Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ба дўсти сементкор
Ғамин ғам аз ғами ғамхории туст, Хиҷолат кор аз пуркории туст, Дилат - абрешимӣ, аммо аҷиб аст, Сементӣ меҳру аҳду ёрии туст!
Дуои ақди никоҳ
Хонаи бахтро кунанд имрўз Ин арўсу шаҳи накў обод, Қаҳрамоноча бод ин келин, Қаҳрамонота бод ин домод!
Дар хабарнома
Шодии ҷаҳон бар саратон чош шавад!
Чизе, ки бихоҳад дилатон, кош шавад!
Фарзанди шумо ҳам ба арўсӣ бирасад, Ин оши наҳор бар шумо ош шавад!
Дуои хатнасур
Бачаи мо, ҷони мо,
Кабки парафшони мо,
Тўйи хатна сар кардак, Илоҳо, шавад мардак!
4х25 Бинем, дили бе ғаму ранҷат бинем, Аз меҳру вафо ба сина ганҷат бинем, Сад шукр, нахустбиступанҷат дидем, Эй кош чаҳор биступанҷат бинем!
Чи суде?
Наӣ ошиқ, агар содиқ набошӣ, Наӣ шоир, агар ошиқ набошӣ.
Чи суде – рўзу шаб Лоиқ бигўӣ, Агар бар асли худ лоиқ набошӣ?!
Соядаст
Худо дар ному андомат навиштаст, Ту Ҳурӣ, ҳар куҷо бошӣ, биҳишт аст!
Ситоразор
Осмон ситоразор аст?
Милён ситора дорад?
Хубтар бубин, эй ситораи ҳусн, Бо милён чашми ҳавас Туро назора дорад!
Тавба
Тавба кардам, ки дигар май нахурам, Нашканам ҳеҷ дигар тавбаи пеш, Лек май хурдаву сармаст шуда, Бехабар мондаам аз тавбаи хеш.
Шиша шоҳид (, ки чу ў ботинсоф Нест дар олами инсоф):
Қасд бишкастани ин тавба набуд, Азал ин қасд намуд!
Набуд ин, оре, ҷурми мани маст, Варна худ аз сари инсоф бигўед: чи сон Ман ба хок афтодам, нашкастам, Тавба бар хок наафтоду шикаст?!
Дар сари тавбаи хешам дилреш, Диҳадам тавбаи дигар ташвиш…
Басту кушод
Диҳадат носеҳ агар аз зарари мино панд, Даҳани шиша кушову даҳани ўро банд!
Ду талаб
Аз шумо дорад дил
Ду талаб бо таъҷил:
Дастгирӣ накунед,
Пешпоӣ надиҳед!
Телевизор
Аҳли хирад аст, лек пуртамкинтар, Асли тараб аст, лек пуртаҳсинтар, Меҳмон бувад он, валек болошинтар, Оина бувад, валек дунёбинтар.
Малах
Малах ҳам чашмро бастан тавонад, Миёни кишт бишкастан тавонад!
Ҳисобатро ту бо се хатм кардӣ, Малах з-ин беш ҳам ҷастан тавонад!
Дуздӣ
Чу аз дуздӣ ҳисоби давра шуд гум, Алам шуд дар лабон дуздӣ табассум!
Чунон маъруф шуд дуздӣ ба даврон, Ки соли хеш медузданд мардум!
Баҳору хазон
Дар ғами зар зард гардад чун Чеҳраат, эй ганҷро дар банд, Баргҳои сабзи долларҳот Навбаҳоратро намеоранд!
Шоҳу гадо
Дард, агар шоҳи дардҳо бошад, Доимаш лутф бо гадо бошад!
Дард, агар аз азал гадо бошад, Сўи шоҳаш раҳ аз куҷо бошад?
Вобаста
Касе вобаста дар дунё чу дил нест, Чу ин бедасту бепо побагил нест.
Ҳама суде, ки ҳаст, аз ину он аст, Ягон суде ба дунё мустақил нест!
Сару по
Сифати сар зи по маҷў, аммо Пои бесар бувад сари бепо!
Асои кўр
Чун асои кўр аст шоир – Ба об ҳам мезанандашу ба оташ ҳам, Ба сад хушу нохуш ҳам…
Вале роҳашонро бо он ёфта мераванд.
Дар 75-солагии айнитинатон
75 чўб, ки Айнӣ ба пушт хўрд, То рўзи ҳашр рамзи яқини разолат аст!
75-солагии ҷумла пайраваш
75 чўб ба пушти ҷаҳолат аст!
Асо
Гар хаёли худат туро бошад, Дар хаёли ту ҳам Худо бошад.
Фикри афтоданат биафтонад, Фикри н-афтоданат асо бошад.
Парвоз
Дигарон мепаранд бар гардун?!
Ранги мо низ мепарад афзун!!
Пархош
Ёрон, агар пархош дар тифлӣ Лоқайдӣ асту бегуноҳист, Ҷанҷолу ханҷолу шикоят Дар мўсафедӣ рўсиёҳист!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё