Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зебо туро бодо ҳунар,
Умрат муборак, эй писар!
Бодо ба дастат хок зар,
Умрат муборак, эй писар!
Ҳаргиз мабин, эй Борбад,
Аз ёру аз ағёр бад!
Бодо, ки дар рўи ҷаҳон
Аз ҳар бадӣ бошӣ ниҳон,
Бошӣ ба умри бехазон
Хасми ҳама пиндорбад,
Хасми ҳама гуфторбад,
Хасми ҳама кирдорбад!
Бодо-т фарҳанги накў,
Дар дидаат ранги накў,
Дар гўшат оҳанги накў!
Бодо туро бори абад
Фазлу ҳунар, эй Борбад!
Оҳангу хониш батадриҷ паст мешавад ва саҳна торик.
Мусиқии рўҳнавозе садо дода, зери навои он чароғҳои саҳна дармегиранд.
НАМОИШИ 1
Саҳнаи 1
Борбад бо Устод машғули тамрини таронаест.
Устод
Ба васфи Марви азиз ин накў таронаи ту
Бувад, азизи дилам, кори ҷовидонаи ту!
Борбад
Ба банда баски шуморост меҳру лутфи зиёд,
Ҳамекунед муҳоботи беш, эй устод!
Устод
Накарда ҳеҷ муҳобот, ҳарфи дил гуфтам,
Беҳин тарона бувад, он чи аз ту бишнуфтам!
Борбад
Ҳамин бувад фақат аз ман ҷавоби заҳмататон,
Ки савту соз биёрам накў…
Устод
Анўша бимон!
Садои даркўбӣ.
Дари мо маҳви ин овоз бошад,
Ба рўи дўст доим боз бошад!
Дуруд, эй хушсадою хушнаво, дўст!
Дўсти Устод меояд.
Дўст
Устод
Биё, эй дўст, дидори ту некўст!
Зиҳӣ бахте, ки овардат ба ин ҷо!
Ҳамдигарро ба канор мекашанд.
Дўст
Хаёли туст ёру ёвари мо…
Бувад ин Борбад, шогирди банда-ст.
Устод
Дўст
Бувад мисли худат?
Устод
На, на, дучанд аст!
Борбад
(хиҷолатомез)
Накў устод…
Устод
Кўшишҳо зиёд аст.
Борбад боз чизе гуфтанӣ мешавад, вале Дўст пешдастӣ мекунад.
Дўст
Макун инкор - ҳарфи Устод аст!
Устод
(ба Борбад)
Маро ин дўст бошад чун бародар…
Ба шаҳ Хусрав набуд аз ў қаринтар,
Вале, афсўс…
Дўст
Оре, дур гаштем,
Ба ҳарфи хасм номанзур гаштем…
Устод
Қаринат мекунад шаҳ боз…
Дўст
Муҳлат
Бувад лозим, ки гардад фош туҳмат…
(Мешинанд. Баъди лаҳзае сукут ба Устод)
Умедам ин ки ту худ комронӣ.
Устод
Худоро шукр, амн асту амонӣ…
Худат чунӣ? Азизон?..
Дўст
Ҷумла хубанд,
Дудаста табли хушҳолӣ бикўбанд!
Устод
Аҷаб некў…
Дўст
Бизан, инак, навое,
Бубар дилро ба авҷи босафое!
Устод
Навин аз Борбад бишнав суруде,
Суруде на, ба меҳан чун дуруде!
Борбад
(таъзим карда, чанде ба созаш нохун мезанад ва
баъд тарона мехонад)
Беҳин мулке, ки унвон аст Марваш,
Дилам меболад аз кабку тазарваш.
Куҷо мурғест дар ҳар шохи сабзе,
Бувад мурғи дилам бар шохи сарваш!
На андар боғҳои ў дарахт аст,
Ки ҳар як нахли иқбол асту бахт аст,
Гулафшон шохаҳои сабзи боғаш
Барои мурғи ҷон зебанда тахт аст!
Дўст
На шогирдӣ, азизо, ҳастӣ устод,
Туро аҳсанту устоди туро бод!
Устод
Шунав, эй дўст, инак, савти дигар,
Ки гўши завқро бошад чу гавҳар.
Чу ёди Мониаш илҳом дода,
Ба некў савт «Монӣ» ном дода.
Борбад менавозад. Дўст беихтиёр ба рақс медарояд.
Устод ба рақси ў ҳамроҳ мешавад.
Дўст
(ба Устод)
Навое нест бо ин дилситонӣ!
(Ба Борбад)
Ту ҳам монои Монӣ зинда монӣ!
(Ба Устод)
Туро, Устод, ҷону дил фидо бод!
Ду дастам пеши саъйат бар само бод!
Чи шогирде ба дунё додаӣ ту,
Яке дунёи нав бикшодаӣ ту!
Варо танг аст паҳнои Хуросон,
Бувад ў зеби базми шоҳи Эрон!
Борбад
Ташаккур…
Устод
Нест осон роҳ он сў,
Варо ку раҳнамое сўи он кў?
Дўст
Бале, душвор бар ҷое расидан,
Ба овосанҷ дилҳое расидан…

пешина
аз 235
навбатӣ