Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба санги сокиту сарди мазорат Зи ашки дона чандин дона киштем, Аё эй нармдил модар, ғами худ Ба оби чашму дасти дил навиштем.
Сарнавишти зарнавишт
Сарнавишташро касе бо сар навишт, Зиндагӣ онро пасон бо зар навишт!
Ду барқия ба Бозор Собир Бо ҷону ҷаҳону ҳастии тоҷик Бо дури хешӣ аз ҳама наздик, Завқи ҳамаро такониву таҳрик…
Табрик таваллуди ту, сад табрик!


Бувад умре тилоӣ шеър ганҷат, Суханро ганҷи дилҳо кард ранҷат, Ҷавон бодо дили меъёрсанҷат, Шавад, эй кош, сад ҳафтодупанҷат!
Ба оҳангсозони ҳамкорам Бар олами ашъори ман биштофтӣ чун бар Ватан, Оҳанги ашъори маро дарёфтӣ беҳтар зи ман, Оҳанги ту тиллоӣ аст, оҳанги ту бисёр бод, Оҳанги тиллоии ту дар гўши ҷон такрор бод!
Дар зодрўзи писарам 3х33+1, эй ҷон, Кунад умри туро эй кош Яздон!
Дар китоби «Кўҳи садо»
Ман кўҳи садояму садо хоҳам кард, Бо ҳарфи ту сўи ту нидо хоҳам кард.
Кимиё
Ишқи ту осмонист, эй ҳамдами заминӣ, Бо ту ғаме надорам ман аз ғами заминӣ, Ишқи ману ту бошад дар осмони қисмат Як нусха ишқи Ҳавво бо Одами заминӣ.
Меҳру вафо дорӣ,
Кони зиё дорӣ.
Оҳам наво намудӣ,
Дардам даво намудӣ,
Мисро тило намудӣ,
Ту кимиё дорӣ.
Дорам чу мардуми чашм акси туро ба дида, Бе акси ту ба ташвиш чашми дилам парида; Дорад дили аламкаш шукронаи қаламкаш:
Бар лавҳи дидаву дил акси туро кашида.
Меҳру вафо дорӣ,
Кони зиё дорӣ.
Оҳам наво намудӣ,
Дардам даво намудӣ,
Мисро тило намудӣ,
Ту кимиё дорӣ.
Ҳарф аз марди равон дар зери барф Гарчи ҳамчун барф на пурнуру жарф аст, Ҳарфам аз марди равон дар зери барф аст:
Меравад дар кўча ў бо шасти барфӣ, Мешавад ўро дар охир дасти барфӣ, Мешавад ўро дар охир пои барфӣ, Мешавад худ оқибат бобои барфӣ!
Дарди бесироят
Оқилӣ дард бувад, дарди гарон, Лек, афсўс, сироят накунад.
Дарди оқил чи қадар беш бувад, Кам бувад бозу зиёдат накунад.
Аз якдигар пеш
Басо шоҳон, ки дарвешанд ин ҷо, Баришонанду дилрешанд ин ҷо, Хушомад тўшаҳошону давонанд, Ҳама аз якдигар пешанд ин ҷо.
Садоқат
Нодаркорам ва ё ки даркори туям, Монанди қадима ман ҳамон ёри туям.
Забони ту, забони ман
Забон узве туро дар роҳи ҳалқ аст, Маро узве ба роҳи рўҳи халқ аст.
Абадзинда
Эй тоҷикӣ, имрўзиву ояндаи мо, Дар ҳарду ҷаҳон забони пояндаи мо, Моро ба ҷаҳони бебақо аз ҳама марг Ту зинда бидорӣ, эй абадзиндаи мо!
Рўзи забон
Тамоми халқ дилсўзи забон бод, Тамоми фасл наврўзи забон бод, Дуо ин аст, эй соҳибзабонон, Ҳама рўзи шумо Рўзи забон бод!
Тақлиди Мушфиқӣ
Не тоқати он ки рўзаро дил супурам, Не тобу тавон, ки рўза дар лаб бимурам, Аз рўза расидаам ба ҳоле, ки дигар Қувват набувад, ки рўзаамро бихўрам!
Турсунзодавор
То дилам аз шуълаи рухсори ту рўшан шуда, Дар нигоҳам рўи олам бехазон гулшан шуда, Чашми рахшонат ба сўи бахти ман равзан шуда, Хуш ба ҳоли ман, ки як олам насиби ман шуда.
Роҳи дил манзил надорад, гар набошад ишқи ту, Рўди дил соҳил надорад, гар набошад ишқи ту, Нахли дил ҳосил надорад, гар набошад ишқи ту, Дил ғурури дил надорад, гар набошад ишқи ту.
Гар набошад ишқи ту, нуру сафои хона нест, Он муҳити дилнавозу дилкушои хона нест, Бўи меҳру бўи ёрӣ дар фазои хона нест, Аз тило бошад сутунаш ҳам, бақои хона нест.

пешина
аз 235
навбатӣ