Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Маъние омад аён аз ишқи ту, эй ишқзод:
Зиндагиро инчунин арзанда маъно ишқ дод, Ҷону дилҳоро кунад ишқ авҷхоҳу ишқ род, Дини дилҳо ишқ бод, оини дунё ишқ бод.
То биёбам гармии дил дар баҳори ишқи ту, То вуҷудам пур шавад аз баргу бори ишқи ту, Мегурезам дилхумору ҷонхумори ишқи ту Аз канори ин ҷаҳон то беканори ишқи ту!
Меъроҷи ман
Барои академик Ғиёсиддини Меъроҷ Рўди кўҳиям, ки шодобӣ бувад меъроҷи ман, Мерасад бар домани ҳар ташналаб амвоҷи ман.
Миннати кас бори дўшам набваду хоҳад дилам, К-андар ин дунё набошад низ кас муҳтоҷи ман.
Рўи ман аз офтоби дил ҳамеша рўшан аст, Бошад аз ин рў дили ҳар бофаре вартоҷи ман.
Мешавад қурбони фарҳангу фари ман оламе, То бувад ин тирҳо, беҳад бувад омоҷи ман.
Аз касу нокас басо тороҷ дидам дар ҷаҳон, Умрҳо ҳикмат рабудам, ин бувад тороҷи ман.
Рўҳволоям ману дилзинда умре дар ҷаҳон, То бувад фар тоҷи ман, фарҳангофар тоҷи ман.
Меҳри гарми халқ бошад давлати пояндаам, Нури чашму дил бувад бар меҳри мардум боҷи ман.
Дил ба «Қонун» бошаду сар бар «Ғиёс»-ам рўзу шаб, Тахтшинҳоям бубин, эй тоҷу тахти оҷи ман.
Ҳар шабу рўзам бувад рўзу шаби меъроҷи дил, Пар кашидан то ба авҷи ҳар диле - меъроҷи ман.
Талху ширин
Аз ҷаҳон моро ҳамин оин бас аст, Ҷоми талху дилбари ширин бас аст!
Маҳро дидам, ки тоза чун рўи ту буд, Гулро дидам, ки соф ҳамбўи ту буд, Рў сўи ту доштам, ба ҳар ҷо рафтам, Аз рафтани ҳар сў ҳавасам сўи ту буд.
Сўи ту
Гурез
Нигоҳат бошад аз чашмам гурезон – Бувад акси кӣ дар чашми ту пинҳон?!
Сарви ёд
Рафтиву ба ёди сарви қаддат мондам, Бас ашк ба пои сарви ёд афшондам, Бо ёди ту зери резаборони алам
Дар боғи хаёл сарвҳо биншондам.
Алифбо
Чунон пурсеҳриву пурзўриву пуриқтидорӣ ту, Ки душманҳои ҷониро бари ҳам мегузорӣ ту!
Тасбеҳ
Риштае, к-ин гуна аҳли ҷону дилро медиҳад пайванд, Расму оину забону одату фарҳанги эшон аст, Варна, бешак, насли инсон
Муҳрасон аз ҳам ҷудоясту парешон аст.
Як орзў
Фақат як орзў дорам ба дунё дар дилу ҷонам:
Ҳамеша бо амал пайванд бошанд орзўҳои фаровонам!
БОРБАД
(драмаи манзум иборат аз оғоз, ду пардаву даҳ намоиш ва анҷом) Иштирокчиён:
Борбад Мардўй
Падар Хусрав
Мўбад Ширин
Устод Гесўи Навогар
Дўст Ширўя
Фитна Посбонон
Саркаш Аҳли дарбор
ОҒОЗ
Саҳна нимторик. Тарҳи се тан менамояд.
Падар
Эй мўбади мўбадони олам,
Эй хушдили ҷовидони олам,
Фарзанди накў нишони мард аст,
Дар ҳарду ҷаҳон ҷаҳони мард аст, Умри хушу ҷовидони мард аст.
Аз ҷону дилат бикун садое,
Фарзанди маро бидеҳ дуое,
Бо роҳи мунаввари Аҳўро
Бинмой равона ин накўро,
То вораҳад аз бадони олам,
Эмин шавад аз дадони олам,
Эй хушдили ҷовидони олам,
Эй мўбади мўбадони олам!
Мўбад ба миёни Борбади наврас камарбанд баста, гирди саҳна даврзанон ниёиш мекунад. Борбаду падараш ҳаракатҳои ўро такрор мекунанд, ҳамсароён ҳамовозаш мешаванд.
Мўбад
Барбастӣ аз ҳиммат камар,
Умрат муборак, эй писар!
Наврас наӣ з-ин пас дигар,
Умрат муборак, эй писар!
Пурдил шавию пурҷигар,
Умрат муборак, эй писар!
Бошӣ дигар аз аҳли фар,
Умрат муборак, эй писар!
Воло туро бодо назар,
Умрат муборак, эй писар!
Боло туро бодо гузар,
Умрат муборак, эй писар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё