Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷумла онро башавқ мехонем,
Рўи дил, рўи дида мемонем,
Маҳви бемисл нақлу тасвираш…
Оҷиз аз баррасиву таҳрираш.
Аз ҳама дил ба ҳама дил
Гуфт Бозор ба андўҳи фузун
Ҳасрати марги Ҳабибуллоро,
Ончунон гуфт, ки меафзояд
Ҳар дам аз нав алами дилҳоро:
«Хабари рўи ҷаҳон ҳар соат
Гирд гардад ба сарам чун гирдоб, Лек аз он рўзе Ҳабибулло нест, Ман надорам хабаре аз Кўлоб»…
Оре, ў буд, ки аз ҳар гўша
Доимо муждаву пайғоме дошт,
Оре, ў буд, ки баҳри ҳама кас Дар дили беғашаш инъоме дошт.
Оре, ў буд, ки бо рўи кушод
Боз мекард дари дилҳоро,
Рухи бикшодаи ў гўё буд
Дари бикшода ба рўи дунё…
Лаҳзае сабр!
Чаро буд, ки ҳаст
Зинда дар чеҳраи фарзандонаш, Дар вуҷуди писаронаш нигаред Дили бикшода, рухи хандонаш.
Хабари рўи ҷаҳон меоранд
Писарон бар ҳама манзил чун ў, Мерасонанд паёми дилу ҷон
Аз ҳама дил ба ҳама дил чун ў.
Оре, оре, бувад ў баҳри ҳама Зинда дар чеҳраи ҳар шаҳписараш.
Рўбарўи ману мо меболад
Бо хабарҳои хушу шеъри тараш.
Мусофирмардикор
Аз уфуқ то бар уфуқ
Рўйдоде
Ё ки бедоде
Мекунад ҳар дам дилашро зиқ.
Абраке чун нома метобад,
Лек, чун мехоҳадаш бар каф бигирад, Мешавад дар дидааш борону осоре аз он дигар намеёбад.
Суҳбати ёрон
Барояш нури умед аст,
Шодии дидорашон - аз сад ғизо афзун, Интизорӣ лек
Саддаста дилашро мекунад хун.
Раҳнамунаш
Роҳҳои зери ин шаҳри азим аст, Ҳамраҳонаш
Сад нажоду сад забони тозаэҷоду қадим аст.
Бенасиб аз хуш ҳавои боғ,
Мебарад аз боғ партови дигарҳоро; Баҳри рўди бозгашти хеш
Меканад ҷўи умеди хешро
Дар кўҳу дашти сарнавишти хеш.
Нозҳои хоҷааш бадрў-ст,
Лек меъёри бақои ўст.
Бори қисмат мебарад ўи мусофир – Бори ду сар рўи дўшаш,
Ду забон андар даҳонаш,
Бори ду ҳосил ба нахли ормонаш.
Сар бувад шабҳо ба рўи хишт ўро, Дур мебошад раҳаш то манзиле, К-он ҷо
Рўи ҷогаҳ интизорӣ мекашад
Нармиву гармии як болишт ўро.
Шаб ба ҳасрат мешавад бедор:
Ҷои ду сар боз рўи хиштболишташ бувад як сар; Ҷои ашке рўи болишташ аён,
Аммо
Ҳамчу ҳалқи ў бувад хушк
Ҷои як ашки ғаму шодии дигар…
Ҳотам
Бо яке чун рўбарў гаштам,
Додамаш гармии рўи содаамро; Дигареро омадам з-он пас дучор, Ҳадяаш кардам дили бикшодаамро; Ҳатман андар рўи ин дунё
Бо касе ман будаам ҳампо,
Бо касе – ҳамто;
Қисмату бахшам ба ҳар ҳамдаст танҳо зўри дастон буд, Ҳадяам бар ҳамназарҳо нури чашмон буд.
Сад қасам бо нони гандум,
Шодам аз ташрифатон бар олами софи дилам, эй пок мардум!
Шодам, инак,
Чун дари лутфи диламро ман ба ҳар рўе кушудам, Бо касе белутф мисли бе дилак қулфи дари риндон набудам:
Аз вуҷудам ҳар кадоме лоақал бурдаст як зарра – Ё умеде, ё сафое, ё фараҳ.
Қатра-қатра-қатра ҳарфи зиндагӣ гаштам ман охир, Зарра-зарра-зарра сарфи зиндагӣ гаштам ман охир.
Боз ҳам сўям биёед ин замон, эй дўстони ҷонудилравшан, Бахшу қисмат мекунам бо ҷумла, ҳар чизе, ки дорам ман (Чун нишона баҳри санги гўр хоҳам монд Танҳо ном)
В-андар анҷом
Мепазирам маргро, он вопасин меҳмони худро, Дода бар ў охирин дороии худ – ин тани беҷони худро.


Ҷўй
Аз дилсардӣ
Буд як афсурда,
Буд ях тобуташ,
Худ – ба мисли мурда.
Лек сеҳри назари ишқ бубинед, Ки чун маҷнунбед
Мўи худ кард ба рўяш афшон,
Об гардид аз эҳсосу бишуд боз равон.

пешина
аз 235
навбатӣ