Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҳамин буд, эй азизон, аз ҷаҳони дил муроди ман,
Бувад то завқи воло, зинда хоҳад монд ёди ман!
Бувад то ин ҷаҳон, баҳри шумо мехонам, эй мардум,
Манам Одина Ҳошим, бо шумо мемонам, эй мардум!
Рўзи Одина
Оҳангу садои ў, ки аз сина бувад,
То боми калом беҳтарин зина бувад!
Азбас ба азони ў намоз овардем,
Моро ҳама рўз рўзи Одина бувад!
Ҳарфи камол
Дидем дар рухи ў айни ҷамоли Айнӣ,
Сўи камоли айнӣ боланда боли Айнӣ.
Ҷони шарифи Айнӣ бар айни хеш кўчид,
Реҳлат накарда Айнӣ бо иртиҳоли Айнӣ.
Аз чун хазина ёдаш, аз ҷустани зиёдаш
Пайдо намуд посух чандин саволи Айнӣ.
Аз сангсор афрохт ў ҳайкали Ҳилолӣ,
Рахшанда бадр гардид охир ҳилоли Айнӣ.
Айнитабор мегуфт ҳар тоҷики амалро,
Олӣ хитоби ў буд: «Олист оли Айнӣ!
Аз як ҷаҳон Бухоро ғун кард ҷумла моро,
Бин, то куҷо фузун шуд омолу моли Айнӣ!»
Бозору Лоиқ аз ў «Айнинасаб» лақаб ёфт,
Ба ёди Камол Айнӣ
Мегуфт: «Бод афзун шоир мисоли Айнӣ!»
Айнии айни халқаш пардохт дайни халқаш,
Зад ҷўш байни халқаш айни зулоли Айнӣ!
Заҳматқарини айнӣ буду дароз мекард
Умри азизи худро бо ин хисоли Айнӣ.
Аз ҷилди хобу хур ҳам мерафт гоҳ берун,
Бошад таҳи сари мо то ҷилди фоли Айнӣ.
Ҳарфи камоли Айнӣ як умр метавон гуфт,
Ин мухтасар мушаххас шуд бар Камоли Айнӣ.
Ғазали «Дарё»
Ба устоди ҳунар Сайидқул Билол
Чу ҳастӣ бо ҳама дарёдили дунё қарин, «Дарё»,
Миёни ин ҳама дарё ту ҳастӣ беҳтарин «Дарё»!
Ба ин нармӣ ба роҳат сангро ҳам нарм месозӣ,
Ба ин покӣ ҳамеоӣ ту аз чархи барин, «Дарё»!
Чу Омўӣ ту бо амвоҷи поки нуқрагун ҷорӣ
Ва монанди Зарафшон бо садоҳои зарин, «Дарё»!
Ба дилҳо кардаӣ гардон басо Роғону Норакро,
Ту ҳам камтар наӣ аз Вахш, эй нурофарин «Дарё»!
Раҳораҳ баҳри худ бигзоштӣ арзанда ҳайкалҳо,
Аё эй ҷовидона хорагин, эй мармарин «Дарё»!
Бигўяд боди сар-сар: бодсон аз пеши ў магзар,
Надорад дар ниҳоди хеш боди сар-сар ин «Дарё»!
Бигўяд дил, ки садҳо кишта зору хушк меафсурд,
Ба маҷрои дилу ҷонҳо намебудӣ гар ин «Дарё»!
Ҳазоронро намудӣ волаи овою овозат,
Ҳазорон офарин, «Дарё», ҳазорон офарин, «Дарё»!
Боғбон
Барои устоди хор Холаҳмади Маҷид
Боғбоно!
Сад гули созу наво парвардаӣ ту,
Сад гули созу наворо
То дили гулпарварон овардаӣ ту,
Сад гули созу наворо
Бо талоши боғбонӣ
Ҷамъуҷўрӣ додаиву пешкаш бар боғи дилҳо кардаӣ ту…
Ҷузъҳоят кош бо ҳам бошаду як боғи кул бошад!
Боғбоно!
Пеши чашмат мазраъи адвор бишкуфта,
Қад-қади ҳар ҷўяи адвори ту эй бас гули овои нотакрор бишкуфта,
Аз гули овои рангин
Дар замин аҳли самоигаштаи толор бишкуфта,
Дар фазо синҷу раву болор бишкуфта.
Ин аҷаб бошад,
Вале дар саҳни гулҳо сеҳри дил бингар:
Зи меҳрат хор бишкуфта…
Хор набвад хори ту, як боғи гул бошад!
Қасди ману ту
Қасди ману ту бошад Мо сохтан зи манҳо,
Дил кофтан зи гилҳо, ҷон ёфтан зи танҳо;
Қасди ману ту бошад дар даҳри зардрўӣ
Дидан зи барги сабзе сарсабзии чаманҳо.
Дар даҳри куҳна умре ҷустем маънии нав,
Шуд кори қисмати мо нав кардани куҳанҳо.
Дур аз амал чи гўӣ моро ту, эй амалдор? –
Беш аз басо амалҳост моро амалсуханҳо!
Дилсўзу аз Ватан дур соҳибватан зиёд аст,
Кам нест дар Ватан ҳам бесўз беватанҳо!37
Эй муддаӣ, чи гўем аз сўзи хеш бесуд? –
Дудӣ туву чи донӣ бедуд сўхтанҳо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё