Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Пора-ст!
Магир!
Борбад халтаро ба замин меафканад.
Бош боло!
Ҳаргиз мафурўш хештанро!
Фитна (ба Борбад) Ту роҳ ба боргаҳ наёбӣ!
Гирам, ки агар раҳе бикобӣ,
Дар хидмат агар равӣ ту бо сар,
Надҳад ба ту шоҳ ин қадар зар!
Борбад
Мақсад зи талош симу зар нест,
Ҷуз равнақи нозанин ҳунар нест,
Дар сояи лутфи шоҳи огоҳ
Хоҳам ба дили ҳунар барам роҳ!
Дўст (ба Фитна) Кардӣ, ба хаёли банда, даркаш,
Беҳ он ки кунӣ кунун ту таркаш!
Бо хеш бигир халтаатро,
Ин ҳосили ақли калтаатро!
(Халтаро бо нўги по сўи ў меронад)
Фитна (ба Борбад) Ман мераваму ту бош огоҳ:
Ҳаргиз нарасӣ ба хидмати шоҳ!
Халтаро бардошта, боқаҳр меравад.
Дўст
Бешак, бикунӣ ту ҷояшон танг,
Бинмуда ақиқу лаълашон санг!
З-ин рўй, харида посбонро,
Гумроҳ намуда ину онро,
Пешат биниҳанд садди афзун...
Аз роҳи талаб машав ту берун!
Мераванд.
Саҳнаи 4
Назди девори қаср.
Борбад ва Дўст бо Мардўй вомехўранд.
Дўст
Мардўй!
Мардўй
Азизи дил!
Ҳамдигарро ба оғўш мегиранд.
Дўст
Куҷоӣ?
Мардўй
Ин гуна ту низ камнамоӣ?!
Дўст
Дар Марви шариф будам, эй дўст!
Мардўй
Аз Марв шуниданам чи некўст!
Дўст
Ҳаст ин каси чеҳраву дилаш боз
З-он шаҳри шарифи созу овоз.
Мардўй
Баҳ-баҳ! Ба Мадоин омадӣ хуш!
Борбад
Шодам ман аз ин диёри дилкаш.
Дўст (ба Мардўй) Ў Борбад аст, аҳли соз аст.
(ба Борбад) Мардўй рафиқи дилнавоз аст.
Умрест чу боғбони дарбор,
Ин лаҳза ба мост сахт даркор!
Мардўй
Доред чи нақша дар Мадоин?
Дўст
Бояд, ки ба шоҳи некоин
Манзур шавад таронаҳояш,
Дарбор шавад дигар сарояш.
Мардўй
Мушкил бувад ин бас, эй азизон…
Дўст
Дидем ба чашм – нест осон…
Мардўй
Аз аҳли ҳунар бувад ба дарбор
Хайле, ки ба дасти ўст ҳар кор,
Аз ҳила намуда эй басо сад,
То бар дигарон раҳе набошад!
Дўст
Худ Борбад аст марди майдон,
Арзанда басо рақиби онон!
Мардўй
Донанд агар, варо намонанд…
Дўст
Аз омаданаш накў бидонанд!
Мардўй
Пас ҳила кунем низ бояд,
Бе ҳила чу кор нек н-ояд.
Ба чор тараф менигарад.
Рафтем барои чораёбӣ…
Дўст
Пайдо шавад он, агар бикобӣ…
Мераванд.
Саҳнаи 5
Наврўзгоҳ. Шоҳ бар тахт нишаста. Базм идома дорад. Борбад, бо маслиҳати Мардўй, саропо сабз пўшидаву сози сабз бар даст гирифта, байни шохсори нахли сарсабзе нишастааст. Ногоҳ ҳама садоҳоро савти сози Борбад ва баъд овози ў пахш мекунад.
Борбад
Аё эй андалеб, аз булбули шавқам садо бишнав, Навои ошноӣ аз лаби дилошно бишнав.
Бубин мурғи диламро бар фарози нахли сарсабзаш, Бикун сайёдро хомўшу аз ин моҷаро бишнав.
Саркаш (аз асли ҳол пай бурда, беқарор мешавад) Дареғо, расид аз қазо Борбад,
Яқин, шуд, Худоё, маро кор бад!
Борбад
Аз ин соз, эй дили пурғам, биёб эҳсоси ғамхорӣ, Аз ин соз, эй дили дардошно, рози даво бишнав.
Қарибо, аз қарибии дилу ҷонҳо наво бинюш,
Рақибо, саркашӣ бигзору оҳанги сафо бишнав.
Саркаш (як қад мепарад) Зи ман шиква дорад ба шоҳи ҷаҳон…
Мабодо расад пеши шоҳи шаҳон!
Борбад
Ба базмат, хусраво, то Зуҳраи заҳро ба рақс ояд, Ту аз авҷи Сурайё нағмае дар ин саро бишнав.
Агар нахле бихоҳӣ борвар аз меваи ово,
Ба боғат савти нахли сабз андар сабзро бишнав!
Суруд поён меёбад, вале наво идома дорад.
Аҳли базм ҳайрон-ҳайрон ба ҳам менигаранд.
Хусрав
Бигў, Саркашо, ин наво аз куҷост?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё