Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Хусрав
(ба ходимон)
Ду фарсах дар ду фарсах боғ созед,
Дили Ширини ширинро навозед!
Биёред аз тамоми чорпоён,
Наёбад қиссаи ин кор поён…
Бувад то Борбадро зинда ин соз,
Дар ин созаш бувад Шабдиз дартоз!
Саҳнаи 8
Боғи шоҳ. Борбад сайругашт дорад.
Борбад
Пок Яздон, кардаӣ ризқи маро аз савту соз,
Шукри ризқи додаат, эй рўҳи пок, эй дилнавоз!
Он мабодо завқро то хок поён оварам,
Деҳ мадорам, завқҳоро то фалак боло барам!
Аз Варазрўзу Хуросон савту созам сар кашид,
Савти мулкам болу пар то моҳу то ахтар кашид!
Чун мароми савту сози банда инсонофарист,
Покҷонӣ, пурдилӣ, инсофу нангу бофарист,
Нек гўям шоҳро, то некиаш гардад зиёд,
Шоҳ одил бод, некўхоҳи мулки хеш бод!
Ман ҳасад бар кас надорам, нест ҳоҷат бар ҳасад,
Роҳ накшоям вале ҳаргиз ба савту сози бад!
Саркашу Фитна меоянд.
Фитна
Бубин, оҳанги боғи шоҳ дорад,
Сароҳанги замон худро шуморад!
Саркаш
Сари оҳанги ўро бишканам ман,
Саросар торҳояш барканам ман!
Борбад
Чи савдо?
Ман нафаҳмидам…
Фитна
Бифаҳмӣ!
Нафаҳмӣ гар, яқин дар банди ваҳмӣ!
Саркаш
Борбад
Мадеҳ тарсам чунин бехеш…
Саркаш
Ҳоло
Бувад ин андаке огоҳии мо!
Борбад
Ҳадаф чист?
Фитна
Аз худат пинҳон набошад!
Касе чун ту чунин нодон набошад!
Туӣ мақсад, накў фаҳмидам акнун!
Борбад
(ба Саркаш)
Саркаш
Ту бо ман душманӣ!
Борбад
Мебош мавзун,
Ки моро бо ягон кас душманӣ нест,
Ҳавои бар касе сангафканӣ нест!
Саркаш
Чаро бо шоҳ бад гуфтӣ маро пас?
Борбад
Нагуфта бад ба назди шаҳ туро кас!
Бигуфтам ман зи савти тозаи ту,
Ки дархур нест бо овозаи ту,
Бад аст он савт, кай дилро навозад,
Аз ин бад – завқҳоро паст созад!
Ноаён Ширўя меояд ва ҳамоно ба суҳбат ҳамроҳ мешавад –
маълум, ки аз оғоз бо онҳо будааст.
Ширўя
Ба Саркаш баъд аз ин сарвар наӣ ту,
Ба савту сози ў довар наӣ ту!
Борбад
Сароҳангам ману гар шаҳ бихоҳад,
Бигўям пеши ў аз неку аз бад,
Бигўям нек оҳанги накўро,
Нагўям нек ҳаргиз ҳарзагўро.
Муродам ин ки савти паҳлавонӣ
Бимонад пурсадову ҷовидонӣ!
Ширўя
Фаромўшат мабодо қаҳру кинам,
Ки баъди шоҳи ту ман тахтшинам!
Агар хоҳам, ҳама созат бимирад,
Ба ҳабси ҳалқ овозат бимирад!
Борбад
Ба дунё рафтааст, эй бахтравшан,
Дигар овози ман, овозаи ман,
Ман аз ин рост роҳи худ нагардам,
Бувад дар пеш агар сад ранҷу дардам!
Ба шоҳзода нимтаъзим карда, меравад.
Ширўя
Ҷазои хуби хамнокардагардан
Бувад…
Фитна
…сози варо ноҷўр кардан!
Саркаш
Бале, сози варо ноҷўр созем!
Ширўя
Зи лутфи шоҳ ўро дур созем!
Саҳнаи 9
Базмгоҳи шоҳ. Созҳои мусиқӣ рўи курсиҳо гузошта шудаанд. Мусиқии маҳине садо медиҳад.
Саркаш, чор тарафро аз назар гузарондаву бехабар аз он ки рафторашро Гесў назора дорад, ҷўри
сози Борбадро мегардонад. Мусиқӣ ноҷўру дағал мешавад.
Саркаш
Ноҷўр намудамаш…
Ба ноҷўр
Мумкин набувад задан наво ҷўр!
Ин ҷост чу базми шамъравшан,
Имкон набувад ба ҷўр кардан.
Чун Борбад оварад ба ин рў,
Шармандаи даҳр мешавад ў!
Меравад. Мусиқӣ давом мекунад. Шоҳу аҳли рикобаш меоянд ва базм оғоз меёбад. Борбад,
баробари нохун ба созаш задан, ноҷўрии онро эҳсос мекунад ва ба усули навозиши сози ноҷўр ба
ҳунарнамоӣ мепардозад.
Хусрав
Аҳсан, Борбад, ҳазор аҳсан!
Борбад
(хиҷолатманд таъзим мекунад)
Кори аҷабе нарафта аз ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё