Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аё эй хок,
Эй дилчок,
Эй бебок,
Сано бар ҷони беҷисмат,
Сано бар ҷисми беҷонат,
Ки ҳастӣ кундаи қатли ҳавасҳои фаровонат Ва то ҳастӣ,
Дарахти ноҳақиро то бурӣ аз бех, Ту бо исёни бе анҷому оғозат Ва бо фарёди бе овову овозат Табар хоҳӣ шудан бар дастаи таърих.
Офтоби Карбало
Эй сўзи ҷонҳоро гувоҳ, эй офтоби Карбало, Эй шоҳиди рўзи сиёҳ, эй офтоби Карбало, Аз чашми хунрези замон, аз теғи зулми беамон Дар сўзи дил бурдӣ паноҳ, эй офтоби Карбало!
Оне, ки ҷуз нураш набуд, як ришта бар нурат фузуд Бо охирин оҳу нигоҳ, эй офтоби Карбало!
Яъқуби дар ғам мубтало, аз ашк чашмат камзиё Бе Юсуфи дар қаъри чоҳ, эй офтоби Карбало!
Бо ў бигў, бо ман бигў, бефан бигў, рўшан бигў:
Ку кинавар? Ку кинахоҳ? Эй офтоби Карбало!
Бикшо раҳи наззораро, огаҳ бикун сайёраро Аз сабри кўҳ, аз ҷабри коҳ, эй офтоби Карбало!
Ғам дар гулў, чин дар ҷабин, бошад, ба ин дорам яқин:
Бар ту гунаҳ мондан гуноҳ, эй офтоби Карбало!
Бо риштаи нурат ба сеҳр бодо танидан рахти меҳр Кори ту дар ин коргоҳ, эй офтоби Карбало!
Аз сўзи беҳад хастаӣ, дил бар нишастан бастаӣ, Роҳат сафед, эй марди роҳ, эй офтоби Карбало!
Субҳат бишуд бо ғусса шом, розат нашуд аммо тамом, Деҳ риштаи розат ба моҳ, эй офтоби Карбало!
…То ҷовидон дорад нигоҳ бар Карбало хуршеду моҳ Ҳамчун ду чашми бепаноҳ, эй офтоби Карбало!
Обрўи имон
Обрўи имон буд оби ҷўи ҳар чинаш, Меҳр бор меовард нахлҳои тамкинаш.
Дидаву дилаш чандон рўшаниву гармӣ дошт, Менамуд пайваста офтоб таҳсинаш.
Ҳар ки дар нигоҳи ў хешро накў медид, Буд ҳамчун оина беғубор оинаш.
Бар ҷаҳони ҳар ҷоне, ҳамчунон ки бар коне Гарму сода раҳ меёфт чашмҳои дилбинаш.
Дар суботу дар вусъат осмон назираш буд, Дар сафову дар софӣ шоҳид аст Парвинаш.
Меҳр ҳамсафар будаш, сидқ роҳбар будаш, Дар гузаргаҳи дунё кина буд бо кинаш.
Эътиқоду ёрӣ буд асли ормони ў, Ҷой шуд ба дил онаш, ҷой шуд ба ҷон инаш.
Бар асари фоҷиаи Ироқ
«Хонаи Имдод»
(манзума) 1.
Наомад имом,
Омад овои ў
Баланду расо, ҳамчу болои ў, Дуруду паёмаш ба дилҳо расид, Зи ҳарфаш умеде зи фардо расид, Ки «Эй қавм, Эрон ба мисли дил аст, Дили поки мо аз чи по дар гил аст?
Чаро ғайри мо ҳукмронаш бувад, Ба хони худаш мизбонаш бувад?!
Бувад аз чи дар панҷаи мулки ғайр, Кашад доим ишканҷаи мулки ғайр?
Чаро шоҳи Эрон ғуломи вай аст, Зару моли Эрон ба коми вай аст?
Барад зар, биёрад аз он мулки дур Ба ин кишвари ҳур фисқу фуҷур, Чу иблис он бехуду бехудо
Ба имони мардум занад рахнаҳо.
Басо зинда андар ватан беватан, Басо мурда дар гўр шуд бекафан, Басо гушнаҳоро ду чашми тар аст, Чи хорист, к-аз гушнагӣ бадтар аст?!.
Чи ҷои сухан, к-ин бувад, он бувад, Ҳама ғам зи хории имон бувад, Аё қавми огоҳ, ҷои ғам аст, Ҳамоқат зиёду муҳаббат кам аст!
Агар хоҳӣ имон биёбад бақо, Нагардад ватан дар ҳақирӣ фано, Бувад инқилобе дигар ногузир, Ба по шав, ватанхоҳ барнову пир!»
2.
Инқилоб омад,
Пас он омад имом,
Аз каломи ҷовидаш бар лаб калом, Дар сараш – андешаи фардои мулк, Дар замираш – решаи фардои мулк.
Луқмае кай мегузашташ аз гулў, Буд сад мушкил чу пеши рўи ў.
Ҳар даме имдодҷўе бо умед
Аз ҳама сў раҳ ба сўяш мекашид.

пешина
аз 235
навбатӣ