Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Суҳроб. Номаш?
Ҳаҷир. Бахудо, ки менадонам,
Бас дур зи бор - қасрбонам.
Суҳроб (худ ба худ).
Басе гуфту аз Рустами анҷуман
Намегўяд аз чӣ нишоне ба ман?
Чи сон боварам ояд, эй кундхў,
Ки набвад ба майдон дар ин рўз ў!
(ба Ҳаҷир)
Пас хаймаи Таҳмтан кадом аст?
Ҳаҷир (худ ба худ)
Донистани ин туро ҳаром аст!
(ба Сўҳроб)
Рустам бувадо ба Зобулистон,
Базм аст варо дар он гулистон.
Суҳроб. Ҳо-ҳо, чи яле - гаҳи чунин разм
Ороста дур аз камин базм!
Ҳаҷир. Савганд хурам ба номи Зардушт,
Бовар накунӣ, тавониям кушт,
Аз шубҳаи ту дилам кунад ғаш,
Эй пешбари ялон…
Суҳроб (ба навкаре). Баредаш!
Фардо зи сурури фатҳ дилшод,
Бо шукри Худо кунемаш озод.
Навкар Ҳаҷирро мебарад.
(ба пешкори базм)
Қадаҳ аз майи ноб оганда кун,
Ғами ҷону дилро пароканда кун,
Суруде зи пирўзӣ овар ба лаб,
Ба некўдилон рўзи некў талаб!
Суруди 1
Ин базми зебо бодо муборак!
Пирўзии мо бодо муборак!
Бо хеш Суҳроб оварда дунё,
Хушфол дунё бодо муборак!
Аз обрўяш дарё лаболаб,
Шодоб дарё бодо муборак!
Поён мабодо ин дасти боло,
Ин дасти боло бодо муборак!
Бошад муборак имрўз беҳад,
Ин гуна фардо бодо муборак!
Суруди 2
Бизан, мутрибо, хусравонӣ суруд,
Малак аз фалак то биёяд фуруд,
Бурунро нигаҳ кун ба чашми дарун,
Бубин, то чи ҳасту бидон, то чи буд,
Макун шубҳа дар сўзиши ҷони мо,
На оташ бувад сўзи ҷонро, на дуд,
Зи мо мурдан, аммо намурдан бубин,
Бувад сад адам қимати ин вуҷуд,
Касе тухми некӣ бар ин хок дод,
Зи мо бод ўро ҳазорон дуруд!
Баробари оғози суруд ниҳонӣ Рустам меояд. Либоси гурдони Тўрон ба бар дорад. Жандаразм,
ки дар паҳлўи Суҳроб менишаст, омадани ўро пай бурда, сўяш равон мешавад. Рустам бехабар
ба тамошои Суҳроб банд аст.
Рустам. (худ ба худ)
Шунидам ҳар он чӣ, ба ҷуз рост нест,
Ҳақиқат бувад - родмарде, ялест,
Аз ў қути ҳар паҳлавон ғам шавад,
Зи бораш миён Рахшро хам шавад…
Худоё, битобад бар ў меҳри ман,
Ки бошад маро балки ҳамҷону тан,
Зи дидораш ин дам занад гум дилам,
Ту гўӣ, ки бо ў ҳамобугилам…
Дареғо, агар кушта гардад зи ман,
Фиғонҳо бихезад зи ҳар анҷуман,
Ҷаҳон тира баҳри абояш шавад,
Сари сахти модар ба пояш шавад…
Жандаразм ноаён ба Рустам наздик мешавад.
Жандаразм. Биё, меҳмоно…
Рустам. Наям меҳмон!
Жандаразм. Касеро бубинам ба рўят аён!
Рустам. Яке з-ин қаторам…
Жандаразм. Наӣ з-ин қатор.
Рустам. Чи гўям…
Жандаразм. Бикун хешро ошкор.
Бигў, кистӣ?
Рустам (худро гум карда). Гурди Тўронзамин…
Жандаразм. Ба саф нест моро далере чунин!
Рустам. (худ ба худ)
Мабодо шавам ошкор, эй Худо,
Ҳамон беҳ, бисозам зи ҷонаш ҷудо!
Жандаразм. (Рустамро шинохта, хушҳолона)
Таҳамтан? Шиносам ман, эй бехабар,
Ҳаме пўстат бар кафи чармгар…
Ва Суҳроб бошад…
Рустам. Кунӣ иштибоҳ,
Ҳамон беҳ бубандам даҳони ту…
Ханҷар ба синаи Жандаразм мезанад.
Жандаразм. Оҳ!
Рустам ҳамчунон ноаён ғайб мезанад.
Базм идома дорад. Касе аз саранҷоми Жандаразм ба Суҳроб хабар медиҳад. Ҳама дар атрофи
ҷасади Жандаразм гирд меоянд.
Суҳроб. Худоё, чи рўзу чи бахти сиёҳ,
Кӣ афкандат ин сон ба ҳоли табоҳ?!
Даме пеш будӣ ба бар чун дилам,
Куҷоӣ кунун, эй ҳамобугилам!
Суруд
Ҳамеша дар барам будӣ, азизо,
Нишони модарам будӣ, азизо,
Бипурсад модарам аз додари хеш,
Чи мегўям кунун бо модари хеш?

пешина
аз 235
навбатӣ