Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бадӣ бо кас накардан ҳам накўист!
Бадӣ дар олами фонӣ чи ҷўӣ,
Накўӣ кун, накўӣ кун, накўӣ!
Саҳна торик мешавад.
Саҳнаи 10
Мусиқии ваҳмангез…
Борбад дар саҳнаи гирдгардони мудҳиш саргардон аст…
Дўст дучораш меояд.
Дўст
Аё ҳамдил, чаро по дар гилӣ ту?
Чаро ин ҷоӣ?
Оё ғофилӣ ту,
Ки Хусрав шуд ҷудо аз тоҷу тахташ,
Диҳад навмева фармон бар дарахташ…
Ба дод оварда Ширўя ҷаҳонро,
Намуда тангҷон мулки каёнро,
Талаб азбас зи Ширин ком карда,
Зи ҳасрат заҳр ў дар ҷом карда…
Барои ҷоҳ дар ҳар ҷой ҷанг аст,
Кушод ин мулк, ҳолаш лек танг аст!
Далели беради хомист ин сўз,
Яқин, оғози анҷомест ин рўз,
Ки ахтарҳо намегўянд норост:
Зи саҳрои Араб хоҳанд бархост
Гурўҳе ҷони меҳанро бикоҳанд,
Навоҳо ғайриэронӣ бихоҳанд…
Аё эй Борбад, эй нохунат хун,
Аз ин дўзах бирав, худро раҳо кун!
Тире Дўстро аз по меафтонад…
Гесў меояд.
Гесў
Аё эй Борбад, меҷўямат ман,
Бирав з-ин ҷо, ки бар тахт аст душман!
Борбад
Дареғи мо, дареғи меҳани мо,
Ки вайрон гардад аз мову мани мо!
Навогар, эй накўфарҷом Гесў,
Зи ҷону дил таманно дорам аз ту:
Бимон инро ба ман, бар Исфаҳон рав,
Ба мулки додаи Ширин ниҳон рав!
Гесў
Фақат бо ту, фақат бо ту, азизам!
Борбад
Мароӣ беҳ зи дунё ту, азизам
Ва бояд з-ин ҳама эмин бимонӣ,
Ки аз ишқи азизи ман нишонӣ!
Чуноне дар садаф гавҳар нуҳуфта,
Нишони умри ман дар туст хуфта!
Гесў
Кунам тифли туро ман ҳифз бо ҷон!
Борбад
Ба ғайр аз ў надорам ҳеҷ армон!
Агар ман дар дами боди фаноям,
Бимонад тифламу созу навоям!
Садои аспу ароба ба гўш мерасад.
Гесў
Бидон – ман чашм дар роҳи ту ҳастам!
Борбад
Дилогоҳам, дилогоҳи ту ҳастам!..
Гесў меравад.
Садои аспу ароба баланд ва баъд батадриҷ паст мешавад.
Мусиқии мудҳиш суръат мегирад.Борбад бехуду мабҳут дар саҳна чарх зада, охир ба гўшае
мерасад, ки
рамзан боргоҳи Хусрав аст.
Ҳама ҷо хароб, тахт сарнагун,
Хусрав дар гўшае шикастадилу маҳзун.
Борбад
Чи шуд, хусраво, тахту гоҳи туро?
Хусрав
Сазо дод тақдир шоҳи туро,
Ки ман душман аз дўст нашнохтам,
Бад-ин содагӣ тоҷи худ бохтам...
Нанолам зи душман, ки фарзанди ман
Зи бехам буридасту пайванди ман.
Ҷаҳон талх ин дам дучандон бувад,
Ки Ширини ман ҷисми беҷон бувад…
Ҳама ҳамдамонам парешон шуданд,
Буридасару зору сарсон шуданд.
Аз ин ҷо бирав низ, эй Борбад,
Ки дунё-ст з-ин баъд кирдорбад,
Ҳама ганҷи ман рафт барбод, ҳон!
Мусиқии мудҳиш шиддат мегирад.
Садои задану шикастану доду фиғон баландтар мешавад.
Ту, эй охирин ганҷам, эмин бимон!
Мусиқии мудҳиш ва садоҳои ваҳмангез давом мекунанд.
Зимни он ҳама марсияи Борбад ба гўш мерасад.
Борбад
Эй войи ин мулки бузург,
Мулки далерони сутург,
Як нима – дар коми шағол,
Як нима – дар чанголи гург!
Эй войи тоҷ, эй войи тахт,
Шуд дор охир ин дарахт…
Эй войи фарри хусравӣ,
Эй войи ин воруна бахт!
Яздон бувад дар ҷони ман,
Шайтон ба ҷони ман мабод!
Ин панҷа ҳаргиз нағмазан
Бар душмани меҳан мабод!
Ангуштонашро мебурад…
Аз шиддати дард ба хеш мепечад, дар саҳна чарх мезанад, саҳна гирди ў чарх мезанад, сарбагардуну сарнагун мешавад…
Аз тахту тоҷам хастадил,
Аз қисматам бишкастадил,
Ҳамчун мане дилбастаро
Дигар наёбӣ растадил…
Созам нагирад пушти ман,
Бубрида панҷ ангушти ман,
Ин панҷа бодо то абад
Сўи бадиҳо мушти ман!

пешина
аз 235
навбатӣ