Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мусиқӣ авҷ мегирад.
Саҳнаҳои гирудор пеши назари Борбад ҷилвагар мешаванд.
Шуд он кина охир ҷаҳонӣ алам:
Кай оянд Эрону Тўрон ба ҳам?..
Бисозам навое аз он даври хун,
Варо «Кини Эраҷ» биномам кунун!
Чу аз кини Эраҷ наво сар кунам,
Ҷаҳонро зи ашки алам тар кунам…
Садои даркўбӣ баланд мешавад, Ширўя меояд.
Ширўя
Дорем дарди афзун,
Эй Борбад, мадад кун!
Борбад
Хоҳам туро дили шод,
Ғам ёри душманон бод!
Ширўя
Аз даҳр рафт Шабдиз!
Борбад
Чун аст ҳоли Парвиз?
Ширўя
Хусрав хабар надорад,
Кас гуфтанаш наёрад
Ҷуз ту…
Борбад
Бигўямаш чун?
Ширўя
Кардем фикри афзун,
Охир бигуфт Ширин:
Бояд ту гўӣ аз ин…
(худ ба худ)
Ҳарчанд Фитна берўст,
Ин фитнааш чи дилҷўст:
Аз аҳди мудҳиши шоҳ
Ин сода нест огоҳ,
Чун ин хабар расонад,
Шаҳ зиндааш намонад!
(Ба Борбад)
Дорем умеди бисёр…
Ширўя сўи дар қадам монда, дар остона бо Гесў вомехўрад.
Борбад
(нимтаъзим мекунад)
Моем ҳамғами ёр…
Ширўя меравад.
Гесў
Чи мехоҳад ин нобакори ҷавон?
Борбад
Расонам хабар ман ба шоҳи ҷаҳон,
Ки Шабдиз мурда…
Гесў
Магў з-ин ба шоҳ,
Ба ноогаҳӣ марги худро махоҳ,
Ки ҳар кас расонад аз инаш хабар,
Ҷудо менамояд танашро зи сар!
Борбад
Набудам аз ин роз огоҳ ман…
Гесў
Бидону баногаҳ дар ин чаҳ мазан,
Ба ҷуз шодии шаҳ ба чизе макўш!
Борбад
Бигўям аз ин бобаташ пардапўш…
Борбад банди андеша мешавад. «Санги тар шуълафикан дар раҳи Шабдиз бувад» - ин мисраъро бо
чанд оҳанг замзама мекунад ва пас ба лаҳне хонда-хонда меравад.
Боргоҳи шоҳ. Хусрав бар тахт нишаста. Борбад меояд ва, таъзим карда, месарояд.
Борбад
Гуфта будем, ки рўшан раҳи Шабдиз бувад,
Санги тар ҳам ба раҳи ў шарарангез бувад,
Ҷилваи пурфараҳ ўро ҳама маҳмез бувад,
Ҷилвааш ҷумла хушу ҷумла диловез бувад.
Дигар инҳо ҳама дар хобу хаёли ману мост,
Хуштарин хотираҳои маҳу соли ману мост,
Боиси дарди дилу ранҷу малоли ману мост…
Чун раҳаш хотирааш низ чи гулхез бувад!
Наравад ў, нахурад об дигар, гул начарад,
Дар раҳи хеш дили бод ба тундӣ надарад,
Дар сари зини пурозин шаҳи моро набарад…
Ёди Шабдиз алами Хусрави Парвиз бувад!
Суруд қатъ мешавад,
оҳанги ҳазин каме идома ёфта, ҳолати Хусравро ифода мекунад.
Хусрав
Магар Шабдиз мурд?
Эй бахти хуфта!
Борбад
Ту худ гуфтӣ, касе инро нагуфта…
Хусрав
Бале, ин ҳарфи бад худ гуфтаам ман,
Ҳазор афсўси он шабранги рўшан…
Ба дил меҳри варо бинҳуфта будам,
Ба аҳли боргоҳам гуфта будам,
Ки ҳар кас пайки марги ў расонад,
Дигар як дам дар ин дунё намонад!
Ту лекин ҳила чун устод кардӣ,
Зи ҷабрам ҷумларо озод кардӣ.
Ба савти хеш кардӣ содаҷонам,
Бурун бинмудӣ ин ҳарф аз даҳонам…
Ҳазор афсўси Шабдиз – он диловар,
Ки дар разми зиёдам буд ёвар,
Ба ҳар разме, ки рафтам баҳри меҳан,
На як ҳамроҳ, ҳамдил буд бо ман!
Зи дасти бад, зи роҳи бад раҳонид,
Маро бар манзили мақсад расонид…
Зимни ин суханон батадриҷ аҳли дарбор ҷамъ меоянд.
Ҳама ҳазину ғамгинанд.
Ширин
Азизам, рафт Шабдиз аз бари мо,
Ғаминтар шуд дили ғампарвари мо.
Дареғ, он тезтак сайди аҷал шуд,
Аҷал дар роҳи ў санги халал шуд…
Ҳамон беҳтар, ки мо ёдаш намоем,
Ба ёдаш «Боғи нахчирон» кушоем,
Зи хайли чорпо он ҷо биёранд,
Ки аз худ нектар насле гузоранд.

пешина
аз 235
навбатӣ