Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Почашму чашмпо
Пои чашм
Баҳри рафта дидан аст,
Чашми по –
Барои дида рафтан.
Дар пештоқи НОБ-ҳо
Пеши рўди нафсро сарбанд бинмудем,
Пеши нури дидаро даҳчанд бикшудем,
То ки НОБ-и дил бимонад доимо гардон,
Ҷамъ кардем об дар чашмон…
Аҷаб толор…
Аҷаб толор, аҷаб ҷои ҷулус аст,
Заданҳои дилат чун бонги кўс аст;
Басо пастон, ки ин ҷо сарбаланданд,
Басо бар по, ки ин ҷо пойбўс аст.
Ба «Гўрғўлӣ»-саро
Бо лаҳни хоси ҳикматризоӣ
Бас қисса кардӣ хубу баҷоӣ,
Бар Гўрзодат гаштем мафтун,
Шуд завқи мо ҳам аз гўр берун.
Ҳарфи жарф
Гўш кун, эй дил, ба ҳарфи Мирзои Файзалӣ!
Рав фурў дар ҳарфи жарфи Мирзои Файзалӣ!
Аз дили гарму сафедаш иқтибоси тоза бин
Рўю мўи ҳамчу барфи Мирзои Файзалӣ!
Ношигарф ангезаҳоро мезудояд бегумон
Ҳазлу ноҳазли шигарфи Мирзои Файзалӣ!
Ҷозиба бингар, ки шахси ҷониби дигар равон
Меравад бехеш тарфи Мирзои Файзалӣ!
Ҳар куҷои Тоҷикистон бошадаш чун ҷон азиз,
Муҷихарфаш – Муҷихарфи Мирзои Файзалӣ!
Эй ки ҳампаймониаш хоҳиву ҳампаймонагӣ,
Боядат жарфои зарфи Мирзои Файзалӣ!
Хоҳам аз қисмат, ки умри ҷовидон гардад ҳисоб
Умри бар ашъор сарфи Мирзои Файзалӣ!
Дида ин табъи баланду ҳар ки гардан хам накард,
Дори завқаш бод шарфи Мирзои Файзалӣ!
Тирукамон
Ҳақирӣ ё амири сад ҳақирӣ,
Намедонӣ, ки охир чун бимирӣ;
Ба гўрат хам шавад тирукамоне,
Дар ин дунё камонӣ ё ки тирӣ.
Дандонрез
Субҳдам
Ғунча бо дандони шабнамҳо хандид…
Вале ҳамоно
Аз санги офтоб
Рехт он дандонҳои ноб
Ва рангаш парид.
Субҳ
Шаб
Дарвозаи сиёҳи худро баст…
Субҳ
Дарвозаи зарҳалиашро хоҳад кушод
Ва оинаи зангорнописанди офтобро
Пеши моҳрўён хоҳад ниҳод.
Гуму пайдо
Чу ганҷем мо, баҳри мардумем,
Вале, то наёбандамон, гумем!
Базмӣ
Ҷони ман, бо сўзу тобу таф бихон,
Пушти ҳам, афзун бихон, саф-саф бихон,
Дафъ кун андўҳро, бо даф бихон,
Даф кафад ногаҳ агар, бо каф бихон!
Сиёҳу сафед
Шукр, сад шукрат, Худоё, дар ҷавонӣ
Карда будӣ рўсафеди мўсиёҳам;
Чаппаам ҳаргиз макун ҳангоми пирӣ,
Ҳеҷ манмо мўсафеди рўсиёҳам!


Бувад созу овоз ангуштарин,
Нигина Рауф андар он чун нигин,
Бимонад, ҳунар то ки бошад ба ҷо,
Нигини дурахшони созу садо.
Қосиди рўҳ
Ба хотираи Кароматуллоҳи Қурбон
Туро меҷўям аз ёду хаёлу хотири ғамгин,
Аё эй ҳамдами дерин,
Аё эй ҳамғами ширин!
Ба ёди рўи зебоят дилам гум мезанад ҳар дам,
Табассумҳоят, эй ҷон, мефизояд ҳасрату дардам.
Ба ёди қомати болоят ашкам паст хоҳад шуд,
Аё ҳамдасти ман, бе ту дилам аз даст хоҳад шуд…
Диламро медиҳам таскин, ки боло буд парвозат,
Ҷаҳони бе ту холиро кунун пур карда овозат,
Рухатро, ҳар куҷое бингарам, тобанда мебинам,
Сурудат – қосиди рўҳи туро ман зинда мебинам!
Ҳаёт
Ҳаёт он аст дар дунёи фонӣ,
Ки қадри аҳли ин дунё бидонӣ,
Чу бастӣ рахт ҷовидон зи дунё,
Ба ёди аҳли ин дунё бимонӣ.
Дар санги сари гўри модар ваҳдат
Санги ёд аст дигар бори сари модари мо,
Санги дод аст аз ин баъд ба зери сари мо.


Хоки ҳама ҷаҳон дигар, ин хок дигар аст,
Магзар аз он ту тунд, ки ин хоки модар аст.


Сарҳо сафеду тифли сари хоки модарем,
Бемодарему баъд аз ин хокбарсарем.


Эй ки дорӣ сару садои баланд,
Бикун ин ҷо сару садоро паст,
Баъди як умри сахти бехобӣ
Модари мо дар ин саро хоб аст.

пешина
аз 235
навбатӣ