Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

(ба Ширин)
Намебуд агар Борбад,
Ҳамебудам, эй вой, гуфторбад!
Бароят ду ҷў ваъда кардам сазо,
Фаромўш кардам вале ваъдаро…
(ба Борбад)
Ташаккур туро аз дили шод бод,
Ки хуш нуктаамро расондӣ ба ёд.
(ба Ширин)
Яке ҷонфидоям барои ту ман,
Ду ҷў мекушоям барои ту ман!
Базм давом дорад. Мутрибон менавозанд, ҳофизон месароянд, раққосаҳо ба ҷилва медароянд.
Ҳолаи нур Ширин ва Борбаду Гесўро равшан мекунад.
Ширин
Барҷой ба ёди шаҳ расондед,
Сўи амали хушаш кашондед,
Бунёд шавад агар ду ҷўяш,
Садчанд бигардад обрўяш.
Бедор шавад ду дашти хуфта,
Ду боғи навин шавад шукуфта…
Эй Борбад, эй ҳунарфаровон,
Шуд аз ҳунари ту мушкил осон!
Борбад
Ин аст ҳадаф зи созу овоз,
К-аз он шавад одамӣ сарафроз,
Ин даҳр ҳама чу боғ бошад,
Хуш ҳар дилу ҳар димоғ бошад!
Ширин
Подоши амал бигир аз ман
Ҷое, ки бувад чу боғу гулшан,
Мулке, ки ба шаҳри Исфаҳон аст,
Аз Борбади навофишон аст!
Гесў
Гўянд ҳама туро шакаррез,
Аммо туӣ, эй малика, заррез!
Борбад
Чун пир шавем мову Гесў,
Он сў бубарем раҳ зи бесў,
Аз лутфи ту шодмона бошем,
Фориғ зи ғами замона бошем!
Месарояд.
Ман, ки дар мулки наво «Мозандаронӣ» доштам,
«Меҳргонӣ» доштам, ҳам савти «Монӣ» доштам,
Кош аз ин хусравоин лутфи Ширин баъд аз ин
Бар забони завқ лаҳни «Исфаҳонӣ» доштам!
Ширин меравад.
Ҳолаи нур Борбаду Гесўро рўшан мекунад.
Гесў
Чи овое, ки дил мадҳуш бошад,
Саропоям бихоҳад гўш бошад!
Борбад
Накўтар бинамат то, эй биришта,
Саропои вуҷудам дида гашта!
Зи ишқи поки ту хушхонам, эй гул!
Куҷо гул бишкуфад бе сози булбул?
Борбад
Гесў
Борбад
Бувад се чиз Хусравро ба дунё,
Ки набвад ҳеҷ касро, эй дилоро:
Яке – Ширин, дигар – Шабдизи хуштоз
Ва сеюм – Борбад бо сўзу бо соз…
Вале сад шукри ин дунёи рўшан,
Ки дар дунё туро дорам, туро ман!
Гесў
Аз он рўзе, ки ҳастӣ дар бари мо,
Гирифт оташ зи нав хокистари мо,
Ҳунарвар бонувон, к-аз ишқ шоданд,
Чу ғунча рўй бар боди муроданд,
Ҳама бар созу сўзат вола гаштанд,
Ту маҳ будиву онон ҳола гаштанд,
Нахустин Мушкдона сина бигдохт,
Дилашро пеши ту Якдона ҳам бохт…
Борбад
Дилам шайдои ишқи туст лекин
Аз он рўзи нахуст, эй ёри ширин,
Бувад бо он тароват Мушкдона
Ба чашми дил, бубахшо, хушкдона!
Қарини дил ягон Якдона ҳам нест,
Сазои ҷон дигар ҷонона ҳам нест!
Гесў
Маро як орзў бошад ба дунё,
Ки дунёро кунӣ тасхири хунё!
Шавад дунё ба коми Борбад низ,
Адўяш ҷумла бошад корбад низ!
Борбад
Чу бахтам аз ҷамолат огаҳӣ дод,
Навои дилкаши «Сарви саҳӣ» дод;
Туро чун чашми ман афтод бар рух,
Зи илҳом омад ово «Шоми фаррух»;
Туро чун моҳ бар кўҳон бидидам,
Навои «Моҳ бар кўҳон» кашидам;
Маро ҳосил зи ишқат ком омад,
Зи «Фаррухрўз»-и ман пайғом омад…
Гесў
Хушам, бошам агар илҳомбахшат!
Борбад
Фидои дидагони пурдурахшат!
Навои борбадие баланд мегардад. Саҳна торик мешавад.
Саҳнаи 7
Борбад машғули оҳангсозист.
Борбад
Зи боби Фаридун – шаҳи бостон
Шунидам яке пуралам достон,
Бидидам: падар нахли бебар шавад,
Бародар чу хасми бародар шавад…
Навои ҳазине садо медиҳад.
Борбад ҳамоно машғули андеша ва навоофарист.
Фаридун чу Эрон ба Эраҷ бидод,
Дари кинаи Салму Тўраш кушод,
Аз он кина сад кини дигар расид,
Бурида сари Эраҷ охир расид…

пешина
аз 235
навбатӣ