Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ман Саййидои завқи баландам, ки ин замон
Дар ёди носалаф Насафи хеш нестам…
Ҷавҳару асли наслу зотам ман!
Коиноте ба коинотам ман!
Сели тўфону мавҷу гирдобам,
Шуртаву соҳилу наҷотам ман!
Мору тимору анчару заҳрам,
Асалам, шаккарам, наботам ман!
Муҷриму банда, абду маҳкумам,
Қозии ҷумлаи қузотам ман!
Эй асирони нохушии ҳаёт,
Хуш хатам, муждаи баротам ман!
Бесубот аст умр агар, бодо,
Собитам, сабтаму суботам ман!
Аз азал то абад бувад умрам,
Фориғ аз зодаму вафотам ман!
Дили дарёи ман надорад ҳад,
Вахшаму Обаму Фуротам ман!
Ин Бухоро ҳамон Бухоро нест,
Ман ҳамонам, ҳамон Худотам ман!
Шоири субҳу ровии шомам,
Коғазу хомаву давотам ман!
Фарқи умри ману ту, донӣ, чист? –
Барҳаётӣ ту, зарҳаётам ман!
Чун кунам ман, ки осиёст ҷаҳон?
Чун кунад дил, ки Дон-Кихотам ман!
Сухани гарм биёред!
Сард аст ҳаво, як сухани гарм биёред!
Бар мазраи дил як сумани гарм биёред!
Ин сохтани сард ба сармо бигузоред!
Бо гармии дил сўхтани гарм биёред!
Бар чеҳраи сарде гули уммед расонед!
Гармии нафас аз чамани гарм биёред!
Бо сарддилӣ сарди ҳаворо мафизоед!
Як гармдилӣ баҳри тани гарм биёред!
Аз тирагии сардии дилҳо бигурезед!
Бар маҳфили шамъ анҷумани гарм биёред!
Сардии Ватанро ба дили гарм магиред!
Сад гармии дил бар Ватани гарм биёред!
Эй гармдилон, то гузарад сардии айём,
Ҳезум ҳамагон аз сухани гарм биёред!
Зоғ,
Ҳатто сафед ҳам бошад,
Баски як умр пушти мурдор аст,
Кай чаманзод ё чамандор аст?
Оқи аҳли Ватан, ватандоро,
Доимо андаруни нохунак –
Дар ғаразҳои худ «Ватандор» аст.
Рози осиёббони пир
Осиёби пири аҷдодии ман,
Шоҳиди шодиву ношодии ман,
Ҳамчу чархи қисматам гардидаӣ,
Гушнагиву сериамро дидаӣ.
Гашт сокит ҳар гаҳе оҳанги ту,
Дар сари ман гашт гардон санги ту.
Ҳар гаҳе коҳид донат аз қазо,
Орд кардӣ устухонҳои маро.
Обу донат буд обу дони ман,
Санги гардонат – сари гардони ман,
Гоҳи беобии ту ман гаштам об,
Ашки ман шуд донаат, эй осиёб.
Аз сари ту оби сад дарё гузашт,
Аз сари ман оби ин дунё гузашт,
Гард монд аз бурду аз оварди ту,
Дар сари ман монд охир гарди ту.
Гавҳар
Дарё надошт он ҳама гавҳар, ки дошт дил,
Онро ҳама ба соҳили дилҳо гузошт дил.
Дилро гумошт ҳамдами некў дар ин ҷаҳон,
Бингар, азизи дил, ки чи некў гумошт дил!
Ҷуз моҳи рўи маҳрухе аз шоми худ нахост,
Ҷуз офтоби гармии рўе зи чошт дил.
Онро, ки чашми сар натавонист диданаш,
Бо чашми хеш дид аёну нигошт дил.
Садҳо алам зи ҷавру ҷафоро нагун ниҳод,
Он як алам зи меҳру вафо барфарошт дил.
Аз дони меҳри ҳамнафасон хирманаш пур аст,
Яъне, ҳамон дуруд зи кишташ, ки кошт дил.
Манам Одина Ҳошим…
Манам Одина Ҳошим – ҳофизи уммедҳои халқ,
Шабони тирадил ҳам гуфтам аз хуршедҳои халқ.
Ба шоми тор рўшандил ман аз субҳи сафо гуфтам,
Таҳаммул сад ҷафо бинмуда, аз меҳру вафо гуфтам.
Муроди ман насиҳат буд, як дунёи сиҳҳат буд,
Хушово ҳар сурудам достоне аз муҳаббат буд.
Ҳамеша будаам дар хидмати Модар-Ватан бар по,
Зи Ҳақ гуфтам сухан, то Халқ бошад ҷовидон барҷо.
Чи хуш будам – садоям мўниси ҳар хонадон гардид,
Сурудам чун азизе ҳамдами пиру ҷавон гардид.
Ба халқи хештан мерос агар на симу зар мондам,
Зи симу зар гаронтар – симу зарҳои ҳунар мондам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё