Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Аё куртачакан,
Нисорат дили ман!
Эй куртачакан, ба доманат гул дорӣ,
Дар гўши дилам чаҳ-чаҳи булбул дорӣ,
Дорӣ ҳамаву беҳ зи ҳама дил дорӣ,
Моро ба дилу ба дида манзил дорӣ.
Гули боғи дилам,
Ба боғам ту биё!
Машав доғи дилам,
Суроғам ту биё!
Эй куртаи ту ба сурати авҷи фалак,
Эй омада аз авҷи фалак мисли малак!
Аё моҳи само,
Бубин сўи замин,
Биё ҳамчу зиё,
Ба чашмам бинишин!
Эй куртаи ту ба сурати фасли баҳор,
Дар мулки дилам фақат туӣ асли баҳор!
Бишкуфтарухӣ чунону бишкуфтадилӣ,
Танҳо туӣ ин баҳор аз насли баҳор!
Рухат гул бувадо,
Канорат чу чаман,
Бубин умри садо,
Аё куртачакан!
Эй куртачакан, рўяки ту гул воре,
Рўи ту гул асту доманат гулзоре.
Дар боғи ту афтода ману булбули зор,
Ман васли ту мехоҳаму ў васли баҳор!
Нишона
Зи қисмат чу давлат дар ин хуш замона
Ҳамин обу хок аст бар мо нишона.
Бигирем дар ҷон навин ин ҳақиқат,
Бимонем барҷо куҳан он фасона.
Чи кишт аст ин ҷо - бирўяд гулу хор,
Худоро, биҳишт аст ин ошёна.
Ҳуморо раҳо кун ту бо лофу Қофаш,
Ҳумое нав офар аз ин обу дона.
Зи обаш - туро обрў баҳру дарё,
Зи хокаш шавад остон осмона.
Сухан гарм овар, ки дилҳо шавад гарм,
Занад ҳамчу оташ забонат забона.
Вафоро, сафоро дар ин мулки воло
Карона мабодо, мабодо карона!
Зинда доремаш…
То ки Яздон чархро гарданда дошт,
Дошт ҳар халқе забон, оянда дошт;
Халқи моро худ забон арзанда дошт,
Тобу таб бахшидашу тобанда дошт,
Болу пар бахшидашу боланда дошт,
Зебу фар бахшидашу зебанда дошт;
Доимаш аз ганҷи дил оганда дошт,
Дошт озоду ба маънӣ банда дошт.
Дўстро шаҳди забон пурханда дошт,
Хасмро теғи забон афканда дошт,
Хушдилонро фарруху фархунда дошт,
Баддилонро гандаву шарманда дошт;
Ин забон моро чунин поянда дошт,
Зинда доремаш, ки моро зинда дошт!
Деҳа
Сабдазорӣ –
Чун нигоре
Соябоне бар сарат дар ҳар куҷо як сабда36 дорӣ.
Сабдаҳоят чун сабадҳост
В-ин сабадҳо,
Бемуҳобо,
Ошёни мурғакони хушпару хушболи дилҳоянд!
Лек аз наздик ҳар гоҳе бубинӣ,
Села-села
Дар сабадҳои ту доим
Кўдакони содаат –
Он мурғакони хушпару хушболи ту ҷоянд!
Нест боке ҳам туро аз заҳри гармоҳои беҳад,
Чунки дар ҳар сабдаи худ
Подзаҳри соя дорӣ як сабад!
Тоҷикӣ
Мекунам таклиф оламро ба чойи тоҷикӣ
Зери овои хуши танбўру нойи тоҷикӣ!
Мурғи савти тоҷикиро то фалакҳо сар диҳед,
То биафшонем шодон дасту пойи тоҷикӣ!
гардуни гардон кош тоҷик ҷовидон
Базмороӣ кунад бо ҳўйу ҳойи тоҷикӣ!
Андар ин дунёи савдо аз ту хоҳем, эй Худо,
Ҳеҷ гаҳ надҳад садо афсўсу войи тоҷикӣ!
Кош як доро шавад, дорандаи дунё шавад,
Ҳар куҷо тоҷик шавад бемисл бойи тоҷикӣ!
Тоҷбарсар боду сарболо ба дунё доимо,
То ба гардун сар кашад коху саройи тоҷикӣ!
Меҳмоно, ту ғами ноҷои ҷо ин ҷо махўр,
Баҳри ҳамдил дар дилу ҷон аст ҷойи тоҷикӣ!
Интихоботи ҷаҳонро, дўстон, даъват кунед,
То барои ҳамдилӣ бидҳем ройи тоҷикӣ!
Парафшон парчами мо зинда бодо!
Нишони кишвари паҳновари мост,
Умеди халқи таърихофари мост,
Ба дунёи парафшонӣ пари мост,
Ба авҷи фатҳу нусратҳо сари мост.
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Ба ҳар ҷое, ки боло мешавад он,
Сари болотари мо мешавад он,
36 Сада, сабада.
Чу бо се ранги зебо мешавад он,
Бари рангинкамон ҷо мешавад он!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё