Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҳаме гуфтӣ дари бахтам кушоӣ,
Ба ман як рўз Рустамро намоӣ,
Кӣ бинмояд варо дигар бароям,
Азизо, бе ту ман бераҳнамоям!
Кӣ бинвозад кунун ин сахт сарро,
Кӣ бинмояд ба ман акнун падарро?!
Ҳама сархаму мотамзада. Суҳроб сари зону истода, чашм аз ҷасади тағояш намеканад.
Суруди ҳазине паст-паст садо медиҳад.
Суруд
Туро, одамо, гарчи бешу камест,
Мазан дам, ки худ умри одам дамест.
Ба боло биандеш поёни кор,
Мазан по, ки ҳар зарра хок одамест.
Зи чор унсур асту дурў ин ҷаҳон,
Яке рўй - шодӣ, яке рў ғамест.
Ғамин гўияш, беҳ, чи гўӣ замин?
Алам гўияш, беҳ, куҷо оламест?!
Ба ҳар гўша дарёдиле хушклаб,
Бувад чашми бозе агар, пурнамест.
Кашад хокаш охир, агар дилкашест,
Хурад хокаш охир, агар хуррамест.
Ба худ ҳар киро гоҳ бояд гирист,
Чу фарҷоми ҳар одаме мотамест…
Саҳна торик мешавад.
Саҳнаи 4
Размгоҳ, саҳна ба сурати тахтаи шоҳмот ороста шуда. Суҳроб омодаи разм аст.
Суҳроб. (худ ба худ)
Имрўз яке кушанда разм аст,
Разме, ки барои Жандаразм аст,
Кўбем адўи тундхўро,
То шод кунем рўҳи ўро,
Гарданд зи дасти мо парешон,
Торик шавад ҷаҳон бар эшон…
Пас роҳ кашам ба сўи Зобул,
Он гуна, ки булбуле суи гул,
Осудадилу хушу сарафроз
Гирам зи падар суроғҳо боз…
Рустам меояд.
Рустам. Ту танҳоӣ, эй гурд, дар ҷанги ман
Ва ё хешро гўӣ ҳамсанги ман?!
Суҳроб. «Аз Эрону Тўрон нахоҳем кас,
Чу ман бошаму ту, ба овард бас!»
Рустам. Ман овозаатро шунудам басе,
Ҳаме бо хаёли ту будам басе,
Ту барҳақ яке гурди номоварӣ,
Ба зўри ту дорам басо боварӣ,
Зи Тўрон чунин гурд н-ояд ба бор,
Ба Эрон ҳам ин сон бувад бошумор.
Суҳроб. (худ ба худ)
Дилам з-ин садо аз фараҳ гум занад,
Зи ҳарфаш маро ақл раҳгум занад,
Магар бошад эҳсоси ман барҳадар,
Дар ў бинам, оваҳ, нишони падар!
(ба Рустам)
Чи болутф, эй гурд, бо ман туӣ,
Хаёлам, диловар Таҳамтан туӣ!
Рустам. Чи хуш орзўе туро дар дил аст,
Расидан ба Рустам туро мушкил аст!
Хаёлат, ки он пурдили бениёз
Ба размаш туро мекунад сарфароз?
Суҳроб. Маро дил гувоҳӣ диҳад, эй накў,
Ки Рустам бувад худ маро рў ба рў…
Рустам. «Ба ҷое, ки Рустам бувад кинахоҳ,
На лашкар бимонад, на тахту на шоҳ»,
Дареғо, ки Рустам накардат писанд,
Наомад ба разми ту, эй зўрманд,
Маро кард роҳӣ бар ин гирудор…
Ҳамон беҳ, ки бинем оғози кор!
Суҳроб. Бигў номат, эй номдори накў,
Бихоҳам барам ман зи номи ту бў!
Рустам. Қаторӣ яке гурди Эрон манам,
Мапиндор шери далерон манам,
Кай ўро, аё гурд, парвои туст,
Ки ў ҳаст боло, на ҳамтои туст.
Бувад Рустам ин дам ба Зобулситон,
Кунад айшу нўш андар он гулситон!
Суҳроб (худ ба худ).
Ҳаме гуфт бо ман Ҳаҷир ин сухан,
Чаро баҳс дорам ба беҳуда ман?..
Вале ҳаст ў ин замон дар барам
Чи монанд бар гуфтаи модарам!..
Гузорем ин розу ин оз, беҳ,
Кунем ин замон разм оғоз, беҳ!
Гирудор оғоз мекунанд. Зимни ҳарбузарб садои хор баланд мешавад.
Аё одам, аз хайли дилогаҳон
Наӣ, хоки олам туро бар даҳон!
Нагаштӣ зи меҳри ниҳон тангдил,
Назад рў ба дил меҳрат, эй сангдил,
Ба бемеҳриӣ дар ҳама даҳр фард,
Туро бар даҳан бод ин хоки сард!
Ба ин меҳр ҳатто наӣ мўрдил,
Кушо чашми сарро, аё кўрдил!
Зимни хор овози сарбозони эрониву тўронӣ, ки паҳлавонони ҳамдиёри хешро ҳаводорӣ
мекунанд, ба гўш мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё