Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хаткашон
Хаткашон, хаткашони ёду хаёл, Эй расули басо навиду паём, Бинамат боз ҳам ба китф анбон, Куҳна анбони ту пур аз пайғом.
Ҳар саҳар бо қади хамида зи бор Меҳрро ту баланд мекардӣ, Бо ҳазорон навиди нуронӣ Субҳро дилписанд мекардӣ.
Мерасидиву дарди раҳдурӣ Пеши ту бенишону раҳгум буд.
Чашмаки бози ҳар даре, бахудо, Дар раҳат чашми чори мардум буд.
Сода сандуқи пуст38 пеши назар Буд сандуқи ганҷи афсона:
Гоҳ пур аз навиди рўи ҷаҳон, Гоҳ пур аз паёми ҷонона…
Хаткашони хаёлу ёд, акнун Пеши интернет пирӣ ту,
Пеши эмайлу эсэмэс маро Кай дигар ёру дастгирӣ ту?!
Мекунам ёд ҳар дамат ман лек, Ҳамзамоно, туро чу рамзи замон, Меравӣ дар хаёлам, обилаҳо Дар кафи пою дар сари китфон.
Он ҷавонӣ, ки интизорат буд, Зери бори ғаму алам бишкаст, Сабзу тар барги номаҳо афсурд, Сода сандуқи пуст ҳам бишкаст.
Дили аз дард носабурамро Кай дигар он қарору ором аст?
Хаткашон, дар хаёлӣ анбонат Аз ҷавонии ман чи пайғом аст?
Шаш қитъа
I
Осиё!
Бар сари сахти ту умре буд гардун осиё, Даврат омад, баҳри худ гардон бимон чун осиё!
II
Африқо!
Гоҳ бар тахтат сапеду гоҳ бар тахтат сиё, Лек яксон аст дар чашми замон бахтат сиё!
38 қуттии почта
III
Аврупо!
Нимаи ту – масти базму атру упо, Нимаи ту – бенасибу бесарупо…
IV
Амрико!
Доллар туро обод кард,
Лек дунёро ҳама барбод кард!
V
Австралиё!
Набошад ҳеҷ ҳоле ҳамчу ҳоли ту хароб:
Байни обӣ ҷовидону ҷовидон муҳтоҷи об!
VI
Гарчи бишкаст оқибат инсон яхи хомўшиатро, Менабинад дидае гулпўшиатро…
Бенаво Антарктидо,
З-ин алам қалби яхат сад тарқ дидо!
Пул
Як шаҳр менозад ба боғ, Як шаҳр менозад ба гул…
Ин шаҳри дарёдил вале
Умрест менозад ба пул.
Баъд аз Внези39 бостон, Баъд аз куҳан Ленингрод Он аст манзури ҷаҳон
Бо шуҳра пулҳои зиёд.
86 пул раҳкушост Аз соҳилаш то соҳилаш.
86 пул раҳнамост Аз ҳар дилаш то ҳар дилаш.
Врослав
Рўзнома
Номардиҳои номардонро,
Бедардиҳои бедардонро,
Хиёнатҳои хоинонро,
39 Венетсия Ҳамоқатҳои пуркинонро,
Фосиқиҳои маҳбубонро,
Нолоиқиҳои матлубонро…
Ҳамаро навиштӣ,
Пурғавғо,
Пурсавдо,
Бе пардаву бе ҳаё навиштӣ.

Аммо
Ишқ набуд имрўз оё,
Ки нанвиштӣ?
Меҳр набуд имрўз оё,
Ки нанвиштӣ?
Дилдорӣ набуд имрўз оё, Ки нанвиштӣ?
Ғамхорӣ набуд имрўз оё, Ки нанвиштӣ?
Гўшаи равшане набуд магар, Ки нанвиштӣ?
Сўи умед равзане набуд магар, Ки нанвиштӣ?
Агар аз инҳо менавиштӣ, Ҷои номардӣ
Ҷои бедардӣ,
Ҷои хоинӣ,
Ҷои пуркинӣ,
Ҷои бемеҳрӣ,
Ҷои бадқаҳрӣ,
Ҷои беғамӣ,
Ҷои дилкамӣ…
Тангтар мешуд
Ва фазои зиндагӣ – кушодтар.
Чаро нанвиштӣ аз инҳо, эй беназар?
Чаро нанвиштӣ аз инҳо,
Эй бехудо?!


Бар лаб расид дард агар, ох мешавад, Дар дил, ки монд, як дили сўрох мешавад.
Гар кохро нажанд кунӣ, хоки рўи роҳ, Гар хокро баланд кунӣ, кох мешавад.
Ҳарчихурӣ табиати мардум шавад агар, Ҳарчикунӣ саодати таббох мешавад.
Дунёи обу дона чи ҷўӣ ба санглох, Чизе, ки издиҳом шавад, лох мешавад.
Густохро ба хайкада раҳ нест бегумон, Аҳли арақ ба майкада густох мешавад.
Дунёву дил фарох бувад, лек кай «фарох»
Бо иқтизои вазни ту «фаррох» мешавад?!
Дум мешавад, бирўяд агар думликониат, Беақлиат бисабзад агар, шох мешавад…
Китоби бетаҳрир
Зиндагӣ бас китоби хонданӣ аст…

пешина
аз 235
навбатӣ