Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Фасли гулу ёсуман муборак бошад,
Дилҷамъии анҷуман муборак бошад,
Ҳар рўзи ҷаҳони куҳна Наврўзи ту бод,
Наврўзи ту, ҷони ман, муборак бошад.
Эй дилафрўз, нишин,
Ёри дилсўз бубин,
Алами куҳна магў,
Гули Наврўз бичин.
Бе ту бувадам рўзу дилафрўзе не,
Сад сўзи дилам бошаду дилсўзе не,
Эй пайки баҳори дили ман, бе рўят
Сад рўзи навам ояду Наврўзе не.
Эй дилафрўз, нишин,
Ёри дилсўз бубин,
Алами куҳна магў,
Гули Наврўз бичин.
Наврўзии ин хоки куҳан бошад кош,
Сарсабзии ин боғу чаман бошад кош,
Ҳар кўза, ки аз хоки Ватан месозем,
Пайваста пур аз оби Ватан бошад кош!
Эй дилафрўз, нишин,
Ёри дилсўз бубин,
Алами куҳна магў,
Гули Наврўз бичин.
Наврўзгоҳи маънавӣ
Дар ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ
Халқи мо бо фазлу бо илму адаб
Соҳиби афкори ноб аст аз қадим,
Бо накў пайғамбари роҳи ҳақаш
Мардуми соҳибкитоб аст аз қадим.
Аввалин пайғамбари соҳибкитоб
Покҷону покдил Зардушти мост,
То кунун пиндору кирдори накў
Дар раҳи ҳақ пуштбону пушти мост.
Халқи мо дар зулмати асру замон
Шамъи илму маърифат афрўхта,
Доим аз ганҷинаи умри азиз
Ганҷи илму маърифат андўхта.
Ҳар ки пайванд аст бо ин марзу бум,
Ҷовидона ҳаст пайванди китоб,
Дар дили ҳар тоҷике барҷо бувад
Ҳайкали бе мислу монанди китоб.
Муҳташам бунёди кохе инчунин
Бар китоб асли муҳаббат будааст,
Рамзи пайванди китобу халқи мо,
Чун давоми Кохи миллат будааст.
Ин бино чун чашми бинои дил аст,
Балки аз хишти муҳаббатҳои мост,
Дурбинӣ асту дурандешӣ аст,
Пояи арзандаи фардои мост.
Пур бувад ин кох аз некў китоб,
Бояд аз хонанда онро пур кунем,
Чун садаф метобад он пеши назар,
Боядаш пургавҳару пурдур кунем.
Бояд он бошад барои ақли мо
Ҳамчу як парвозгоҳи бегазанд,
То ба авҷи донишу номусу нанг
Бол бикшоем аз ин кохи баланд!
Навбаҳори бехазон бошад китоб,
Балки ҷовидона Наврўзи дил аст,
Ақлу дилро гарму рўшан мекунад,
Оташи поки дилафрўзи дил аст.
Эй басо дилташнаи дониш кунун
Ин маконро пур кунад бо тобу таб,
Боғи меҳр аст он, зи меҳри боғбон
Бишкуфад эй бас гули илму адаб!
Хуш ба Наврўз аст нав-нав армуғон,
Хуш ба Наврўз аст, эй ёрон, навӣ,
Зеби Наврўзи ҷаҳонимон бувад
Ин накў Наврўзгоҳи маънавӣ!
Аз фарози кохи бемисли замон
Ин бувад савганд моро дар ҷавоб:
Умри мо пайванд бошад ҷовидон
Бо Ватан, бо ақлу дониш, бо китоб!
Офарин илҳомбахшашро зи ҷон,
Бар ҳама бунёдкораш офарин,
Меҳри мо бояд, ки бошад бар китоб
Лоиқи бемисл кохе инчунин!
Дунёи нур
Бо Вахши нурбахшат дарёи нур ҳастӣ,
Бо кохи пурдурахшат дунёи нур ҳастӣ.
Эй ҷои нур, Норак, дунёи нур, Норак,
Бар чор сў равонӣ бо нури дил, муборак!
Бо ту зиёдтар шуд маънои рўшноӣ,
Бо ту кушодтар шуд маъвои рўшноӣ.
Эй ҷои нур, Норак, дунёи нур, Норак,
Бар чор сў равонӣ бо нури дил, муборак!
Нону намакшиносӣ, кони намак ту дорӣ,
Дар меҳр босипосӣ, меҳри фалак ту дорӣ.
Эй ҷои нур, Норак, дунёи нур, Норак,
Бар чор сў равонӣ бо нури дил, муборак!
Бодо тараб зиёдат, дунёи дил кушодат,
Дар дида нур бодат, дар сина нор бодат!
Эй ҷои нур, Норак, дунёи нур, Норак,
Бар чор сў равонӣ бо нури дил, муборак!
Гулнабера
Пайванди фарзанди манӣ,
Дилбанди садчанди манӣ,
Аз ҷони ширин хуштарӣ,
Шаҳди манӣ, қанди манӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё