Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пеши чашмон охир ў Ганги муқаддас шуд, оқибат омехт бо оби равонаш.
Аз барои мардуми Ҳиндустон умре дилаш месўхт, аз барои мардуми Ҳиндустонаш сўхт охир ҷисми беҷонаш.


То Ватан барпой бошад доимо, Эй басо аз по фитоданд аскарон.
То наафтад ахтари иқболи ў, Ахтари онон фитод аз осмон.
Бедареғ аз по фитоданд аскарон, То бимонад осмон исторазор.
Ин замон бошад ба ҳар кунҷи Ватан Рўи гўри аскарон исторазор.
Шодам аз мардии мардони Ватан, Лек фикре мекунад дардам фузун:
Дар мазори аскарони ҷонфидо Менамояд ҳар ситора ғарқи хун.
Ҳар ситора хун бигиряд гўиё Бо ғами истораҳои одамин, Аз сари шаб то саҳар анвор не, Мечакад хуни ситора бар замин.
Дар мазори аскарони ҷонфидо Ахтари худро ба ёд орам мудом, Баски ман ҳам аскари ин кишварам, Баски ҳастам умри ононро давом.
Мекунам фикри амонии Ватан, Баски мебошам ба роҳаш аскаре.
Лозим ояд, меравам бар ҳифзи ў, То наафтад аз самояш ахтаре.
Сарбози пир
Садои раъд чун ояд зи гардун, Биёяд раъшаи пиронаи ў, Чунин гирад, ки аз нав душмани дун Ба майдон шуд барои хонаи ў.
Ҳавои сарди боронӣ биёрад Ба ҷони хастаи ў ранҷи бисёр, Хаёлаш, ин замон борон наборад, Биборад тир рўи бому девор.
Ба рўи синааш ҷо карда сарбоз Пурахтар осмони қисмати мо, Камони пушташ огоҳӣ диҳад боз Адўвонро аз он размовариҳо.


Рафт аскар зи деҳа бо сари хам, Мурдаву зинда буд бар дўшаш.
Борхалта хамонд қадди варо – Бори оянда буд бар дўшаш.
Рафт ў аз барои ҳифзи Ватан, Пуштибонии нокасу кас кард.
Баҳри хору хасаш зи ҷон ҷангид, Ў Ватанро басо мушаххас кард.
Ҷанг кард ў барои ҳар деҳа, Дар раҳи ҳар ваҷаб замин хун рехт, Шуд гурезон аз ў адўи лаин, Ҳама диданд – аз ў аҷал бигрехт!
Хуни ў барабас нарехта буд, Пайи хунаш чи лолаҳо рўид.
Рўзҳои бадаш бабод нарафт, Зинаҳо гашт то ба рўзи саид.
Ройгон хам нагашт низ қадаш – Ў ба мову ту сарбаландӣ дод.
Ба сипоси хазони чеҳраи ў Наравад он баҳор ҳеҷ аз ёд.
Дар гусели аскарбача
Ба ин тану дили ҷавон ту бонии ҷавониӣ, Ту зиндагӣ бино кунӣ, паноҳи зиндагониӣ.
Ту аскари амониӣ, замона дар паноҳи туст, Ситораи умеди мо ситораи кулоҳи туст.
Мисоли ту ба зиндагӣ ҳама ситорадор бод, Ба бахти ту, ба бахти мо само ситоразор бод!
Барои мост ёдгор басо камин дар ин замин, Камон магир ҳеҷ гоҳ, набин ту ҳеҷ гаҳ камин.
Ду соли хидматат шавад ду соли шодиву умед, Ду сол аз барои мо навис номаи сафед.
Ду соли хидматат шавад ду соли пурсаодате, Ду соли пурсадоқате, ду соли пуршуҷоате.
Бубар дили пурорзў, биёр нангу ору ном, Бирав ҷавони навхате, биё чу мардаки тамом.
Ҳамеша мисли номаат сафед бод роҳи ту, Шавад ҳамеша нурбор ситораи кулоҳи ту.
Мисоли ту ба зиндагӣ ҳама ситорадор бод, Ба бахти ту, ба бахти мо само ситоразор бод!
Се тақлиди Есенин


Ту, эй ҷонону эй ҷононаи ман, Мапурсам: аз ҷанубам ё шимолам, Бипурсам: дар чи фикрам, дар чи ҳолам, Ки ҳастам бо ту ман ҳамҷону ҳамтан, Ту, эй ҷонону эй ҷононаи ман.
Мапурсам: аз ҷанубам ё шимолам, Ба ҳар ҳолат туро ҳамреша ҳастам, Касе бошам ман, аз бахти ту мастам, Ту бадбахтӣ агар, ман ҳам малолам, Мапурсам: аз ҷанубам ё шимолам.
Бипурсам: дар чи фикрам, дар чи ҳолам, Ба ҳар аҳвол ман фикри ту дорам, Ба ҳар ҷое, ки бошам, бо ту ёрам, Мадеҳ ту аз маҳал дигар саволам, Бипурсам: дар чи фикрам, дар чи ҳолам.

пешина
аз 235
навбатӣ