Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷўш бизан, ҷўш бизан,
Ташнагии мо бишикан,
Соф бимон, пок бимон
Чун дили мо, чун дили ман.
Чашми пур аз нур шавӣ,
Марди раҳи дур шавӣ,
Чашмаи маъмур шавӣ,
Чашмаи машҳур шавӣ!
«Шеър»
Гул гуфтему гул гуфтем,
Овози булбул гуфтем,
Мурғаку дона гуфтем,
Мўяку шона гуфтем,
Очаву додо гуфтем,
Ҷону дили мо гуфтем.
Апаву хоҳар гуфтем,
Ба ҷон баробар гуфтем,
Моҳу Фарзона гуфтем,
Ҳарду дугона гуфтем…
Гуфтем аз ону аз ин
Равону поку ширин,
Мо бехабар, худ ба худ
Як шеъри нав пайдо шуд!
Аз маҷмўаи
«ХОМАСЎЗАН»
(нашриёти «Адиб», 2014)
Салом
Салом, эй дўстон, эй ҳамгилон, эй ҳамдилони ман,
Салом, эй ҷамъи ман, эй шамъи ман, ҳаммаҳфилони ман.
Манам як пораи ин хоки пок, ин оби рўшандил,
Расидам, инак, он сон поку рўшандил ба ин маҳфил.
Задам давре ба гирди хешу баргаштам ба оғозам,
Худоро шукр, аз нав бо шумо ҳамроҳу ҳамрозам.
Аз ин ҷо буд оғозам, давоме гар маро бошад,
Талоши ном аз ин ҷо буд, номе гар маро бошад.
Чи гўям ман, шумо ҷону дилед, охир, манам як тан,
Чи гуям ман, ки медонед афзунтар маро аз ман.
Ба мисли модарам ман хуш зи некў бахтатон будам,
Ҳамеша чун падар ҳамрози рўзи сахтатон будам.
Хумори кулчаҳои тўйи тифлони шумо бошам,
Мабодо шоҳиди чашмони гирёни шумо бошам.
Накардам баҳратон коре, фақат бигдохтам худро,
Дар ин вайронадунё аз шумо ман сохтам худро.
Агар ҳарфе зи шеърам дархури ҳоли шумо омад,
Чи ҷои ҳайрат аст, охир, ки аз фоли шумо омад.
Ба ҳар ҳоле, ки будам ман, шумо дар ёди ман будед,
Шумо як пораи дил, мактабу устоди ман будед.
Басо устод дидам, беҳтаринаш лек мардум буд,
Мани дилгушнаро ҳар ҳарфи мардум нони гандум буд.
Аз ин рў, хештанро дар канори мардум афкандам,
Дар он ҷо маҳз фаҳмидам, ки аслан чунаму чандам.
Ман андар он канори гарму дилҷў гум шудам охир,
Раҳо аз саргумӣ гардидаму мардум шудам охир.
Ҷаҳонро гар шунидам ман, шумо будед гўши ман,
Агар фаҳмидаам чизе, шумо будед ҳуши ман.
Шумо чашми дилам будед, дунёро аён дидам,
Шумо ҳампои ман будеду ман рўи ҷаҳон дидам.
Шумо дастам гирифтеду шудам ҳамдасти дунёе,
Зи худхоҳӣ раҳидам ман, шудам пайвасти дунёе.
Шумо, инак, манед, эй ҳамдилону ман шумо ҳастам,
Садои ман шумо ҳастед, ман кўҳи садо ҳастам.
Садоҳои шуморо карда андар ҷону дил афзун,
Чу кўҳи Нор охир мекунам аз синаам берун.
Чу ҳарфу маъниаш аз қаҳру аз меҳри шумо бошад,
Агар арзанда сатре гуфтаам, шеъри шумо бошад.
Зи васфи зумраи арзонсухан ҳаргиз наболидам,
Ба ҳақгўён ниҳодам рў, зи ҳақ ҳаргиз нанолидам.
Нагуфтам нав агар, нав-нав зи ғамҳои куҳан гуфтам,
Ба рағми талху шўри зиндагӣ ширин сухан гуфтам.
Ба рағми ноумедӣ доимо уммед парвардам,
Ба рағми сардии даврон суханҳо гарм овардам.
Ҷаҳон ҳаргиз наҷустам, худ барои худ ҷаҳон будам,
Наҷустам минбаре, худ минбари пиру ҷавон будам.
Шудам ҳамдил ба дил дар зиндагӣ, ҳамсар ба сар гаштам,
Нагаштам гирди номи ҳеҷ кас, гирди ҳунар гаштам.
Бубахшедам, агар ранҷондаам гоҳе шуморо ман,
Ки натвонистаам дигар кунам ҳукми қазоро ман.
Шумо ҳастед манзурам, шумо ҳастед рози ман,
Сазовори шумо будан бувад умре ниёзи ман.
Бародар бо шумоям, бо шумо ман шодаму маҳзун,
Баробар бо шумоям, аз шумо ман нестам афзун!

пешина
аз 235
навбатӣ