Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пайки разм - садои бархурди гурзу сипару ханҷарҳо ва додувои одамон. Тарҳи Таҳмина
нопадид мешавад. Шиҳаи бардавоми аспе ба гўш мерасад. Рустам аз ҷо мехезад.
Аё Рахш, эй ҳамдами бовафо,
Намудӣ ба ҷонам ту боре ҷафо,
Чи дурӣ зи озору озурдиам,
Ба мулки Самангон чаро бурдиам?!
Зи Таҳмина варна набудам хабар,
Кунунам намесўхт ҷону ҷигар…
Шиҳаи асп баландтар мешавад.
Биё, инак, эй Рахши зебои ман,
Аё зини ту тахти волои ман,
Маро бори охир ба майдон бубар,
Пас он бар биҳиштӣ Самангон бубар!
Меравад. Садои разм ҳамоно аз дуриҳо шунида мешавад. Батадриҷ ҷои онро овои ҳузнбору
муассири хор мегирад.
Саҳнаи 7
Саҳна рўшан мешавад. Аз ду ҷониб Рустаму Суҳроб ба ҳам омада, ҳамоно ба муҳориба оғоз
мекунанд. Овозе аз ғайб ба гўш мерасад.
Чу дорад ба дил меҳри дилбандро,
Шиносад ҳама бўи фарзандро:
Ба меҳри ниҳоне зи наздику дур
Шиносанд фарзандро мору мўр;
Расад бошае бар сари мурғакон,
Фузун ояд аз мурғ доду фиғон;
Шиносад ҳаме баччаашро паланг,
Ба боло уқобу ба дарё наҳанг;
Бубин, барраро меш чун бў кашад,
Зи ҳар сў худашро бари ў кашад…
Аё одам, эй зодаи меҳри дил,
Бувад меҳри ту куштаи қаҳри дил,
Аз ин пас чият гуфт бояд дигар,
Ки нашнохтӣ ҳеҷ бўи писар,
Ба ҷуз ў зи олам чи бар доштӣ,
Ки сўяш ту шамшер бардоштӣ?!
Назад рў ба дил меҳрат, эй сангдил,
Нагаштӣ зи меҳри писар тангдил,
Наҷунбид дар сина меҳрат, аҷаб,
Туи кўрдилро чи рўзу чи шаб!
Ба бемеҳриӣ дар ҳама даҳр фард,
Туро бар даҳан бод ин хоки сард!
Сарбозони ду ҷониб паҳлавонони хешро ҳаводорӣ мекунанд.

  • Бизан тунд!
  • Тундӣ зи он сў бубин!
  • Варо аҳсано!
  • Бин каманду камин!
  • Аё пири овард, сустӣ маёр!
  • Аё гурди ял, зеби ин корзор!
  • Ба ҳам ояд ин ду, Худо худ гувоҳ,
    Шавад тира рўзи касон…
    Рустам Суҳробро аз по афканда, ханҷар ба синааш мезанад.
  • Кушт!
    -Оҳ!!!
    Мусиқии сангину ҳазине садо дода, батадриҷ ба овози Суҳроб мепайвандад.
    Арияи Суҳроб
    Аз ман мапўш чашми сар, эй офтоби кўр!
    Як дам биист дар танам, эй ҷони носабур!
    Эй войи модарам, ки кунун нест дар барам,
    Эй войи ман, ки ёди варо мебарам ба гўр!
    Во бенишон падар, ки наҷустӣ нишони хеш,
    Во Рустамо, дареғи ту бод, эй қарини дур!..
    Рустам, бо шунидани номи худ, ҳаросон ба сари Суҳроб мерасад ва, бозуи росташро кушода,
    нишонаи хешро меёбаду фиғонаш ба фалак мепечад.
    Арияи якуми Рустам
    Он Рустаме, ки ҷустаӣ, эй ҷони ҷон, манам,
    Он хокбарсари ҳама давру замон манам,
    Дилмонда дигар аз шаҳу тахти каён манам,
    Беном баъд аз ин манаму бенишон манам,
    Аз теғи кини хеш дили хунчакон манам!
    Як умр буд дидани рўи туям ҳавас,
    Аз бахти бад бишуд ҳавасам ҷумла барабас,
    Монанди ман мабод аламкушта ҳеҷ кас,
    Ё раб, ба доди бандаи афтодаат бирас,
    Шармандае ба арсаи ҳарду ҷаҳон манам!
    Аз меҳри ман дареғу ҳам аз кинаам дареғ,
    Эй вой, сўхт дил ҳама дар синаам, дареғ,
    Аз ишқу аз садоқати Таҳминаам дареғ,
    Барбод рафт давлату ганҷинаам, дареғ,
    Як дилшикастаи таҳи бори гарон манам!
    Баъди ту кохи зиндагӣ обод чун кунам?!
    Дилро ба ёди ту ҳама дар хоку хун кунам!
    Сарро тиҳӣ зи бод кунам, сарнагун кунам,
    Завора. Рустам. Буду набудро ҳама дар худ забун кунам,
    Ҳар нафрате, ки ҳаст, сазовори он манам!
пешина
аз 235
навбатӣ