Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Тоҷикӣ – дилу ҷонаш, Японӣ – чашмаконаш, Бо худ шодӣ меорад, Дилкушодӣ меорад.
Дилкаш асту дилҷўй аст, Хушзабону хушгўй аст, Кӣ гуфт: ў бегона аст? – Азизи ин хона аст, Ба дилу ҷон қарин аст, Моро хоҳар барин аст!
Ба бобои мо хушнуд Чун ба бобоҷони худ Мегўяд ширин-ширин Бо лафзи асал барин:
«Ман сето бобо долам:
Якум – бобои Лустам, Дуюм бобои Хуллам, Сеюм – шумоло долам!»
Шафоат ҷони бобост, Хоҳараки ҷони мост!
Бехоб
Ана, соат ҳам даҳ шуд, Рўшантар қурси маҳ шуд, Ором шуд ҳама ҷо, Наояд ягон садо.
Хайбару Мошон хобид, Мурғаки марҷон хобид, Говаки ало хобид, Бузаки бало хобид, Ширин хобида ҳатто Баррача бо чашми во.
Ин хобиду он хобид, Тамоми ҷаҳон хобид, Хоби бобо ҳам омад, Хоби момо ҳам омад, Бедор аммо Ҷаҳонгир, Ку чораву ку тадбир?!
Кай парвои шаб дорад? – Хандаҳо ба лаб дорад!
То ними шаб мебозад, То афтодан метозад…
Меафтад рўи ҷогаҳ Беҳол ў баногаҳ, Дар бари мо мехобад, Аҷаб зебо мехобад!
Шогуна
Момо омад аз духтур, Даҳонаш аз ханда пур, Ҳама сўяш давидем, Аз очаҷон пурсидем, «Очаҷон,
- гуфто,
- нағз аст, Ниничааш чун мағз аст, Мағзи ширини бодом, Мондемаш Шогуна ном.
Кўтоҳи гап, Шогуна Аз сар то по – могуна, Хушбину шоду хандон, Яъне, мисли худамон!
Чун акааш Ҷаҳонгир Дилҷўй асту дилпазир, Мисли акаҷони худ Мехонад доим суруд, Сурудаш ранга-ранга:
«Ға-ға»-ю «Инга-инга»!
Хоб
Гуфтам, ки хоб кардам, Хобам наомад.
То даҳ ҳисоб кардам, Хобам наомад.
То навад кардам ҳисоб, Хобам наомад.
То ба сад кардам ҳисоб, Хобам наомад.
Аз нав бурдам бесадо То сад ҳисобам…
Саҳар хезам, ки кайҳо Бурдаст хобам!
Кунҷковӣ
Одамон оянд аз роҳ, Роҳ аз куҷо меояд?
Рўшанӣ ояд аз моҳ, Моҳ аз куҷо меояд?
Гов алаф мечарад, Алаф чи мечарад худ?
Ароба мебарад бор, Бор чи мебарад худ?
Бачаро зода оча, Кӣ зодааст очаро?
Як ҷо истода соҳил, Меравад дарё чаро?
Ҳар саҳарӣ ба мактаб Чаро меравад Барзу?
Чаро мактаб як саҳар Намеояд пеши ў?
Кўл чаро пури об?
Кўҳ чаро баланд аст?
Ними шабу аз савол Сари ман аз чи банд аст?
Ба ҷўи деҳаи мо Об аз куҷо меояд?
…Ба чашмони ман охир Хоб аз куҷо меояд?..
Очаи зоча
Очаҷонаш оча буд, Очаи Зебоча буд.
Зебо духтари ў буд, Доим дар бари ў буд.
Падараш Зоча харид, Баҳри Зебоча харид.
Зебоча гул-гул шукуфт, Хобонду аллааш гуфт.
Зебоча ҳам оча шуд, Очаҷони Зоча шуд!
Сафар
Яку дую се…
Ура!
Мошин даромад ба раҳ!
Кўчаи мо қафо монд, Сирку дарё қафо монд, Мағозаи калон ҳам, «Олами кўдакон» ҳам, Бозорро гузаштем, Гулзорро гузаштем, Ба росту чап гаштем, Саргарми гап-гап гаштем…
Шаҳр оқибат монд ақиб, Деҳаи мо шуд қариб!
Чўҷа, ҷўча ва Хўҷа (шеъри тезгўяк) Гузашта рафт аз кўча Чўҷа ба лаби ҷўча, Хост аз ҷўча хўрад об, Хўрд пои чўҷа тоб.
Дид худашро чўҷа Ногаҳ дар байни ҷўча.
Ҷўча чўҷаро мебурд, Чўҷа ҷўчаро мехўрд…
Ин дам гузашт аз кўча Соҳиби чўҷа – Хўҷа, Чашмаш ба ҷўча афтод, Ба ҳоли чўҷа афтод, Ба ҷўчаи зар афтод, Ба чўҷаи тар афтод…
Чўҷаро Хўҷа гирифт, Аз оби ҷўча гирифт, Шодон, дар дасташ чўҷа, Рафт ба хона Хўҷа…
Чашма
Баччаи кўҳу дараӣ, Чобукӣ, оҳубараӣ, Дар раҳи худ шаршараӣ, Ҷўиву рўди сараӣ.
Рўд шавад аз ту равон, Баҳр шавад аз ту дамон, Сабза шавад аз ту нишон, Сабз шавад аз ту ҷаҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё