Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҳама аҳсану офарин мехонанд.
Гесў
Эй шоҳ, зи ҳимматат ҷаҳон пур,
Аз ҳарфи адолатат замон пур,
Гар бидҳӣ иҷозатам…
Хусрав
Бифармо.
Гесў
Бахшо сухани пуроҳ бар мо…
Як зумра зи Борбад баҷонанд,
Дидан ҳунараш наметавонанд!
Ширўя маънидор ҷониби Саркаш менигарад.
Ноҷўр намуда сози ҷўраш,
Ҷустанд зи ҷўри бахт дураш.
Устод вале чу Борбад нест,
Ўро зи ҳасуд кор бад нест,
Ноҷўрии соз дур андохт,
Дидӣ, ки чи гуна ҷўр бинвохт!
Хусрав
Ин гуна кӣ буда ноҷавонмард?
Ўро сари дор метавон кард!
Саркаш ба гўшае пинҳон мешавад.
Борбад
Шоҳо, тарабат аз ин фузун бод,
Хасмат ҳама зору сарнагун бод!
Расмест миёни ҷумла манзур:
Ҷўянд ҳунар зи сози ноҷўр,
Ин лутф, ки «дўстон» намуданд,
Гўё ки як имтиҳон намуданд…
Хусрав
Ҳар кас, ки туро бисанҷад ин сон,
Бешубҳа, бувад яке бад инсон!
Борбад
Бодо ба Худо ҳаволаи бад,
Бад ғуссаи шоҳро наарзад!
Хусрав
Танҳо наӣ аҳли шодиву дард,
Ҳастӣ чи баҳиммату ҷавонмард!
(Ба ходимон)
Резед ба ҷомҳо майи ноб,
Гардем зи зўри тоза шодоб,
Бодо ҳунари диёр барҷо
Бо Борбаду навои зебо!
Ҳама машғули хушҳолӣ. Саркаш назди Борбад меояд.
Саркаш
Куштӣ ту бемуҳобо
Бе тир хасми худро!
Бурдӣ тамом ҳушам,
Баҳри ту ман бинўшам!
Бо Борбад қадаҳҷанг мекунад. Борбад созашро як сў мемонад, Саркаш, аз ин фурсат истифода бурда, ба ҷоми ў заҳр мерезад. Гесў, ки ин манзараро назора дорад, зуд расида, ҷомро аз дасти Борбад мегирад.
Гесў (ба Саркаш ишора намуда, ба Борбад рў меорад) Дар ў бадӣ биҷўшад!
Борбад ҳайрон мешавад. Гесў ҷоми ўро ба Саркаш медиҳад.
Бигзор, худ бинўшад!
Ҳама дар атрофи онҳо ҷамъ мешаванд.
Шоҳ низ таваҷҷўҳ мекунад.
Хусрав
Он ҷо чи кору савдост?
Гесў
Хасмии ошкорост!
Хусрав
Хасмӣ?
Бале, дар ин ҷом
Заҳр аст!
Заҳр?
Бадном
Саркаш ба бода омехт!
Бояд ба дораш овехт!
Кори ту аст?
Шоҳо!
Аз туст?
Ин гувоҳо!
Менўшиаш худ акнун!
Шоҳам!
Бинўш, малъун!
Шоҳо, бубахш ўро…
Гесў
Хусрав
Гесў
Мусиқии мудҳиш.
Овозҳо
Хусрав назди онҳо меояд.
Хусрав (ба Саркаш) Саркаш (ба зону мезанад) Хусрав (ҷомро ба даст мегирад) Саркаш
Хусрав
Борбад
Хусрав
Бадкори зиштхўро?!
Ноҷўр кард созат,
Шуд аз пайи гудозат,
Боз авфи ў бихоҳӣ?!
Борбад
Ин аст расми шоҳӣ…
Хусрав
Бахшидани хатокор
Расм аст, лек як бор!
(ба Саркаш ишора мекунад) Инро гунаҳ зиёд аст!
Борбад
Инак, зи по фитодаст…
Саркаш
Ширўя дод заҳрам,
Афзуд бухлу қаҳрам,
Гуфто, ки Борбадро
Бояд кушем…
Ширўя
Расво!
Инкора нестам ман!
Ўй аст, ўй душман!
Хусрав (ба Ширўя) Ҳайфи ту, гар чунинӣ,
Бо бад агар қаринӣ!
Эй баднажод, эй паст,
Модарнадида тифл аст
Ширўя!
Ту – ҳунарманд!
Ҳайфи ту бод даҳчанд!
(ба Саркаш) (ба сарбозон) Ин ҳардуро биронед!
(ба мардум) Эмин зи бад бимонед!
Меравад. Суруди Борбад танинандоз мешавад.
Борбад
Ҷаҳон аз некӣ обод аст, эй дўст,
Бикун неку бубин – некӣ чи некўст!
Бигўӣ: кист дилҷўи замона?
Фақат ўе, ки некӣ ҷуст, дилҷўст!
Бадӣ дар олами фонӣ чи ҷўӣ,
Накўӣ кун, накўӣ кун, накўӣ!
Ба некӣ хонадат ин сабзаву гул,
Навои ҷўйбору сози булбул,
Бубин бар обрўи некномон,
Ки аз худ мондаанд ин рўду ин пул.
Бадӣ дар олами фонӣ чи ҷўӣ,
Накўӣ кун, накўӣ кун, накўӣ!
Зи дилҳо дур кардан ғам накўист,
Будан ҳамдард бо одам накўист,
Аё эй дил, ки гўӣ: чист некӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё