Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар зиёиӣ, эй дили сода, Бо раҳи дил бирав наафтода, Бо раҳи тозаву ба расми куҳун Дар худат маҳви бесаводӣ кун!
Бигзар аз рўзгори олимсоз, Дар худат мактабу муаллим соз!
Дуртар аз вазорати фарҳанг Дар худат кун иморати фарҳанг!
Ин мулоқоти поки наврўзӣ Расми дилсозӣ асту дилсўзӣ, На куҳанҳарфиву куҳангўист, Ҷои аз дарди дил сухангўист.
Марди дунёст Сарвари кишвар, Гўш надҳад ба кўчагӣ дигар!
Хидмати аҳли дил на кафкўбист, Хидмати аҳли дил хазафрўбист, Шеъру афкору санъати хуб аст, Бар дилу рўҳ хидмати хуб аст!
Ҳаст эй бас баланд ин минбар – Минбари Халқ, минбари Сарвар, Нест майдони худнамоиҳо, Касфурўшиву худбаҳоиҳо, Маҳфилаш саҳнаи тамаллуқ нест, Сарвари мулк бетааллуқ нест, Ў тааллуқ ба ростӣ дорад, Ростиро каҷӣ намефорад!
Рўзи интихоб
Омад аз нав боз рўзи интихоб, Дод бар ҳар сина сўзи интихоб.
Дид бояд нек фоли мулкро, Пурсаодат ҳафт соли мулкро.
Ҳафт соли тоза набвад ҳафт сол, Бошад он ҳафтод соли бемисол, Интихоби он касе пас воҷиб аст, К-ў ба дунё халқи худро соҳиб аст!
Он ки ў афканд аз по ҷангро, Кард охир танг ҳоли тангро, Он ки бо ҷон буд пайвасти диёр, Хест бар по, гашт ҳамдасти диёр, Лаҳзаи мушкил, накарда мову ман, Дарси мардӣ дод бар аҳли Ватан, Хешро зад байни обу оташаш, Сохт соҳибсарҳадаш, шуд Орашаш!
З-он ҳама мушкил магар осон гузашт? – Борҳо аз худ гузашт, аз ҷон гузашт!
Халқро аз асли халқ огоҳ кард, Халқро раҳ доду соҳиброҳ кард, Бо дили дарёву бо рўи кушод Роҳу расми неки пулсозӣ ниҳод, Кард афзун меҳру ёриро зи нав, Хислати бунёдкориро зи нав, Ақлро омехт бо қалбу гудохт, Сохт давлат аз дигар, ҳам халқ сохт!
Инак, омад боз рўзи интихоб – Рўзи фарқи тозаи об аз сароб, Пеши рў омад фаровон номзад, З-он миён фарде мабодо номбад, Лек номи неки як тан дигар аст, Офтоб аст ўву боқӣ ахтар аст!
Бингар он симои миллат гаштаро, Рамзи подории давлат гаштаро, Тоҷикона рўнакўю дилнакўст, Гарму рўшан хонаҳои дил аз ўст!
Аз миён бархез, аё эй далқдор, Ў Ватандор асту ҳам ў халқдор!
Ўст раҳбар, раҳзане даркор нест, Ўст сарвар, ҳоҷати сарбор нест!
Дар ҳама минбар баланду сарфароз Ў забони мост – поку дилнавоз!
Олам аз ин тоҷдори ному нанг Тоҷикистонро шиносад бедиранг!
То ки бошад боз ҳам халқ инчунин – Сар ба авҷи қисмату по бар замин, Сўи бахти хеш бошад раҳкушо, Ҳар раҳе бошад барояш раҳнамо, Чашми бахташ то шавад пурнуртар, Дасти азмаш то шавад пурзўртар, Пур варо арзанда фарзандон шавад, Ҳар нафар Эмомалӣ Раҳмон шавад, Бо тамоми ҳастиам имрўз ман Медиҳам овоз бо номи Ватан, Субҳдам, бўсида рўи Офтоб, Мекунам рамзи Ватанро интихоб!
27.10.13 Наврўзи ҷаҳон омад
Гулбоди вазон омад, Гул ғунчадаҳон омад, Булбул ба забон омад, Наврўзи ҷаҳон омад!
Тири ба камонаш бин, Раъди бафиғонаш бин, Фотеҳ ба ҷаҳонаш бин, Наврўзи ҷаҳон омад!
Шаб гарму мунаввар шуд, Чашмаш ҳама ахтар шуд, Бо рўз баробар шуд, Наврўзи ҷаҳон омад!
Раҳҷў шуда ҳар ҷўе, Хушбў шуда ҳар сўе, Хушрў шуда ҳар рўе, Наврўзи ҷаҳон омад!
Бин дилбариаш афзун, Нурофариаш афзун,
Шуд муштариаш афзун – Наврўзи ҷаҳон омад!
Дунё ҳама хушгил шуд, Хушгил ҳама хушдил шуд, Хушдил ҳама маҳфил шуд, Наврўзи ҷаҳон омад!

пешина
аз 235
навбатӣ