Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вале ман мекунам кўшиш дар ин роҳ,
Ки бошад шоҳ аз ин фарзона огоҳ…
Навои хуше баланд мешавад. Борбаду Устод, Дўстро гуселонда, моту мабҳути таклифи ў, дар
саҳна мемонанд.
Саҳна торик мешавад.
Саҳнаи 2
Дарбори Эрон. Садои мусиқиву нишот.
Раққосаҳо гирдобвор мерақсанд… Фитна Саркашро ба як сў мебарад.
Фитна
Аё устоди наво, Саркашо,
Бихоҳам туро бахти бебаркашо!
Ҳамин дам шунидам яке ҳарфи нав,
Зи сўзаш ба ҷонам дарафтод алав…
Саркаш
Натанҳо ба ному насаб Фитнаӣ,
Саропо ба пашму қасаб фитнаӣ!
Бигў ошкоротар он рози хеш,
Диламро аз ин беш манмо пареш!
Бигў зуду бепарда!
Фитна
Инак, шунав,
Зи сад қиссаи гуфтанӣ як шунав:
Зи Марв омада Борбад ном кас,
Яке бадситора, баданҷом кас…
Саркаш
Киясту чи мехоҳад?
Фитна
Эй вои мо,
Ки мехоҳад ў ҷои мо…
Саркаш
Ҷои мо?
Фитна
Бихоҳад ба дарбор маъво кунад,
Сароҳангии шоҳ даъво кунад!
Саркаш
Сароҳангӣ?
Фитна
Оре.
Саркаш
Чи сон орзў!
Фитна
Бале, инчунин орзў дорад ў!
Саркаш
Магар ин қадар ў рақиби қавист?
Фитна
Бале, булбули лаҳҷаи паҳлавист!
Саркаш
Раҳоӣ раҳе боядо бозҷуст…
Фитна
Раҳашро ба дарбор бастан…
Саркаш
…дуруст!
Набояд ба дарбор раҳ ёбад ў,
Раҳаш баст бояд ба ҳар роҳу рў!
Фитна
Биёбад зи шаҳ бор агар Борбад,
Марову туро мешавад кор бад!
Чи чора дар ин роҳ дархурди мост?
Канад дил зи дарбор агар, бурди мост,
Саркаш
Фитна
Саркаш
(баъди каме андеша)
Дили посбонон биёбем агар,
Наёбад раҳ ин ҷониб он бебасар!
Куҷо вақти баҳс асту чуну чарост?
Халтаи пурзарро, аз бағал бароварда, ба Фитна медиҳад.
Фитна
(халтаи зарро дар даст бозӣ доронда)
Ҳамин роҳбанду ҳамин раҳкушост…
Биёбам дили борсолорро,
Ки бандад барояш дари борро!
Саркаш
Зи парво шудан дур набвад дуруст,
Илоҷи дигар низ бояд биҷуст…
Маънидор ишора мекунад…
Мераванд.
Саҳнаи 3
Тарҳи даромадгоҳи қасри Хусрав.
Борбад ва Дўст меоянд. Посбонон пеши роҳи онҳоро мегиранд.
Дўст
Ин Борбад аст, ҷони бобо,
Беҷо ту мабанд роҳи ўро!
Аз Марв расида, соз бар даст,
Ҳофиз набувад чу ў забардаст!
Посбони 1
Кам гўй зи будашу набудаш,
Чун нест иҷозаи вурудаш!
Дўст
Бояд чи кунем, то шаҳаншоҳ
Аз омаданаш бигардад огоҳ?
Посбони 2
Шаҳро набувад магар дигар кор
Ҷуз Бор…
Дўст
…мадеҳ варо ту озор,
Варна кашамат ба назди Саркаш!
Посбони 2
Саркаш? Ҳа-ҳа! Ҳарфи хеш баркаш!
Худ хостааст ў, Худоро,
То раҳ надиҳем мо шуморо!
Дўст
Ин ҳарф яқин дурўғ бошад!
Посбони 1
Пиндори ту бефурўғ бошад!
Борбад
(ба Дўст)
Ин кўшиши пур зи моҷароро
Бигзоштану гузаштан авло!
Дўст
На, Борбади азиз, ҳаргиз,
Худро машумар ҳақиру оҷиз,
Олист чу созату садоят,
Ин саҳнаи олӣ аст ҷоят!
Посбони 1
Ҳа-ҳа-ҳа!
Дўст
Биханд, нодилогоҳ!
Рўзе бинишинад ў бари шоҳ!
Дасти Борбадро гирифта, боқаҳр меравад.
Бо Фитна вомехўранд.
Фитна
(ба Борбад)
Ту Борбадӣ?
Борбад
Бале.
Фитна
Сухан ҳаст
Байни ману ту фақат,
Бидеҳ даст!
Борбад даст дароз мекунад.
Фитна халтаи пурзарро ба дасташ мегузорад.
Борбад
Ин чист?
Фитна
Бигиру бош хомўш!
Худрову маро бикун фаромўш!
Беҳарф ба Марви хеш баргард,
Бар сояи сарви хеш баргард!
Аз ёд бубар хаёли дарбор,
Ҷону дили хеш хуш ба зар дор!
Ин зар бирасад ба ҳафт пуштат!
Дўст
Мор аст, кушову бин ба муштат!

пешина
аз 235
навбатӣ