Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аҳсан ба ту, эй дил, ки ба як ранг намудӣ!
Хун гаштаву лаъл аз ҳамаи санг намудӣ!
Сар додаву тоҷи шараф аз даст надодӣ, Подории худро ҳама авранг намудӣ!
Саҳрои хаёлот кушодӣ зи ту омўхт, Кай ҷои касе ғайри худат танг намудӣ?
Аз он фару ҳанге, ки ба мерос гирифтӣ, Фарҳанг намудӣ, раҳи фарҳанг намудӣ.
Умре нафаси гарм дамидӣ ба найи даҳр, Аз ҳар нафаси зиндагӣ оҳанг намудӣ!
Ҳаргиз зи сари ҳирс ба дунё назадӣ чанг, Аз бори қаноат қади худ чанг намудӣ!
Сўи ҳама рафтиву дари сулҳ кушудӣ, Ҷангидӣ агар, ҷанг ту бо ҷанг намудӣ!
Садрангии дунёву касон дида фаровон, Аҳсан ба ту, эй дил, ки ба як ранг намудӣ!


Дилу ҷон гар батаҳорат бошад, Ҳама ҷо ҷои ибодат бошад!
Ғами ҷон нест муҳаббат, эй ҷон, Ғами ҷонона муҳаббат бошад!
Гаҳ-гаҳ, эй мурдапарастон, бахудо, Зинда ҳам баҳри зиёрат бошад!
Коргар коргару деҳқон аст, На вазиру на вазорат бошад!
Шоирӣ минбару унвонҳо нест, Шоирӣ муҳри маҳорат бошад!
Чи бувад?
Риши то банди нофатон чи бувад?
Аз фаши салла лофатон чи бувад?
Берун аз лом-алиф чу раҳтон нест, Даъвии лому кофатон чи бувад?
Инак, он оби лойу моҳиатон, Ҳарф аз инсофи софатон чи бувад?
Муштатон - пур зи ганҷи кўҳи Ватан, Ҳасрати кўҳи Қофатон чи бувад?
Чун ҳадафтон биҳишти ин дунёст, Шаф-шафи қиссабофатон чи бувад?
Гар хилофат дар орзўтон нест, Бо сиёсат хилофатон чи бувад?
Ҳаст девори мулк ваҳдати халқ, Андар он ин шикофатон чи бувад?
Хидмати халқ бод мазҳабатон, Дур аз ў эътикофатон чи бувад?
Гирди худ ин қадар чи мегардед? – Хештанро тавофатон чи бувад?!
Тафсири ман
Кай ҷаҳонгирӣ ҳамин чандин макон бигрифтан аст, Дар ҷаҳон худро ҷаҳон кардан ҷаҳон бигрифтан аст!
Чист боло рафтан андар ин ҷаҳони сарнишеб, Худ ба боло рафтану дасти касон бигрифтан аст!
Ишқ сад тафсир дорад, лек дар тафсири ман Қасди пириро аз ин умри ҷавон бигрифтан аст!
Худ нишондорӣ нишон мондан дар ин дунё бувад, На барои рўи дил умре нишон бигрифтан аст!
Кандани ҷон баҳри номи нек ҳам кон кандан аст, Дил гирифтан аз тамаъ ҳам ганҷи кон бигрифтан аст!
Ҳамзабонӣ бо забон кардан давои дил бувад, Низ пеши тезии теғи забон бигрифтан аст!
Ҳамзамонӣ нест будан бори дўши ин замон, Бори худро аз сари дўши замон бигрифтан аст!
Ҳақталошӣ хурдани заҳри яқини умру низ Даст аз шаҳду шакарҳои гумон бигрифтан аст!
Раҳ кушодан дар замину кардан онро нурбор Нусхаҳо аз асли Роҳи Каҳкашон бигрифтан аст!
Сар ба авҷи осмон бурдан ватандорӣ бувад, Кай валекин пой аз ин остон бигрифтан аст?!
Ҳушдор
Эй чашма,
Дар ҳабси рўшани зулолии худ бимонӣ, беҳ, Дар банди сафеди ҳалолии худ бимонӣ, беҳ; Агар рўд бишавӣ, Раҳ ба раҳ
Дар покии худ намепоӣ, Меолоӣ…
Худ наолоӣ,
Меолояндат,
Аз ҷарёни пурмонеаи покӣ Мерабояндат!
Чӣ мегўям?!
Ҳангоми ногаҳон чашм аз ҷаҳон пўшиданат набудам, модар; Вақте ки саломи фариштаи аҷалро лаббайк гуфтӣ, ҳузур надоштам, падар; Лаҳзаҳое, ки ту барои ҷон ҷон мекандӣ, ман дур аз ту барои нон ҷон мекандам, бародар; Соати аз ин дунё хориҷ шуданат дар хориҷа будам, хоҳар…
Дидорҳо ба қиёмат монд, эй азизоне, ки борҳо дар зиндагӣ қиёматро бароятон қоим карда будам!
Агар дар он маҳшаргоҳ ба ҳам биёему бипурседам, ки:
«Мо ҳама ҳарфҳои туро – аз нахустин «папа»-ву «мама»-ҳоят то шеъру таронаҳоят – ёд дорем, ту як вопасин сухани моро ёд дорӣ?», Чӣ мегўям?!

пешина
аз 235
навбатӣ