқ ва мубаллиғи маъруфи фарҳанги Тоҷикистон дар Аврупо Қатори оқилону фозилони пурдили тоҷик, Қатори бузрукони то кунун беҳайкали тоҷик Яке донишвару фарҳангии беҳайкалаш хондам, Зи санги кўҳи тоҷик дар хаёлам ҳайкалаш мондам.
Мактаби қаҳрамон
Ту гўӣ, мактабаш худ ёдгори ўст, Дар ин ҷо бешумор аз ў нишон монда.
Нигоҳи чашми сери кўдакон гўяд:
Ҷавониҳош дар ин ҷо ҷавон монда.
Сабақҳо кард азбар, хешро бишнохт, Паси як парта баҳраш буд як дунё, Чу ҳар як тифли донишҷў дар ин маъво Басо дида навозишҳову коҳишҳо.
Ба ҷои ў ба пушти партааш ин дам Нишинад он, ки аъло ҳамчу ў хонад, Баландии баҳои дониши худро
Баландии баҳои ҷони ў донад.
Чу ў танҳо бихонад бо баҳои панҷ, Касе донад баҳои дони гандумро, Баҳои панҷ гирад он, ки медонад Баҳои хону нону ҷони мардумро.
Дар ин ҷо боз расме ёдгори ўст – Гувоҳи беҳтарини расми хушномон, Ки тифлонро сабақ бидҳад басо сода Зи розӣ кардани кишвар ба нархи ҷон.
Нишони панҷгўша дар сари гўраш
Нишони эҳтироми сарзамини ўст.
Нишони панҷгўша – ахтари тилло
Баҳои имтиҳони охирини ўст.
Сабақ
Гарчи мобайни мову сангарҳо
Он замон буд бешумар фарсанг,
Мо ҳама будаем ҷанговар,
Мо ҳама – кўдакони баъд аз ҷанг.
Ҷумла таърихи кишвари худро
Нафақат аз китобҳо хондем,
Аз тани пурҷароҳати падарон
Мо варо бо азобҳо хондем.
Баски бо мо забондарозӣ кард,
Шуд забонкўтаҳ эй басо душман,
Бо забони дароз омўзем
Аз падарҳо кунун забони Ватан.
Беҳтарин дарсҳои ҷуғрофӣ
Буд шаҳроҳи ҷангии онҳо,
Ки ҷаҳонро намуд пеши назар
Бо бузургии вусъату паҳно.
Бо басо фахр меҳисобидем:
Бувадаш рўи сина чанд нишон –
Ҷумла омўхтем дарси ҳисоб
Аз ҳисоби нишонаи падарон.
Сабақи умдаи падарҳо монд
Ин замину замони баъд аз ҷанг,
Наравад умрбод аз хотир
Сабақи кўдакони баъд аз ҷанг.

пешина
аз 235
навбатӣ