Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Арияи дуюми Рустам
Аз ҷисми бемадори ман, эй беҳ зи ҷон, марав!
Эй бахти ногаҳон, зи барам ногаҳон марав!
Деромад эй баҳори дилам, меравӣ чи зуд,
Умри маро ниҳода ба чанги хазон, марав!
Пайванди худ зи нахли дилу ҷони ман макан,
Дилро намуда дар бари ман хунчакон, марав!
Будӣ зи чашми меҳри ман, эй ҷони ман, ниҳон,
Аз чашми хунфишони ман акнун аён марав!
Бардор сар зи хоки тар, эй сарбаланди ман,
Манмо маро ба зиндагӣ аз сархамон, марав!
Эй азфалакрасидаи ҳамчун малак, маро
Дар остон ниҳодаву бар осмон марав!
Эй бонишон, ту номи маро аз ҷаҳон мабар,
Эй номвар, намуда маро бенишон, марав!
Умре ҷаҳон гирифтаму дидам кунун аён:
Танҳо туӣ ҷаҳони ман, аз ин ҷаҳон марав!
Завора меояд.
Чаро гиря дорад бародар маро,
Ту гўӣ, ки бошад ба мотамсаро,
Агар гашт пирўз, ин гиря чист?
Кас оё ба марги адўяш гирист?!
Рустам, ўро дида, худро ба оғўшаш меафканад.
Эй бародар, куштаам фарзандро бо дасти хеш,
Кас надорад инчунин пастӣ ба ёд аз пушту пеш!
Дар сари гўрам пас аз маргам намерўяд гиёҳ,
Бо сари испед акнун рўсиёҳам, рўсиёҳ!
Ман набурдам ҳеҷ гаҳ Ковусро рўи ниёз,
Бо шитоб, инак, бирав сўяш ту бо ин сўзу соз,
Огаҳаш кун аз аламҳоям дар ин мотамсаро,
Баҳри ҷонам зуд овар нўшдоруи варо!
Завора меравад.
Ба сеҳру ба афсун шудам зода ман,
Ду дастам пур аз хун шудам зода ман,
Ду дастам пур аз хун шуда аз дигар,
Худоё, пур аз хуни поки писар!..
Ҳамехост қисмат, ки дилхун шавам,
Зи дунёи дун ҳамчу як дун равам,
Ба ҳолам бигирйед, эй ҳамдилон,
«Зи Кобулситон то ба Зобулситон»!
Садои Ковус. Ҷаҳонпаҳлавоно, яло, Рустамо,
Надорам дареғ аз ту ман оламо,
Ту як худ басӣ пуштибонам зи даҳр,
Чаро дигареро бихонам зи даҳр
Чаро нўшдору барам пеши ту? –
Маро марҳам ояд дили реши ту!
Бувад марги Суҳроб худ бахти ман,
Шавад эмин аз тохташ тахти ман!
Агар бо ҳам ояд писар бо падар,
Шавад зиндагонӣ маро барҳадар!
Бароят маро лутфи ин дам ҳаром,
Туро нўшдору мабодо ба ком!
Рустам (сўи садо мениҳебад).
Аё эй бехудо, эй дев, эй дад,
Ҳама корат бувад аз якдигар бад!
Зи умри ман дареғо, гар надонӣ,
Манат кардам ҳамора пуштибонӣ,
Манат то ин баландиҳо кашондам,
Манат бар маснади шоҳӣ нишондам,
Вагарна паст будӣ аз замин ҳам,
Набудӣ лоиқи тоҷу нигин ҳам!
Баҳои хидматам, эй зоти берў,
Дареғ аз ман бидорӣ нўшдору,
Мабодо бар сари ман чун ту сарвар,
Ба ҷои тоҷ хокат бод бар сар!
Кунад чун ман Худо баргаштабахтат,
Ба як бор афканад аз бех тахтат!
Золи Зар, фиғонкунон омада, худро пеши пои Суҳроб мепартояд.
Зол. Яли номуродо, манам Золи Зар,
Туро ҷустаам чун давоми писар,
Надонистаам, мешавӣ нораво
Куҳансол дилро фиғони наво!
Чи бо ман қаринӣ, чи дурӣ зи ман,
Касеро мабодо чунин анҷуман!
Зи чашм ашки хунин ба берун кунам,
Ҷаҳонро ҳама ғарқаи хун кунам!
Маро аз куҷо тоқати ин алам,
Ба як бор аз ғам битарко, дилам!
Мўканону рўканон Рудоба мерасад.
Рудоба. Туро будаам, эй ҷигар, интизор,
Валекин ба ранги дигар интизор,
Шавӣ, гуфта будам, маро ҳамдаме,
Дили холиямро кунӣ пур ҳаме…
Кӣ гўяд, ки Рудобаам ман кунун,
Чу моҳии бар тобаам ман кунун!
Ба ёди набера дилам хун шавад,
Шавам худ каму дардам афзун шавад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё