Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ормон
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сўи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.
Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,
Ки андар осмонаш пурҷило тирукамон бошад.
Қасам бо шири модар хўрдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.
Дилу рўи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,
Ки мулки кўчакам дар чашми дунё бекарон бошад.
Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонамро,
Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.
Басо хорӣ кашида, ғунчаи уммед парвардам,
Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.
Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,
Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзӣ нишон бошад.
Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,
Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.
Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,
Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.
Таронаи тоҷ
Ватан,
Ватан,
Ватан,
Ватан,
эй додаи Яздон;
эй маншаи имон;
эй тахту тоҷи сабз гашта
аз арақҳои ҷабину хуни поки қалби аҷдодон;
эй тахти реша дар дили мардум;
Ватан,
Ватан,
Ватан,
Ватан,
Ватан,
эй тоҷи болотар зи афлоку нигинаш хўшаи анҷум;
эй аллаи ҳар модари тоҷик;
эй достони носуруда дар дили ҳар шоири тоҷик;
эй сарпаноҳи ҷумла парвозиву ҷумла бепари тоҷик;
эй дар замин хуршеди тоҷик,
моҳи тоҷик,
ахтари тоҷик;
Ватан,
эй меҳри дил,
эй муҳраи ҷон,
зери ин гардуни гардон меҳвари тоҷик!
Фаровон сарзамин,
аммо замини решаҳои мову ман яктост,
Чунин дашту даман якто,
чунин боғу чаман яктост,
Худо яктост дар дунё,
худодод ин Ватан яктост!
Ватан,
мо аз ту умре қарздорем,
Дигар бояд ба дастат дил супорем,
На по, бояд ба хокат сар гузорем!
Ба тифлӣ хўрда гар хоки туро мо бо умеди пок сабзидан,
Тани моро
хўрад хоки ту бояд
баъди ҷонро бар ту бахшидан!
Кунад ҳар кас маҳалбозӣ дигар,
нони Ватан-Модар ҳаромаш бод!
Кунад ҳар кас мағалбозӣ дигар,
гум аз ду дунё нақшу номаш бод!
Бадӣ ҳар кас ба ин некў Ватан-Модар бихоҳад,
заҳри ҷонаш шири момаш бод!
На суғдиву бухориву бадахшонӣ,
На раштиву самарқандиву хатлонӣ,
На балхиву ҳисориву зарафшонӣ,
На вахшиву хуросониву фарғонӣ,
Ба як мазҳаб,
Ба як динем дигар,
Дини поки қобили табрик –
Ману моем аз ин пас
халқи яктан,
халқи якдил,
халқи якҷон –
тоҷвар ТОҶИК!
Рози Ватан-Модар
Ман Модарам,
Тоҷикистонам,
Бо решаҳои сабз дар аъмоқи даври бостон,
Бо шохаҳои сабз бар авҷи осмони ин замонам.
Зодаи мананд
Эй басо қаҳрамонони куҳан,
Эй басо офарандагони ҷовидона сухан.
Бо лафзи ман
Васф шуда зўри мардию ҳусну ҷамоли зан,
Садоқату матонат
Ва муҳаббати Ватан.
Мо ду танем,
Ки умре ҳамбаданем:
Ин хок тан аст,
Ман – ҷон
Ва меҳри Модар-Ватан
Тавонбахши фарзандон.
Некў зодагони ман
Поянда кардаанд ин Ватанро,
Гулбасар доштаанд ин марзи куҳанро,
Равшан намудаанд чароғи ин абадӣ анҷуманро.
Ман модарам,
Тоҷикистонам,
Агар фарзандонам гулкоранд,
Лоиқи табрикам
Ва гар хоранд,
Ба ғам наздикам.
Чи мехоҳам аз ин дунё? –
Подор тахти бахти фарзандон.
Аз чи метарсам дар зиндагӣ? –
Аз рўзи сахти фарзандон.
Ҳазорон бор тир хўрдаам,
Балки ҳазорон бор мурдаам,
Аммо ҳар бор
Аз нав барпо шудаам,
Аз нав эҳё шудаам,
Охир, зиндадори умеди фардоям ман,
Модари Синоям ман!

пешина
аз 235
навбатӣ