Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй гулнабера, ҷони ман,
Эй наҷми ман, кайҳони ман,
Болои чашмам ҷои туст,
Эй бахти бепоёни ман!
Дилёбу дилбар чун ту нест,
Бар ҷон қаринтар чун ту нест,
Дар авҷи умрам мурғи бахт
Хушболу хушпар чун ту нест!
Эй гулнабера, ҷони ман,
Эй наҷми ман, кайҳони ман,
Болои чашмам ҷои туст,
Эй бахти бепоёни ман!
Ҳарфат чу дар гўши ман аст,
Дунё фаромўши ман аст,
Оӣ дар оғўшам ба ноз,
Бахтам дар оғўши ман аст!
Эй гулнабера, ҷони ман,
Эй наҷми ман, кайҳони ман,
Болои чашмам ҷои туст,
Эй бахти бепоёни ман!
Эй тахти дил, тоҷи сарам,
Аз беғамӣ ёдоварам,
Бо бовар оӣ сўи ман,
Бар бахт ояд боварам!
Эй гулнабера, ҷони ман,
Эй наҷми ман, кайҳони ман,
Болои чашмам ҷои туст,
Эй бахти бепоёни ман!
Бо ту ҷаҳонам зинда аст,
Рўҳу равонам зинда аст,
Эй хушкалом, эй хушзабон,
Бо ту забонам зинда аст!
Эй гулнабера, ҷони ман,
Эй наҷми ман, кайҳони ман,
Болои чашмам ҷои туст,
Эй бахти бепоёни ман!
Бо зиндагӣ ҳампо шавӣ,
Созандаи фардо шавӣ,
Бо сад набера, мисли ман
Хушбахти ин дунё шавӣ!
Эй гулнабера, ҷони ман,
Эй наҷми ман, кайҳони ман,
Болои чашмам ҷои туст,
Эй бахти бепоёни ман!
Рубоиҳои наврўзӣ
Эй сўз, бирав, ки ёри дилсўз омад,
Эй моҳ, бирав, ки он шабафрўз омад,
Эй бахт, биё, ки омад он бахти ҷавон,
Эй ишқи куҳан, биё, ки Наврўз омад!
Дилбохтаям, ишқи туям фирўз аст,
Дилсўхтаям, меҳри туям дилсўз аст,
Ман бе ту чи куҳнарўзам, эй ёри куҳан,
Рўзе, ки бубинамат зи нав, Наврўз аст!
Эй боиси нокомиву пирўзии ман,
Эй мўҷиби дилсозиву дилсўзии ман,
Эй тўшаи шодию ғамат рўзии ман,
Эй лолаи рухсори ту наврўзии ман!
Шуд дар сари кори ишқ кори дили ман,
Хоҳони гули рўи ту хори дили ман,
Гўянд: баҳор нест як гул, аммо
Шуд як гули рўи ту баҳори дили ман!
Мавҷу авҷи суруд
Мавҷи суруди мо то ҳар макон равад,
Авҷи суруди мо то осмон равад,
То гўши ҳамдилон аз мо барад дуруд,
Бар аҳли дил бувад пайғоми мо суруд.
Бошад суруди мо овози зиндагӣ,
Ҳамрози зиндагӣ, парвози зиндагӣ!
Буду набуди мо меҳри Ватан бувад,
Боли суруди мо меҳри Ватан бувад,
Ин бол мебарад моро ба авҷҳо,
Аз ишқи зиндагӣ дил мекунад садо.
Бошад суруди мо овози зиндагӣ,
Ҳамрози зиндагӣ, парвози зиндагӣ!
То аллагў касе бо лафзи тоҷикист,
То рўд ҷориву то шеъри Рўдакист,
Ҳамболи зиндагӣ бошад суруди мо,
Пайғомҳо диҳад аз деру зуди мо.
Бошад суруди мо овози зиндагӣ,
Ҳамрози зиндагӣ, парвози зиндагӣ!
Бодо суруди мо пурбортар шавад,
Бо ҷони ҳамдилон то ёртар шавад,
Дар гўши ҳар диле бодо ватан кунад,
Аз меҳру аз вафо сад анҷуман кунад!
Бошад суруди мо овози зиндагӣ,
Ҳамрози зиндагӣ, парвози зиндагӣ!
Дар хатнасур
Донаҳоят самар шаванд, эй дўст,
Писаронат падар шаванд, эй дўст.
Дар бари аҳли дил мақом кунанд,
То абад кори нангу ном кунанд.
Шамъ бошанд, шамъи ҳамдилҳо,
Нур бошанду ҳусни маҳфилҳо.
Ҳамдами меҳру маҳ шаванд ҳама,
Шаҳписарҳот шаҳ шаванд ҳама!
Таманно
Ишқпарвар дил бихоҳам баҳратон,
Дилкушо манзил бихоҳам баҳратон,
Бовафову босафо фарзандҳо
Оқилу қобил бихоҳам баҳратон,
Ҳар чи мехоҳед аз боғи ҳаёт,
Ҷумларо ҳосил бихоҳам баҳратон,
Лек, ёрон, пеш аз ин баҳри шумо
Дар дили пурмеҳр дорам як дуо:
Хонатон ҳаргиз тиҳӣ аз нон мабод,
Ҷонатон бе шуълаи имон мабод!

пешина
аз 235
навбатӣ