Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Узри беохир барои сода ин ташбеҳ
(Сода ташбеҳе чунин аз васфаки бемояи хуш беҳ!):
Дида - сармасту хумор,
Сина – саршори баҳор,
Аз баландӣ сўи пастӣ меравад Варзоби нотакрор…
Одамӣ дарёдил аст, аммо на дарёст,
Рафтанашро маънӣ аз поин ба болост…
Аз чу дарё рафтанаш, ё Раб, нигаҳ дор!
Иқрор
Гарчи мо ҳам олимони содиқем,
Гарчи мо ҳам шоирони ошиқем,
Лек мебояд шудан мардона иқрор:
Пеши Лоиқ мо ҳама нолоиқем,
Пеши Бозорем мо як майдабозор!
Лоиқи Бозори шеъру шоирӣ мо нестем,
Низ дар бозори Лоиқ зеби савдо нестем!
Фанни Ватан
На, эй азиз, зи нав дар Ватан ватан кардӣ,
Ватан чу нур ту дар чашми мову ман кардӣ.
Ту ҳам зи аҳли амал ҳастиву Ватан обод
Зи хиштҳои тилои тилосухан кардӣ.
Куҳансарои суханро ҷилои нав додӣ,
Бинои тоза зи обу гили куҳан кардӣ.
Хасаш касе шуду хораш гули хаёл туро,
Зиҳӣ, ки аз хасу хори Ватан чаман кардӣ.
Самои хотират аз вижавожа анҷум дошт,
Зи ҳарфи ноби пуранвор анҷуман кардӣ.
Ту тан ба заҳмати ҷонкоҳи шоирӣ додӣ,
Барои шеър зи ҷон ҷанги танбатан кардӣ.
Ғизот – мағзи сухан, шеъри обдор – обат,
Малаксухан шудиву тарки мовуман кардӣ.
Ҳазор ҷўи пур аз шири шеъри ту ҷорист,
Сад аҳсанат, ки равон кори Кўҳкан кардӣ.
Зи фанди нокасу кас дигарат чи бок бувад,
Ки фанди шеъри Ватанро тамом фан кардӣ.


Хуш он шеъре,
Ки бошад инъикоси қудрату азму мароми халқ;
Хуш он шеъре,
Ки бошад иқтибоси вазну тамкину қиёми халқ;
Хуш он шеъре,
Ки дорад ҷўр назми зиндагиро бо низоми халқ;
Хуш он шеъре,
Ки бо ҳар сатри тўлонӣ чу таъриху чу умри шоирӣ кўтаҳ
Биафзояд ба умри бардавоми халқ;
Хуш он шеъре,
Ки гаҳ дар оташи девону гаҳ даврон бисўзад,
Пухта созад лек хоми халқ;
Хуш он шеъре,
Ки бо тиру туфанги нуқтаҳову нуктаҳои хеш
Зи хасми халқ гирад интиқоми халқ;
Хуш он шеъре,
Ки ҳарфаш заҳрсон бошад ба коми хасм,
Бигардад шаҳди ноб аммо ба коми халқ.
Хуш он шеъре,
Ки худ шаҳ бошаду табъаш вазир, аммо
Биёбад хештанро ходими халқу ғуломи халқ;
Хуш он шеъре,
Ки ҳар ҳарфаш дурахшад
Чун нигини тоза дар ангуштарини нангу номи халқ;
Хуш он шеъре,
Ки реши халқро дармон бубахшад бо забони халқ
Ва дарди халқро дармон бисозад бо каломи халқ;
Хуш он шеъре,
Ки бар субҳи фараҳзо,
Шомҳои пурзиё,
Сўи таманно,
Сад ҳазорон рўзи фардо,
Ҷониби аҳли вафо
Бошад саломи халқ;
Хуш он шеъре,
Ки вақти хонданаш
Бо фахр бархезад тамоми халқ!
Ман кистам?
Ман кистам, агар шарафи хеш нестам,
Дар ҳар тарафкашӣ тарафи хеш нестам?
Ман кистам, агар ба чунин даври бедилӣ
Дил нестам ҳама, ба кафи хеш нестам?
Ман кистам, ба разми замину замон агар
Ҳар лаҳза аз дигар ба сафи хеш нестам?
Ман кистам, миёни алавбозҳои даҳр
Огоҳ агар зи нору хафи хеш нестам?
Ман Қобили камонаму ман Ҳобили камин,
Ҷуз тири хешу ҷуз ҳадафи хеш нестам.
На ғолибам ба давру на мағлуб дар замон,
Дар ҷанги хеш ҷуз талафи хеш нестам.
Умре дарун-дарун аламу шодии худам,
Ҷуз сўзи нойу бонги дафи хеш нестам.
Худхорам ончунон, ки ба даҳри чу марғзор
Ҷуз гови хешу ҷуз алафи хеш нестам.
Он содахат китоби вафову муҳаббатам,
Гум гаштаам дигар, ба рафи хеш нестам.
Гаҳ-гоҳ дурам аз худу аз асли худ агар,
Он гавҳарам, ки дар садафи хеш нестам.

пешина
аз 235
навбатӣ