Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Мардему қисмати мо бо фахру сарбаландӣ
Будаст сар ниҳодан умре ба пои занҳо!
Дилдори мушкмўе моро кам аз Хутан нест,
Хандон лаби ақиқе беш аст аз яманҳо!
Дилро баҳои дил деҳ, ҷонро баҳои ҷоне,
Ин аст, эй дилу ҷон, аз худ бурун шуданҳо!
Ҳар ҷо, ки акбаре ҳаст, бо назму бо низом аст,
Акбар низоми дунёст яъне зи ҷаҳди манҳо!
Ман донаму туву дил…
Дар чашми дил чи намҳост, ман донаму туву дил.
Дар ҷони дил чи ғамҳост, ман донаму туву дил.
Моро ба дил чи беш аст, дил донаду ману ту,
Моро ба дил чи камҳост, ман донаму туву дил.
Аз току беди маҷнун ташбеҳи дил аён кун,
Дунёи печу хамҳост, ман донаму туву дил.
Бингар, ки дил чи кам шуд - вобастаи шикам шуд,
Рамҳо аз ин варамҳост, ман донаму туву дил.
То рўй бар қалам кард, худро қалам-қалам кард,
37 Мастон Шералӣ:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дарватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст!
Барои Акбар Абдулло
Ба Соҳибназар Раҳмонӣ
Ҳарфаш аз ин қаламҳост, ман донаму туву дил.
Ҳарчанд метапад хуш, чун баҳр мелапад хуш,
Зероби бас аламҳост, ман донаму туву дил.
Аз ин ҳама ману ту, аз он ҳама туву ман
Бар дил чи сон ситамҳост, ман донаму туву дил.
Моро зи дил чи коҳиш, ҷуз дил касе надонад,
Моро ба дил чи замҳост, ман донаму туву дил.
Зарби зиёдааш бин, овои содааш бин,
Дилро чи зеру бамҳост, ман донаму туву дил.
Оғоз хуш дилам буд, гул буд, хушгилам буд,
Анҷом «во дилам»-ҳост, ман донаму туву дил…
Нангчашма
Сангчашма –
Рустоқе дар миёни кўҳсор,
Пур бувад ному мароми ту
зи обу
обрўю
обшор.
Пур зи дил ҳастиву гулпўш,
Меҳри дил дорӣ дар оғўш.
Дар нигоҳи ҷумлаи дилнарму дилсангат
Ҷовидон гар аз буни ҳар санг чашма мезанад ҷўш,
Аз дили ҳар зодаи боному бонангат
Нангчашма мезанад ҷўш!
Тазмини шабнам
Посух ба Давлат Сафар
Аз дўшбори умр ба кас дам намезанам,
Ман бори хеш бар сари олам намезанам.
Бошад сари баланд дар ин боғ бори ман,
Ҷуз зери бори пирии худ хам намезанам.
Дар хаймаи фалак ба амонат нишастаам,
Мехи тамаъ ба тораки торам намезанам.
Ман Одамам, биҳишт ба ҳурон ниҳодаам!
Фаҳмидаӣ, чаро дари Ҳотам намезанам?
Чок аст то кунун дили гандум аз он алам,
Бо доғи куҳна таъна ба Одам намезанам.
Дунё чарогаҳ асту чарогў, аё Масеҳ,
Дигар даҳан ба қиссаи Марям намезанам.
Чун меравад ба бод дамодам дами ҳаёт,
Кай гуфтаам, ки бода дамодам намезанам?
Таъна ба майнахора задан нест кори ман,
Ин бас, ки худ аз ин заданӣ кам намезанам!
Барги каҳ аст оламу чашмам намепарад,
Барои Ҳамроҳ Усмон
Хоб аст оламу мижа барҳам намезанам.
Тазмини шабнам аст ба мижгон сиришки ман,
Ин нам ба ҷуз ба шишаи шабнам намезанам.
Мурод
Аз ишқи бутон сўхтани сина мурод аст,
Ин буткадаро оташи дерина мурод аст.
Гармии дилат аз ду ҷаҳон матлаб агар шуд,
Ҳезум маталаб, сўхтани кина мурод аст!
Меҳмонии оина ҳадаф нест бутонро,
Афрўхтани хонаи оина мурод аст.
Қасди дили афлокназар боми гиле нест,
То боми диле сохтани зина мурод аст!
Аз мор натарсему зи тимор натарсем,
Ганҷи диламон аз дили ганҷина мурод аст!
Дилро ҳадаф аз сурхӣ агар сурхии рўест,
Аз сабзии дунё рухи сабзина мурод аст.
Нур
Барои Нурулло Исобойи суратгир
Мо, ки дар дунё
ақаллан лаҳзае дар чашми ў будем,
Дар баҳои заҳматаш
як лаҳза аз худ бештар
поку накў будем,
Содиқан хоҳем
бар ин чашм агар манзур бошем,
Лоиқи ин чашм бояд –
Нур бошем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё