Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

- Бизан, гурди Эрон, ба гурзу ба теғ!
- Зи по уфтод ў!
- Дареғо!
- Дареғ!
- Яло, зўрӣ эй бас! Зи бехаш бикан!
- Чаро ин дирангат?! Ба ханҷар бизан!
- Аё гурди Тўрон, бизан тундтар!
- Раҳо кун камонро!
- Бигир аз камар!
- Бубин ину онро - на бешу на кам!
- Ду тан лоиқи ҳам! Сазовори ҳам!
- Қиёмат бубин!
- Марди майдон бубин!
- Бубин разми инро!
- Ту худ он бубин!
- Замин ларзад ин дам зи пайкорашон!
- Фалак хам бизад аз гарон борашон!
Муҳориба лаҳзае бас мешавад. Рустам ба як ҷониб
ва Суҳроб ҷониби дигари саҳна мераванд.
Рустам. (худ ба худ)
Набудам чунин ҷанги Деви сафед,
«Зи мардӣ шуд имрўз дил ноумед»,
Ба Тўрон маро лоиқи корзор
Яке буд агар, шуд зи ман торумор,
Чунин номвар аз куҷо омада,
Ба амри Худо аз само омада?!
Суҳроб. (худ ба худ)
Чу ў зўрманде дар ин даҳр кист,
Хаёлам, ҳамин Рустами ростист!
Ниҳон карданаш чист, агар Рустам аст,
Шабеҳ одамӣ ҳам вале на кам аст…
Худоё, ту дар дил, туям дар сарӣ,
Зи афкори беҳудаам кун барӣ,
Диламро дар ин разм пурзўр кун,
Зи ман фикри беҳударо дур кун!
Аз ду ҷониб баҳам меоянд. Суҳроб, аввалин шуда, размро сар кардан мехоҳад, вале силоҳаш
беихтиёр поён мешавад.
Суҳроб. Рустам. Суҳроб. Рустам. Далеро, чи сон аст аҳволи ту,
Яқин, рафта бисёр аз соли ту…
Туро ҳаст шояд писар ҳамчу ман,
Бикун ёд аз он яли хештан.
Наорам ба ёди ту фарзандро?
Намемонам он нахли пайвандро?
«Дили ман вале бар ту меҳр оварад»,
Нигоҳи туям сабр аз дил барад,
Ки аз тухмаи Соми Найрам туӣ,
Ба ин кору пайкор Рустам туӣ!
Туро чанд гўям, ки Рустам наям,
Ман аз тухмаи Соми Найрам наям!
Ниҳон кун зи ман аслу пайвандро,
Бимон лек ин чуну ин чандро,
Биё, пеши Додор «паймон кунем,
Дил аз ҷанг ҷустан пушаймон кунем»,
Нишинем якҷо, ба ҳам май хурем,
Ҷаҳонро бар осудагӣ биспурем,
Биосояд Эрону Тўрон зи мо,
Бигарданд наздик дурон зи мо…
Маро буда сўи сапедӣ саро,
На ман кўдакам, то фиребӣ маро!
Туро орзў разми Рустам бувад,
Баҳоят вале пеши ў кам бувад!
На ғамҳои Эрону Тўрон турост,
На парвои наздику дурон турост,
Бихоҳӣ, ки фардо бигўянд халқ:
Зи ту омада ҷони Рустам ба ҳалқ,
Яке дасти боло бар ў доштӣ,
Зи бим ў вале бо ту кард оштӣ!..
Вале ман, дареғо, ки Рустам наям,
Яке размҷў аз сипоҳи ваям,
Макун хастаҷонам ба ҳарфи фузун,
Ту, беҳтар, ки пайкор оғоз кун,
Чу фарҷоми ин разм кори Худост,
Бубинем, к-ў бахтро бо кӣ хост...
Муҳориба оғоз мекунанд. Садои хор ба гўш мерасад.
Ҷаҳонро бувад бо ту макру ҳиял,
Аё пири доно, аё гурди ял!
Аё одам, эй тоҷи чархи барин,
Бар ангуштари зиндагонӣ нигин,
Баландӣ зи гардуну аз хок паст,
Басо бодиӣ низу бодапараст!
Басо чархи гардун бичархонадат,
Кунад кўру нури басар хонадат.
Агарчанд зоранд бар якдигар,
Падарро ситезонад ў бо писар,
Писарро ба ҷанги падар афканад,
Падарро, дареғо, писаркуш кунад…
Раҳо гашта аз тира кай ранги чарх,
Туӣ ғофил аммо зи найранги чарх…
Суҳроб, Рустамро ба хок афканда, по рўи синааш мениҳад. Якбора ҳама садоҳо қатъ
мешаванд.
Суҳроб. Нагуфтам туро - аҳду паймон кунем,
Дил аз ҷанг ҷустан пушаймон кунем,
Вале ҷанг ҷустӣ ту, эй тундхў,
Чи сон бо ту бошам кунун, худ бигў!
Рустам. (худ ба худ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё