Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Батакрор чашмаш бишуд зери теғ,
Нашуд лек рўшан каме ҳам, дареғ.
Басо харҷ карданд баҳри шифо,
Наомад валекин шифо аз Худо.
Тило хонадонро ҳама мис бишуд,
Батадриҷ он хона муфлис бишуд.
Натанҳо Париро ҷаҳон тор буд,
Ҳама хонаро тирагӣ ёр буд…
Яке рўз овард ёре хабар
Аз «Имдодхона» барои падар,
Бигуфто: «Макун бим аз ину аз он,
Ки он ҷо табобат бувад ройгон,
Илоҷе агар ҳаст, он ҷо бувад,
Ки ҳампову ҳамдаст пайдо бувад…»
Ба «Имдодхона» расиданд зуд,
Дилу дасти имдод диданд зуд,
Зи ҳарфи хуши ҷумла ҳамобугил
Умеди зидилрафта омад ба дил.
Ба Эрон равон шуд Парӣ бо падар,
Шавад равшанаш то ҷаҳон аз дигар.
Басо ранҷ аз тирачашмӣ кашид,
Ки то даҳрро боз равшан бидид,
Бигуфто, ки «Баргашт нури басар,
Чи пурнур мебинамат, эй падар!
Чи мулк аст Эрон, ки ҷуз нур нест,
Бувад дар ду чашмам, дигар дур нест,
Ба ҷон аст чун Тоҷикистони ман,
Чу дилсўзи ман – модари ҷони ман.
Азиз аст чун мардуми дидаам,
Ки бикшода дида, варо дидаам!
Аз ин баъд он ҳам сарои ман аст,
Чу нури ду чашм аз барои ман аст…»
…Бурун шуд зи «Имдодгаҳ» духтаре,
Равон аст, гўӣ, парипайкаре,
Хиромон равад аз хиёбон ҳаме,
Гулистон шавад з-ў биёбон ҳаме.
Банур аст з-имдоди имдодгар,
Ки ўро бубахшид нури басар…
8.
Як пиразан омад ба дари «Хонаи Имдод»,
Гуфто, ки «Накўӣ наравад ҳеҷ гаҳ аз ёд!
Як рафта зи худ будаму афтода зи пое,
Ҳамроз набудам ба ҷаҳон ғайри Худое,
Аз дасти ман ин «Хонаи Имдод» гирифта,
Чун зарраам аз раҳгузари бод гирифта,
Рўзии ҳамарўзаам аз ў шуда таъмин,
Ҷону дили беморам аз ў ёфта таскин…
Имрўз шунидам, ки мусибат шуда ёраш,
Ларзид дил аз зилзилаи сахти диёраш,
Аз зилзилаи Бам дилу ҷон зеру бам омад,
Аз ашки ғами Бам ба дилам сели ғам омад.
Чизе, ки пасандоз маро ҳаст, ҳамин аст,
Аз моли ҷаҳонам ба кафи даст ҳамин аст,
Маъзур – кам аст ону чи бисёр зарур аст,
Имдоди мани зор барои Бами дур аст!» -
Ин гуфтаву бикшод кафаш аз сари эҳсон,
Якчанд дирам буд варо дар кафи ларзон…
Аҳсант бар он кас, ки намак пос бидорад,
Некии касонро ҳама дам ёд биёрад,
Бо ҷавҳари воло набувад ҳеҷ камаш кам,
Бо ҳиммати боло бувад ў беш зи Ҳотам!
9.
Эҳтиёҷ,
гуруснагӣ,
қашшоқӣ
Мазҳаб надоранд,
миллат надоранд.
Муҳтоҷон,
гуруснагон,
Аҳли як мазҳабанд,
Аҳли як миллатанд –
қашшоқон
мазҳаби ночорӣ,
миллати хорӣ.
Бояд
мансубият ба ин мазҳабро нест кард,
Бояд
мансубият ба ин миллатро нест кард,
Одамонро бояд
аз мансубият ба ин мазҳаб раҳонид,
Одамонро бояд
аз мансубият ба ин миллат раҳонид,
Ҳамаро бояд
ба мазҳабу миллати аслиаш –
Инсонӣ расонид!
10.
…Метавон ҷои намакхўрда басо нексиришт
Ин таманно ба дари Хонаи Имдод навишт:
«Аз ту гулгун шуда бисёр рухи зард, эй дўст,
Дасти имдоди ту ҳаргиз накунад дард, эй дўст!»
Марти соли 2005
Эй раҳ, ба по зи қофилаи худ ҳикоя кун,
Эй по, ба раҳ зи обилаи худ ҳикоя кун.
Фарёдҳо зи силии моиндари ҳаёт!
Эй ёди модар, аз силаи худ ҳикоя кун.
Эй дил, ки бо замину замон ларза кардаӣ,
Бо ону ин зи зилзилаи худ ҳикоя кун.
Бо зулфи ёр, эй раҳи пурпечутоби ишқ,
Аз печутоби силсилаи худ ҳикоя кун.
Эй фасли гул, ки ҳамраҳи ту васли дил гузашт,
Бо восилат зи фосилаи худ ҳикоя кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё