Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Туро боз барҷост макру ҳиял…
Аё одамӣ, нестӣ ҷуз даме, Физоӣ чаро ҳар даме мотаме?
Магар Рустамат буд пайванди шар, Ки дасташ ба хун аст пайваста тар, «Ду дасташ пур аз хун зи модар бизод», Ки як рўзи бе хун надорад ба ёд?!
Худоё, дигар ҷои гуфтор нест, Чу одам касе дар ҷаҳон хор нест, Баҳои ҳама чи ба кайҳон шавад, Вале одам арзону арзон шавад…
Аё одам, эй тоҷи чархи барин, Ҷаҳонро нигинӣ дар ангуштарин, Ба таърихи худ гар нигоҳе кунӣ, Дили хешро пур зи оҳе кунӣ, Ки аз қисматат мепарад хоби чашм, «Яке достон аст пуроби чашм», Агар рў ниҳӣ сўи гуфтори ҳақ, Ҳамин қиссаи мозият бас сабақ…
Суруди аввали намоиш садо медиҳад.
Парда пўшида мешавад.
1989-90, 1998-99 Аз маҷмўаи
«МАҲВОРА
ДАР ГАҲВОРА»,
(«Истиқбол», 2008)
«Меҳмони нав»
Очаҷонам аз духтур
Омад бо бағали пур, Омад ў бо нинича,
Аҷаб зебо нинича!
Шуд дар гирди хони нав Гап-гапи «меҳмони нав», Момо шукри меҳмон кард, Ўро дуои ҷон кард,
Бобо ҳам кардаш дуо:
«Ҳамсоли бобо бодо!»
Дар ин рўзи дилписанд Ман ҳам шодаму хурсанд, Дилшод аз ниниҷонам, Лекин каме ҳайронам:
Дар хонаи худамон
Чаро гўяндаш «меҳмон»?!
«Нинило»

  • Нинило, эй Нинило!
  • Нинило, ин ҷо биё!
  • Бобоям ку, Нинило?
  • Момоям ку, Нинило?
  • Нинило, холаҷон ку?
  • Зочаи Лолаҷон ку?
  • Велосипедам куҷост?
  • Тўби сафедам куҷост? – Ин ба ҳама аён аст:
    Овози Аъзамҷон аст.
    Ба ҳар чиз ў дорад кор, Дорад саволи бисёр.
    «Нинило»-яш Нуруллост, Яъне, бародари мост.
    Рухсора
    Рухсораҷон, Рухсора, Рухсораи маҳпора,
    Ороми ҷони оча,
    Ёрирасони оча,
    Аллагўяки хоҳар,
    Курташўяки додар,
    Сумкабараки ако,
    Тоҷи сараки додо!
    Қаҳр
    Ба қаҳр ояд Аъзамҷон, Мешавад дунё вайрон, Мегўяд: «Дарё – аз ман!
    Сабзаи саҳро – аз ман!
    Очаву додом - аз ман!
    Момаву бобом – аз ман!
    Қайчиву шона – аз ман!
    Тамоми хона – аз ман!»
    Лекин як-ду лаҳза пас, Ҳамин ки шуд қаҳраш паст, Босаховат мешавад,
    Олиҳиммат мешавад:
    Шонаро ҳам медиҳад, Хонаро ҳам медиҳад, Очаву додоро ҳам,
    Момаву боборо ҳам,

Бе ҷанҷолу бе ғавғо Медиҳад ба Нурулло, Ба Рухсора медиҳад, Ба Маҳвора медиҳад, Мешинад худаш беғаш, Дастаконаш таҳи каш.
«Нарав, янга!»
Янгаҷонам Дилоро –
Як зани маҳфилоро,
Хушсухан, булбул барин, Дастаконаш гул барин.
Дилёб аст ўву дилҷўст, Ҳама медорандаш дўст.
Нағзаш бинад хеле ҳам Ниниҷони мо Аъзам.
Ҳамин ки бинад ўро, Гул мекунад саропо, Дар оғўши янгаҷон
Даррав мекунад макон.
Янга чу рафтанӣ шуд, «Хайр!» - агар гуфтанӣ шуд, Нинӣ, зада дасту пош, Мекунад сўяш талош, «Инга, инга!» - мегўяд, «Нарав, янга!» - мегўяд!
Маҳвора - дар гаҳвора Маҳвораҷон куҷо шуд?
Дар куҷое баҷо шуд?
Сар-сари дасти бобо, Сар-сари дасти момо, Сар-сари дасти хола, Сар-сари дасти Лола, Сар-сари дасти амма, Сар-сари дасти ҳама – Мегашт сар-сари даст, Аз он ҷо куҷо шудаст?
Ана, акнун фаҳмидам, Бо чашмони худ дидам:
Аз сари дасти бобо, Аз сари дасти момо, Аз сари дасти хола, Аз сари дасти Лола, Аз сари дасти амма, Аз сари дасти ҳама
Хобаш бурдасту мондаст, Ба гаҳвора хобондаст!
Куҷо шуда Маҳвора?
Маҳвора - дар гаҳвора!
Шафоат
Мехезаду меафтад,
Меафтаду мехезад,
«Кис-кис»-ҳояш раҳбараҳ Аз кисааш мерезад.
По ба зинаҳо монда, Ба зинаҳо по монда, Шафоати ҷон ояд,
Афтону хезон ояд,
Саропояш пури хок,
Дилу дастаконаш пок, Ояд ба хонаи мо
Шафоатҷони бобо.

пешина
аз 235
навбатӣ