Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Набояд бимирам чунин хору зор
Зи дасти яке тифли нодидакор,
Шавам то раҳо, боядам ҳила ҷуст,
Бувад ин дамам ҳила ҷустан дуруст…
(ба Суҳроб)
Ҷаҳонпаҳлавоно, яли номвар,
Яке панд бишнав зи ман чун писар,
Чу гурдӣ, биҷў роҳ бар дини мо,
Ба гурдӣ чунин аст оини мо,
Ки як бор афкандани ҳамнабард
Набошад дилу дасти болои мард,
Биафтониам бори дигар зи по,
Сарамро ҳамоно зи тан кун ҷудо!
Суҳроб. Ба по шав, ки ин хок на ҷои туст,
Ту андеша бо хештан кун дуруст!
Аз лашкари Суҳроб нидоҳои норизоӣ ба гўш мерасад.
- Чаро раҳмаш омад?
- Зи раҳмаш фиғон!
- Сари теғи хасмаш бувад хунчакон!
- Ба дасти ту чун қисмати мо бувад,
Яло, раҳм бар хасм беҷо бувад! - Дареғо!
- Накушташ!
- Чаро ин?
- Чаро?
- Биёрӣ ту худ бар сари худ бало!
Рустам бо мадади Суҳроб бармехезад ва онон ба ду ҷониб мераванд. Саҳна торик мешавад.
Саҳнаи 5
Як гўшаи саҳна рўшан аст. Суҳроб бо Ҳуммон суҳбат дорад.
Суҳроб. Он гурд маро падар барин аст,
Бар гуфтаи модарам қарин аст.
Аз пой фикандамаш чу охир,
Омад падарам яке ба хотир…
Ин фикри накў маро зи раҳ зад,
Ханҷар задани маро бишуд сад!
Ҳуммон. Эй гурд, ту кори хом кардӣ,
Хосӣ худу кори ом кардӣ,
Дар куштани ў набоядат сабр,
Бар ҷони худ аз чи мекунӣ ҷабр?!
Суҳроб. Ўрост нишонаҳои Рустам…
Ҳуммон. Кай ў буда хоки пои Рустам!
Рустам агар андар ин миён буд,
Олам ҳама қиссаи ҳамон буд!
Аз разми ману ту ўст боло,
Беҳуда варо биҷўӣ ин ҷо!
Суҳроб. Он гурд чи сеҳру фанд дорад,
Пайваста маро ба банд дорад,
Чун чеҳраи хештан намояд,
Дарҳол падар ба ёдам ояд…
Ҳуммон. Ман ҳоли туро накў бидонам,
Танг аст дилат, қарини ҷонам,
Аммо чи миёни ину он аст,
Охир, падарат на дар миён аст!
Суҳроб. Рафт аз мани сода сустӣ афзун,
Бояд, ки ба худ биёям акнун,
Фардо чу шавам ба сўи майдон,
Ўро нараҳад зи сад яке ҷон!
Гўшаи дигари саҳна рўшан мешавад. Аз наздик овои об ба гўш мерасад. Рустам парешону
ҳаросон дар ҳоли суҷуд аст.
Рустам. Нигаҳбонам, эй пок Парвардигор,
Ато кун маро зўри оғози кор,
Ба ройи ту куштам басо деву дад,
Кунун ҳам фақат аз ту хоҳам мадад.
Зи нав соз гурзе ту аз мушти ман,
Намон, то шавад бар замин пушти ман,
Масозам ба дасти ҷавоне ҳалок,
Аё эй нигаҳдор Яздони пок!
Сўе, ки овои об меояд, рўи ниёз меорад ва гўё ба чашмаи ҷонбахш муроҷиат мекунад.
Аё чашмаи поку ҷонбахши ман,
Туӣ ҷовидона равонбахши ман,
Ҳамеша маро пеш аз корзор
Ато менамудӣ тавону мадор,
Намондаст ҷонам, маро ҷон бубахш,
Диламро бубардору дармон бубахш!
Саҳнаи 6
Саҳна торик. Танҳо гўшае, ки Рустам хобида, рўшан аст. Дар гўшаи дигари саҳна хоби ў
инъикос мешавад. Рустам Таҳминаро мебинад, ки либоси мотам ба бар, навҳа дорад… Тарсида
бедор мешавад.
Рустам. Ба хобам омадӣ, Таҳминаи ман,
Аё пурғам зи меҳру кинаи ман,
Сияҳпўшат бидидам, чист таъбир,
Аё бахти сапедам, чист тадбир?
Ва ё ногоҳ аз ман ёд кардӣ,
Ки дар хобам маро фарёд кардӣ?
Чи фол аст ин сияҳ пўшидани ту?
Чи мехоҳад туи ман аз мани ту?!
Тарҳи сафедпўши Таҳмина дар паси пардаи ҳарир намоён мешавад. Рустам, сари зону истода,
дастҳо сўи ў меёзонад.
Шавам фориғ аз гирудори пагоҳ,
Ҳамоно бигирам ба сўи ту роҳ,
Дигар пеши болои ту хам шавам,
Ба дилбанд фарзанд ҳамдам шавам,
Шавам пуштибон тухмаи Золро,
Бубахшам ба ту мулки иқболро…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё