Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Бувад он рамзи истиқлоли тоҷик,
Раҳи парвози тоҷик, боли тоҷик,
Дар он чун фолу чун омоли тоҷик
Дурахшад ахтари иқболи тоҷик!
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Раҳи испеду рўсурхӣ аз он аст,
Аз он сарсабзии мо ҷовидон аст,
Ба авҷи зиндагӣ то парфишон аст,
Баҳори умри тоҷик бехазон аст!
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Наврўзи Данғара
Наврўз мерасад зи гулафшони Данғара,
Гулзори ваҳдат аст гулистони Данғара.
Гулҳои чеҳраҳо гули Наврўзи миллат аст,
Наврўзтинатон – ҳама меҳмони Данғара.
Аз шодӣ ашк мечакад аз чашми чашмаҳо,
Рахшад ба гўшҳо дури борони Данғара.
Сарсабзу сарбаланд бувад кўҳу дашти ў,
Бошад сари баланд Бадахшони Данғара.
Эй дашти дилвасеъ, бубин бо дили васеъ
Нангу ғурури Восеъи Хатлони Данғара!
Темурмалик ба паҳлўи Восеъ расида шод
Аз Суғд, аз гузаштаи пуршони Данғара.
Бо чашми дил бубин, ки бувад як ҳисори нанг,
Бодо бапо Ҳисори ҳисорони Данғара!
Дилро ба ҳар канори Ватан васл медиҳад
Сад риштаи тилоии Раштони Данғара.
Зар мефишонад аз лабу дил бар сари Ватан,
Заррин шавад Ватан зи Зарафшони Данғара.
Аз баҳри рўшанист ҳама роғ равзане,
Рўшандил аст мулк зи Роғони Данғара.
Саҳрои Вахши мост агар махзани сахо,
Инак, расида навбати Вахшони Данғара.
Ёрони бонамак, ҳама аз дер будаем
Мадюни обу нону каҳу дони Данғара.
Осуда бод ҷону дилат, эй куҳандиёр,
Ҷону дили ту гашта дилу ҷони Данғара.
Чун нури чашми дил ту ба ҳар чашми дил бубин
Дар минбари ҷаҳон рухи хандони Данғара.
«Шаҳнома» оваред, ки гўяд ҳакимвор
Аз нангу ори Рустами Дастони Данғара.
Наврўз бод доиму Наврўзгоҳ бод
Дар чор фасл давраву даврони Данғара!
Ин мулоқоти поки наврўзӣ…
Ин мулоқот, эй мулоқӣ, нест
Гул задан бар кулоҳу тоқӣ!
Нест
Ҷониби ҷашнгоҳ рафтан ҳам,
Ҳамчу ҳангомахоҳ рафтан ҳам!
Ин мулоқот кори сангин аст,
Кори як марди заҳматоин аст,
К-аз диёраш зиёиён хоҳад,
Аҳли дил хоҳад, аҳли ҷон хоҳад,
Аз ғаму дарди халқи мо гўяд,
Аз дилу ҷону ҳалқи мо гўяд.
Мо вале будаем дар суҳбат
Ончунон пурдилу ба он вусъат?!
Войи мову шумо!
На он сонем,
Войи дигар, агар намедонем!
Мо кам аз хешу беш камзарфем,
Хешхоҳем сахту пурҳарфем,
Ҳарфамон ҳамчу завқамон пир аст,
Ҳамчу нури чароғи тасвир аст –
Кай аз он гарм мешавад як дил?
Ҳайфи он шамъ,
Ҳайфи он маҳфил…
Лек гарм аст, гарм кафҳомон,
Ё ки дар каф бувад ҳадафҳомон?!
Дилзанӣ ку?
Ба кафзанӣ хубем,
Бо кафи сахти хеш мекўбем
Ҷумла андешаи мулоимро,
Завқро, фикрҳои солимро.
Ман чи гўям зи ҳоли оқилҳо? –
Бар тарозуст дидаи дилҳо…
Камдилон лек пур ҳамегўянд,
Дурбинанд,
Дур ҳамеҷўянд:
«Ман намехостам сухан гўям,
Бояд аммо ду-се даҳан гўям…»
Ғайри ҳазён дар он суханҳо нест,
Манъи ақл аст,
Ҳеҷ маъно нест,
Ҳарфи бемағзи беҳад аст фақат,
Зишту бадрў хушомад аст фақат.
Бо чунин сатҳи пасту ҳиммати паст
Меравад фитрати баланд аз даст!
Ё раб, аз он ҳама хазафпора,
Мешавад маҳфилу ҳадаф пора!
Сарвар аз ибтикор мегўяд,
Роҳу тадбири кор меҷўяд,
Мо дар ин раҳ магар на бо ўем,
К-аз ғами асли худ намегўем?
Инчунин гар хамўш биншинем,
Дар тарақҳо чу муш биншинем,
Ё ки гўему беҳадаф гўем,
Зар ниҳон монаду хазаф гўем,
Розҷўро ба чашми кам бинем,
Ростгўро чу муттаҳам бинем,
Мо чи ёрони Сарвари мулкем? –
Ёри нодони Сарвари мулкем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё