Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ғами ту, аё эй яли бегунаҳ,
Бисўзад маро тў ба тў, таҳ ба таҳ!
Таҳмина меояд. Сияҳпўшу мўпареш, бад-он суратест, ки Рустам дар хобаш дида буд.
Арияи якуми Таҳмина
Бе ту ба чашмам оламо шуд боргоҳи мотамо,
Во баччамо, во баччамо, во баччамо, во баччамо!
Шав кўр, чашми пурнамо, хун шав, дил, аз дарду ғамо,
Во баччамо, во баччамо, во баччамо, во баччамо!
Бар доғи ман кардӣ замо, кардӣ миёнамро хамо,
Во баччамо, во баччамо, во баччамо, во баччамо!
Ман бе ту аз хешам камо, бе ҳамғамо, бе ҳамдамо,
Во баччамо, во баччамо, во баччамо, во баччамо!
Дилмондаам аз оламо, аз одамо, аз одамо,
Во баччамо, во баччамо, во баччамо, во баччамо!
Бедодҳо аз Рустамо, фарёдҳо аз Рустамо,
Во баччамо, во баччамо, во баччамо, во баччамо!
Арияи дуюми Таҳмина
Буду набуди ман, аё Суҳроби ман,
Нури ду чашму дидаи пуроби ман,
Бо меҳру дин рафтӣ ту чун бар боди кин,
Барбод шуд меҳри ману меҳроби ман!
Гуфтам: марав, эй ҷону дил, аз дидаам,
Аз ман макан, эй қисмати печидаам,
Дар хуни ноороми худ ғарқидаӣ,
З-ин баъд ман дар хуни дил ғарқидаам!
Кам гашта аз худ, бар ҷаҳон оё фузудӣ?
Чашм аз ҷаҳон бастӣ, магар чашме кушудӣ?
Эй ғарқа андар хуни ту Эрону Тўрон,
Эрону Тўронро магар ҳамхун намудӣ?
Аз сарбаланди сарнагунам во дареғ,
Аз зеби дунё, аз забунам во дареғ,
Аз чашми бе ту ғарқи ашкам во фиғон,
Аз қалби бе ту ғарқи хунам во дареғ!
Эй вои ман, эй вои ман, эй вои ман,
Дунёи бе фарзанд набвад ҷои ман!
Эй хоки сарде, ки варо дар бар кашӣ,
Ҷуфти ту бодо ин сари танҳои ман!
Суҳроб. Набошед дилхун, азизони ман,
Ки барҳам бишуд савру мизони ман.
Насиб аз ҷаҳонам ҳамин будааст,
Ҷаҳонам ба зери замин будааст…
Дар ин чорсўям чу сўе намонд,
Маро бо ҷаҳон гуфтугўе намонд…
Аё модари ҷон, бубахшо маро,
Ки шуд аз манат даҳр мотамсаро,
Дар ин даҳр кардӣ ту дамсозиам,
Зи ту буд ҷумла сарафрозиам,
Ба сад ранҷ кардӣ маро баркамол,
Бубахшой бар ман ту шири ҳалол!
Аё эй падар, эй маро орзў,
Басо аз ҷаҳон кардамат ҷустуҷў,
Туро ёфтам ман, валекин чи сон –
Расидам ба дидор бо нархи ҷон!..
Гар Эрону Тўрон ба як исм нест,
Ба ғайри ду қисми яке ҷисм нест,
Маро хоҳиш аз туст, аё эй падар,
Ки Эрон натозад ба Тўрон дигар,
Зи Тўрон бар Эрон натозанд низ,
Ба тақдири мардум набозанд низ,
Ки аз душманӣ синаҳо хун шуда,
Зи хун ранги олам дигаргун шуда…
Ба ҳам ин қадар дарду ранҷу ғамон
Мабахшед беҳуда, эй одамон!
Мемирад. Пайиҳам аз ду ҷониб Гурдофарид, Афросиёб, Гударз, Ҳаҷир ва дигар иштирокдорони
намоиш ба саҳна мебароянд ва гунаҳкорона сархаму малўл меистанд. Аз ҳама пас Ковус,
нўшдору дар даст, меояд ва ҳамзамон, чун фиғони ҳама ба гардун мепечад, шишаро афтонда
мешиканад…
Зимни ҳамаи ин овозе аз ғайб танинандоз аст.
«Чунин аст расми сарои сипанҷ»,
Дили оқилонро бидорад ба ранҷ,
Дили оқилонро кунад ғарқи хун,
Ҷаҳонрост ин ройу расми куҳун.
Ҷаҳон то ҳама яксар абр асту бод,
Ба бод, оқило, чун тавон такя дод?!
Бубин, ошиқи гўр – Баҳроми Гўр
Чи сон рафт бе гўр бар коми гўр,
На Ҷамшеду на ҳам Фаредун бимонд,
Бас афсона з-эшон дар эдун бимонд…
Ба чашми хирад бин суи бостон,
Куҷо шуд ҳаме Рустами достон?
Куҷо шуд ҷаҳонзеб Суҳроби ял?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё