Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Рустам меояд.
Рустам. Дуруде шоҳро!
Ковус. Хуш бош, Рустам!
Мабодо ҳеҷ зўру шуҳратат кам.
Рустам. Суханро надҳам ин дам ҳеҷ пардоз,
Хатар таҳдид дорад бар ватан боз!
Чу меҳан бувад ҳамчу ҷон дар барам,
Фидояш маро ҷон, фидояш сарам,
Зи ман ҳар чи мехоҳад Эрон, диҳам,
Агар ҷон бихоҳад, манаш ҷон диҳам!
Бесадо гуфтугў мекунанд. Зимнан суруди хор садо медиҳад.
Суруди хор
Эй Ватан, эй Ватан, ҳар нафасат ид!
Эй ватан, эй ватан, номи ту ҷовид!
Сўзи ту, сўзи ту дар дилу дар ҷон,
Меҳри ту, меҳри ту рўшану сўзон!
Доғи ту, доғи ту кам шаваду кам,
Боғи ту, боғи ту зам шаваду зам!
Оби ту, оби ту, оби ту раҳҷўст,
Хоки ту, хоки ту, хоки ту доруст!
Аз ту буд, аз ту буд обу гили мо,
Аз ту бод, аз ту бод ҷону дили мо!
Саҳнаи 3
Тўрониён, дижи сафедро фатҳ карда, тараддуди базми пирўзӣ доранд. Вале Суҳробро осори
ҳузну ташвиш дар чеҳра ҳувайдост.
Суҳроб. (худ ба худ)
Зи хушбовариам дареғо, дареғ,
«Ки шуд моҳи тобанда дар зери меғ»,
На номаш фақат буда Гурдофарид,
Ки бас гурдӣ аз ў биомад падид,
Нишоне дар ин диж зи худ вай намонд,
Басо кард паймон, вале пай намонд.
Басо буда донову бинову гурд,
Ниҳон аҳли дижро гурезонду бурд…
Занонаш агар инчунинанд мард,
Яқин, марди Эрон ба мардист фард!
Жандаразм меояд ва лаҳзае Суҳробро назора мекунад.
Жандаразм. Хаёли чи дорӣ, аё гурди ял?
Суҳроб. Надорам хаёле...
Жандаразм (меҳрубонона). Чаро ин ҳиял?!
Хаёлам, ки ин лаҳзаҳои саид
Ба сар бошадат фикри Гурдофарид…
Суҳроб. Чи сон ёдаш аз сина берун шавад,
Ки аз он фиребаш дилам хун шавад!
Жандаразм. Ғаматро фузудаст, донистаам,
Дилатро рабудаст, донистаам,
Шудӣ ошиқаш…
Суҳроб Жандаразм. (шармида). Вақти ин кор нест...
Чи пинҳон кунӣ, ҷои инкор нест!
Бале, вақти ин кор набвад ҳанўз,
Бурун кун ту аз сина ин дарду сўз!
Сараввал ба паймон ту кишвар бигир,
Бидеҳ дил аз он баъду дилбар бигир!
Бахуд бош, айёми пайкори туст,
Ғами ёр ин лаҳза ағёри туст!
Суҳроб (баъди каме андеша).
Маро ҳаст ҳарфат ҳама ҷои панд,
Ба беҳуда аз чӣ дилам гашта банд?!
На он сўзи беҳуда ёри ман аст,
Ки имрўз пайкор кори ман аст!
Ҳамон беҳ кунун, базм гардон кунем,
Саҳар азми пайкори мардон кунем!
(ба навкаре)
Он гурди асирро биёред,
Донанда Ҳаҷирро биёред!
(худ ба худ)
Ҳоло ки бувад ба зери дастам,
Пурсам ман аз ў нишони Рустам,
Шояд ки ба расми як накўхоҳ
Бинмоядам аз нишонаш огоҳ,
Чандон нашавад, ки мо ба майдон
Оем баҳам чу душмани ҷон…
(Ҳаҷирро меоранд.)
Бо ту на ғазаб, на хашм дорам,
Посух зи ту чанд чашмдорам,
Бо ман бидиҳӣ ҷавоби рўшан,
Дарҳол раҳо-т мекунам ман.
Ҳаҷир. Моро сари ростист бо ту,
Якро гўям яку дуро ду.
Суҳроб. Он хайма, ки нурҳо бипошад,
Оё зи кадом гурд бошад?
Ҳаҷир. Суҳроб. Он хайма бувад зи шоҳи Эрон.
Оне, ки кашида расми шерон
Бар рў-ш?
Ҳаҷир. Бувад зи Тўси Нўзар,
Ў кулли сипоҳро бувад сар.
Суҳроб. Он хаймаи сурх?
Ҳаҷир. Они Гударз,
Бояд бикунам, яло, туро арз,
Дерест, ки аз сипаҳкашон аст,
Ҳаштод писар аз ў нишон аст!
Суҳроб. Он хаймаи сабз?
Ҳаҷир (худ ба худ). Аз Таҳамтан
Гўям, биравад хиёнат аз ман…
Он беҳ ки агарчи дар шикастам,
Як ҳарф нагўямаш зи Рустам!
(ба Суҳроб)
Он хайма, ки рангсабз бинӣ,
Бошад зи далер гурди чинӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё