Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба бахти шаҳам сарв ҳам пурнавост!
Саркаш
Хусрав
Биёред он сарвқадро!
Саркаш
(ба як тараф)
Фиғон!
Фитна
Аз ў мешавад сарви бахтат хазон!
Борбад аз дарахт поин меояд.
Хусрав
Бигў, кистӣ, эй ҷавон?
Борбад
Борбад.
Хусрав
Ба сарв аз чи гаштӣ ниҳон, Борбад?
Борбад
Ниҳон омадам, эй шаҳи комрон,
Ки пеши ту бошам ба ово аён.
Хусрав
Аён шуд, ки воло ҳунарвар туӣ,
Ба созу ба овоз бартар туӣ.
Намиранда дунёст дунёи ту,
Ки гирандадунёст хунёи ту!
Бихон боз чанде!
Борбад
Бихонам ба ҷон
Барои шаҳи пурдилу пуртавон!
Хусрав
(ба Гесўи Навогар)
Биё, эй хушандом Гесў, бирақс,
Дар ин созу овози некў бирақс!
Чашми Борбаду Гесў лаҳзае ба ҳам меафтад.
Борбад
(месарояд)
Дар фасли баҳор шод мебояд буд,
Бо рўю дили кушод мебояд буд,
Бо хории хеш низ бояд гул кард,
Яъне, ки зи худ зиёд мебояд буд!
Сўз аст ҳама рўзу шабон рўзии дил,
Меҳр аст чароғи оламафрўзии дил,
Аз олами тоза баҳри ёрони куҳан
Ишқ аст фақат паёми наврўзии дил!
Хусрав
(ба Борбад)
Аз ин болотарат созу наво бод,
Туро ҷуфти накў Гесўи мо бод!
Борбад, ба шоҳ таъзим карда, назди Гесў меравад
ва дасти ўро мебўсад. Ҳозирин хушҳолӣ мекунанд.
Садоҳо
Насибат аз ҷаҳон меҳру вафо бод,
Туро ҷуфти накў Гесўи мо бод!
Хусрав
(ба ходимон)
Барои Борбад хилъат биёред!
Сари хунёгарон ўро гузоред!
Саркаш
Ба ҷои ман?
Хусрав
Бале, арзанда аст ў,
На ахтар, ахтари тобанда аст ў!
Суруди тозае, инак, бихонад,
Ҳама андўҳи мо аз дил биронад!
Ба Борбад ишора мекунад, ки бисарояд. Мусиқӣ садо медиҳад.
Борбад
Дилбарию ҷонфишонӣ зинда бод!
Ҳамдами дил ёри ҷонӣ зинда бод!
Панди пирон бод моро раҳнамо,
Беғамиҳои ҷавонӣ зинда бод!
Ҳамдилонро зиндагӣ бодо ба ком,
Ҳамгилонро комронӣ зинда бод!
Дар ҷаҳони ҷоншикору ҷонситон
Дилшикорӣ, дилситонӣ зинда бод!
Ҳар куҷо бод ориёнӣ хушдимоғ,
Нангу ори ориёнӣ зинда бод!
Дар лаби мо, дар дили мо, хусраво,
Ин навои хусравонӣ зинда бод!
Ҳама
Дар лаби мо, дар дили мо, хусраво,
Ин навои хусравонӣ зинда бод!
Хусрав
Ин навои бостонӣ зинда бод!
Ин садои осмонӣ зинда бод!
Базм идома дорад.
Саркашу Фитна, муштҳояшонро гиреҳ карда, ноаён аз саҳна мераванд.
НАМОИШИ 2
Саҳнаи 6
Идомаи базм. Шоҳ сархуш аст, дар паҳлўяш – Ширин.
Хусрав
Чи ширинӣ, эй ёри ширини ман,
Бувад меҳру ишқи ту оини ман!
Ширин
Зи ту қимати ишқ боло бувад,
Ки гавҳар дар оғўши дарё бувад!
Хусрав
Чи мехоҳӣ, аз ҷон муҳайё кунам!
Фақат пеши шаҳ шукри дунё кунам!
Ширин
Хусрав
Чи мехоҳӣ, эй ҷон?
Ширин
Ҳама дилкаш аст…
Суруде нав аз Борбад бас хуш аст!
Хусрав каф ба ҳам мекўбад, Борбад наздашон меояд.
Хусрав
Суруде нав овар!
Борбад
Яке нав бувад,
Ба Ширин накў рози Хусрав бувад,
Зи ман бишнав алфози рангини хеш,
Зи Гесў – накў рози Ширини хеш.
Гесў пеш меояд. Ҳарду месароянд.
Борбад
Танҳо на туӣ ба ном Ширин,
Аз ишқи туям чу комширин.
Гесў
Чун тифлаки ширмастам аз ту,
Май ҳастиву майпарастам аз ту.
Борбад
Эй ширу шароби бебаҳоям,
Бо номи ту ман ду ҷў кушоям,
Гесў
То шир равон шавад ба як ҷў,
Дар ҷўи дигар – шароби дилҷў.
Борбад
Пас шод шавам зи рўи шират,
Бинам чу шароб дилпазират!
Ҳарду
Пас шод шавам зи рўи шират,
Бинам чу шароб дилпазират!
Хусрав
Тасанно!

пешина
аз 235
навбатӣ