Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Гурдофарид. Гурдо, ту базебиву далерӣ,
Хуш бошадам инчунин асирӣ,
Бин лек - ҳама назора дорад,
Ҷурми дигаре туро гузорад,
К-аз мардият ифтихор дорӣ,
Аммо бо зан ба гирудорӣ!
Суҳроб. Баҳ-баҳ!
Зи ту хуш шуниданам панд,
Аз мўйи ту хуш ба гарданам банд!
Аз нури рухи ту шармсорам,
Эй моҳ, бикун илоҷи корам!
Гурдофарид. Салоҳ он аст озодам намоӣ,
Кунам то сўи қасрат даркушоӣ,
Чаро карда ба хун рангаш бигирӣ,
На он беҳтар, ки бе ҷангаш бигирӣ?
Суҳроб. Мувофиқ бо туям…
Гурдофарид. Ворастаам пас?
Суҳроб. Зи як андўҳи дигар хастаам бас -
Бувад дидори Рустам орзўям…
Гурдофарид (баъди каме андеша).
Нишонашро пагоҳат бозгўям.
(худ ба худ)
Надида кофие аз бешу аз кам,
Ба сар дорад ҳавои ҷанги Рустам…
Худоё, мекушад Рустам ҳамонаш,
Намемонад дар ин дунё нишонаш!
Зи сад гул як гулаш нашкуфта, ё раб,
Бидораш аз хазон бинҳуфта, ё раб!
(ба Суҳроб)
Бале, бо ту нишонашро бигўям
Пагоҳ…
Суҳроб. Ин аст умре орзўям.
Маро бо ў барӣ, шодат намоям,
Чу сарви боғ озодат намоям,
Дар ин кишвар туро бинмуда бону,
Бисозам саҷдаат умре ба зону…
Гурдофарид. Бигуфтӣ орзўю ормонат,
Нагуфтӣ лек аз ному нишонат.
Суҳроб. Манам Суҳроб.
Гурдофарид. Ман Гурдофаридам.
Худо ҳофиз!
Суҳроб. Худо ҳофиз, умедам!
Саргарми гуфтугў ба дарвозаи қаср мерасанд. Гурдофарид баногоҳ чолокона худро тўи қаср
мегирад ва ҳамоно дарвоза аз паси ў пўшида мешавад.
Гурдофарид. Дареғи орзўҳои наҷибат,
Фиребат додам, эй сода, фиребат!
Суҳроб. Шудӣ чун моҳ пушти абр пинҳон,
Куҷо шуд, хушгило, он аҳду паймон?
Гурдофарид. Надида кофие аз бешу аз кам,
Ба сар дорӣ ҳавои ҷанги Рустам…
Суҳроб. Надорам…
Гурдофарид. …Бишканад Рустам миёнат,
Намонад андар ин дунё нишонат!
Ба хубӣ рав аз ин ҷо…
Суҳроб. Хоб дорӣ!
Бидон - гуфтор бо Сўҳроб дорӣ!
Гурдофарид. Яло, гўям дареғат, сад дареғат,
Барад ин худписандӣ зери теғат!
Суҳроб. Бад овардӣ ҷавоби аҳди некў,
Гила аз хеш бинмо, эй парирў,
Дигар бо ту сари раҳме надорам,
Нигаҳ кун - гарди қасратро барорам!
Бо ситеза меравад.
Саҳнаи 2
Қасри Ковус. Шоҳ бар маснади хеш боло ва базми тараб барпост.
Суруд
Меҳри ту андар дили огаҳ бувад,
Номи ту то ахтару то маҳ бувад.
Эрон, Эрон,
Мулки далерон,
Ҳар нафасат ид,
Номи ту ҷовид!
Ишқи ту гар нест, диле пок нест,
Даҳр ҳама ғайри кафе хок нест.
Эрон, Эрон,
Мулки далерон,
Ҳар нафасат ид,
Номи ту ҷовид!
Ҳеҷ мабин, модари Эрон, ғаме,
Шод зӣ, эй мулки далерон, ҳаме!
Эрон, Эрон,
Мулки далерон,
Ҳар нафасат ид,
Номи ту ҷовид!
Садои базм батадриҷ паст мешавад. Бечеҳра меояд.
Ковус. Аё бохабар аз баду неки даҳр,
Туӣ беш аз ҷумла наздики даҳр,
Чи ҳарф аст ин лаҳза андар ҷаҳон,
Ки бошад сазовори гўши шаҳон?
Бечеҳра. Зи Тўрон яке паҳлавон хоста,
Кунад ин замон лашкар ороста…
Ковус. Чу Рустам бувад, кай зи размам ғам аст!
Бечеҳра. Вале ў худ аз тухмаи… Рустам аст!
Ковус. Зи Рустам?!
Бечеҳра. Бале, асли пайванди ўст,
Бидон, шоҳ - Суҳроб фарзанди ўст!
Ковус. (пас аз лаҳзае андеша)
Бирав бар дари Рустами сарфишон,
Ба амрам варо зуд ин сў кашон!
Бечеҳра меравад.
(худ ба худ)
Агар бо ҳам ояд падар бо писар,
Шавад зиндагонӣ маро барҳадар,
Ҳамебояд ин дам яке чора кард,
Писарро ба дасти падар пора кард!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё