Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Буд ғолиб ў, валекин хуш набуд,
Баски дар ҳар гўша садҳо гушна буд.
Буд дар гўшаш як овои ҳазин
Чун нидои халқ сўи сарзамин:
3.
Вақте ки нон нест, эй азиз,
вақте ки нон нест,
Пое равон нест, эй азиз,
рўҳе равон нест.
Дар пеши чашмон, эй азиз,
дар пеши чашмон
Нон аст, нони дур,
Маҳ дар Каҳкашон нест.
Гар ошёни одам аз нон гарм набвад,
Дар шохсорон мурғаке гармошён нест.
Кўр аст дунё,
чашми нон гар нест рўшан,
Сард аст дунё,
гармдил гар дегдон нест.
Бекўдаконро дарди бенонӣ магўед,
Бекўдаконро огаҳӣ з-ин достон нест.
Чун кўдакат нон хоҳаду нонат набошад,
Тире аз ин қотилтарат бар ҷисму ҷон нест.
Сад мизу курсӣ ҳам бувад касро ба хона,
Гар рўи мизаш нест нон, ў мизбон нест!
4.
Кишвар агар раҳо шуд
аз даври бехудоӣ,
Бояд раҳондаш акнун
аз фақру бенавоӣ.
Бас ғарқаро дар ин баҳр
дар дасти дил хасе нест,
Имдодҷў фаровон,
имдодрас касе нест…
Амри имом пар зад
дар осмони дилҳо,
Имдодхонае шуд
Имдодхона гардид
кишвар ҳама саропо.
тавлидгоҳи уммед,
Дилҳои хастаро шуд
ҳодии роҳи уммед.
5.
Тоҷикистонро чу аз сар тоҷ рафт,
То фалак фарёди бас муҳтоҷ рафт.
Гашт сарсон баҳри нон пиру ҷавон,
Шуд ба ҷон гоҳе баробар нархи нон.
Он замонаш аз раҳи шебу фароз
Дасти «Имдоди Хумайнӣ» шуд дароз.
Аз барои гушнаҳояш нон расид,
Ҷомаҳо баҳри тани урён расид.
Беш аз ину беш аз он ҳам бе шигифт
Дастгирӣ дасти мардумро гирифт...
Одамӣ танҳо на бо нон зинда аст,
Бо умеду ормон поянда аст.
Тўйхона «Хонаи Имдод» шуд,
Хонаи сад камбағал обод шуд.
Ҷуфти ҳам гаштанд бас дилдодагон,
Аз алам растанд бас озодагон.
Гашт барпо хатнасури бас ятим,
Бин ту чашми ғарқи нури бас ятим!
Эй басо бекор соҳибкор шуд,
Мазраи уммедашон пурбор шуд.
Дастгирӣ дасти мардумро кушод,
Бениёзи дастгирӣ шуд зиёд…
Инак, аз роҳи вафо даҳ сол боз
Ҳам бувад он даст бар мардум дароз,
Гирад афзун боз дасти марду зан,
То ки муҳтоҷӣ бигардад решакан,
Мекунад имдод аз роҳи вафо,
То ки ҳар афтодае бошад бапо.
6.
Ҷавоне расид аз қазо бар дараш,
Харобу хазон, ҳамраҳи модараш,
Набудаш ду дасту ба дил тоб ҳам,
Зи дил хун равону зи чашм об ҳам.
Бинолид модар, ки «Эй вои ман,
Ба бод аст аз ин баъд дунёи ман!
Ба ҷон парваридам, шавад то бапо,
Кунад дастгирӣ ба дунё маро,
Нигаҳ дорадам аз ҳар афтоданам,
Диҳад об ҳангоми ҷон доданам.
Дареғо, ки ман дастгири вайам,
Ҳама умр, гўӣ, асири вайам –
Бипўшонамаш, ҳам ба пояш ниҳам,
Чу навзод умре ғизояш диҳам.
Ҳама дам расад бар дилам сад шикаст,
Зи бедастии ў равам ман зи даст…»
Ҳамоно чу ҳамдард, чун ҳодиён
Гирифтанд дасти вай «имдодиён»,
Ба Эрон равонаш намуданд зуд,
Умеди дилашро фузуданд зуд.
Биомад аз он ҷо ҷавон бо ду даст,
Кунад ҷумла кори ҷаҳон бо ду даст,
Худ акнун тавонад ба мактаб равад,
Бигирад қалам, пушти матлаб равад…
Биболад ҳаме модари зору пир,
Ки пайдо намуд аз қазо дастгир,
Аз ин баъд боло сари пасти ўст,
Ки фарзанди барпой ҳамдасти ўст.
7.
Ҳикоят зи як ҷуфти ҳамдил бувад,
Ки пайванд буданд дар неку бад,
Бас озода бому даре доштанд,
Ба номи Парӣ духтаре доштанд.
Зи қисмат чи хоҳанд дигар? Бас аст,
Ки бахти шаҳон ҳам аз онҳо пас аст!
Дареғо, ки ногоҳ баргашт бахт,
Равон буду аз роҳ баргашт бахт:
Тараб аз нигоҳи Парӣ дур шуд,
Ду чашмаш батадриҷ бенур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё