Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Аз сар ғами сармо рафт,
Аз дил ғами дунё рафт,
Бемеҳрии дилҳо рафт,
Наврўзи ҷаҳон омад!
Дилбурда - ҳама ошиқ,
Дилдода - ҳама содиқ,
Дилро ҳама шуд лоиқ,
Наврўзи ҷаҳон омад!
Осоиши ҷон - аз ў,
Ороиши хон - аз ў,
Шуд ҷумла ҷаҳон аз ў,
Наврўзи ҷаҳон омад!
Баҳорон табрик!
Имшаби бедорӣ
Ҷўи дар хеш хамўш
Кард ногоҳ хурўш,
Ҳамчу як роҳрави роҳкушо
Шуд равон бо тарабу созу наво,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Ними шаб,
Шуда бо дидаи рўшан бедор,
Чун туву ман бедор,
Кўл аз маҳбаси ях ёфт раҳо,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Моҳи нав –
Он гули зардаки афлок шукуфт,
Бо ҳиҷоби сияҳи абр «худоҳофиз» гуфт,
Нозанин
пас ба замин
карда нигоҳ,
Дид дар оинаи кўл чи зебо худро,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Субҳдам
Омад аз дур парастуи шинос
Боз бар лонаи дерин ба сипос,
Бол афшонда дилоро чу ҳумо,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Баъд аз ин
Муғча нагунҷид ба пўст,
Гуфт: «Берун некўст!»
Ғунча хандидаву гуфт:
«Рост гуфтӣ, эй дўст!»
Ёфт раҳ бўи раҳидан ба фазо,
Кард булбул ба қафас низ наво,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Хўҷаи Хизри саҳар
Ҷелаки сабзи баҳораш дар бар,
Саллаи сабзи баҳораш бар сар,
Селаи турнаи хушбол чу тасбеҳ ба даст,
Рўшанипарвару анворпараст,
Дастаи нури сабоҳаш чу асо,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Ин саҳар
Файзи фалак рехт, ки рехт,
Ашки шодии малак рехт, ки рехт,
Балки омад ба замин нури Худо
Қад-қади риштаи борон зи само,
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Хама шаб
Ҷўй садо карду садо,
Кўли дилҷўй садо карду садо,
Моҳи афлок садо карду садо,
Рўшану пок садо карду садо,
Пурнаво лона садо карду садо,
Мурғаку дона садо карду садо,
Ғунча болида садо карду садо,
Булбулаш дида садо карду садо,
Риштаи нур садо карду садо,
Бо лаби ҳур садо карду садо,
Хизри тадбир садо карду садо,
Балки тақдир садо карду садо…
Гашта саршор аз анбўҳи садо,
Дили ман шуд, бахудо, кўҳи садо,
Бо садоҳои баҳорон ба шумо
Гуфт: «Баҳорон табрик!»
Наврўз ҷаҳонӣ шуд
Эй чашма, биҷў роҳе, айёми равонӣ шуд,
Эй рўд, дигар даври дархешнамонӣ шуд,
Эй олами пир, аз нав даврони ҷавонӣ шуд,
Эй тозаҷаҳони дил, Наврўз ҷаҳонӣ шуд!
Сабзид дили саҳро, сабзид дили кас ҳам,
Хори дили мо гул кард, сарсабз бишуд хас ҳам,
Олам ҳама шуд дилҷў, одам ҳама дилрас ҳам,
Эй тозаҷаҳони дил, Наврўз ҷаҳонӣ шуд!
Аз нури чароғи дил ҳар чашм дурахшон аст,
Аз ҷўшу хурўши дил ҳар чашма хурўшон аст,
Аз боғу баҳори дил ҳар гўша гулафшон аст,
Эй тозаҷаҳони дил, Наврўз ҷаҳонӣ шуд!
Дар гўши дил аст имрўз акси сухани Наврўз,
Ёрони куҳан ҷамъанд дар анҷумани Наврўз,
Гардид ҷаҳон имрўз аз ҷон Ватани Наврўз,
Эй тозаҷаҳони дил, Наврўз ҷаҳонӣ шуд!
Ҳар коҳиши дил имрўз як дилбари ҷонӣ шуд,
Сад ишқи ниҳон аз дил ворасту аёнӣ шуд,
Бо ишқ ҳама ҷовид дар олами фонӣ шуд,
Эй тозаҷаҳони дил, Наврўз ҷаҳонӣ шуд!
Паёми наврўзӣ
Сўз аст ҳама рўзу шабон рўзии дил,
Ишқ аст чароғи оламафрўзии дил,
Аз олами тоза баҳри ёрони куҳан
Меҳр аст фақат паёми наврўзии дил.
Эй дилафрўз, нишин,
Ёри дилсўз бубин,
Алами куҳна магў,
Гули Наврўз бичин.
Эй сўз, бирав, хаёли дилсўз омад,
Эй субҳ, бидам, ишқи дилафрўз омад,
Бар ҳарфи лабони ғунчаҳо гўш бидеҳ:
Эй ёри куҳан, биё, ки Наврўз омад!
Эй дилафрўз, нишин,
Ёри дилсўз бубин,
Алами куҳна магў,
Гули Наврўз бичин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё