Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хатар
Ин Ватан дар хатар аст, Ин Ватан, ки падарон
Дар баҳои миллионҳо тану ҷон Карда бунёдашу ободаш;
Ин Ватан, ки падарон
Дар баҳои миллионҳо тану ҷон Карда аз лашкари марг озодаш, Боз ҳам дар хатар аст,
Ин хатар аз ҳама он пештара бештар аст.
Сўи ў лашкари бисёр ҳуҷум оварда:
Лашкари мастӣ,
Ки аскарҳояш
Ҳама тан мекалаванд;
Лашкари пастӣ,
Ки аскарҳояш
Аз дарун мекалаванд;
Лашкари қаллобӣ,
Ки ба фанди ҳама дунё кўшад; Лашкари ҷаллобӣ,
Ки ҷаверо ба тило бифрўшад; Лашкари бедардӣ,
Ки ба ҷуз дарди шикам аз ҳама дарде раста; Лашкари номардӣ,
Ки намакдон шиканад пайваста; - Лашкари бешумаре аз ҳама сў Биситезад ҳама дам ҷониби ў.
Лашкари тўра паси миз камин бигрифта, 1984 1984 Лашкари мансабиюн низ камин бигрифта, Бо яке ҷилваи даст,
Бо яке гардиши чашм
Ҳар замон сўи Ватан тир зананд, Бар дилаш дашнаву шамшер зананд.
Эй бавиҷдон, ки ту соҳибватанӣ, То кай ин бебасарӣ?!
Эй баимон, ки ту соҳибватанӣ, То кай ин беҷигарӣ?!
Ҳама хезем пайи ҳифзи Ватан, Биситезем пайи ҳифзи Ватан!
Лашкаре аз виҷдон,
Лашкаре аз имон,
Аз ҳақиқат лашкар,
Аз садоқат лашкар,
Аз рафоқат лашкар
Ин замон ҷамъ орем,
Зери фармони Ватан биспорем!
Ноҳақонро, ки ҳамоқат карданд, Ин замон тири ҳақиқат бикушад!
Ҷоҳилонро, ки разолат карданд, Ин замон тири адолат бикушад!
Нокасонро, ки хиёнат карданд, Ин замон тири садоқат бикушад!
Андар ин Ҷанги Ниҳони Ватанӣ Ҳама имрўз чу як сарбозем; Андар ин Ҷанги Ниҳони Ватанӣ Хешро ҳомии ў бишносем; Байрақи нанги Ватанро
Боз бояд, ки баланд афрозем!


Агарчи ними ҷаҳон буд зери боли шумо, Ҳазор шукр, набудаст банда Золи шумо!
Чу қасди ман талаб аз умр буд шеваи хеш, Накардаам талаби мева аз ниҳоли шумо!
Ба чашми танги шумо менагунҷам, аз ин рў Набудаам ба ягон гўшаи хаёли шумо!
Зи сангатон дили ман гарчи ҳамчу кўза шикаст, Нарафтаам ба талаб бар дари кулоли шумо!
Чи тоза зар, ки ниҳон аст зери хоки куҳан, Ба маъраз аст валекин куҳансафоли шумо!
Шарифатон нашумурдам, ки бешараф будед, Муроди хеш наҷустам зи хатту холи шумо!
Суруди хуш бувадам қасд, на хушомади кас, 1985 Нагуфтаам ва нагўям, ки «Хуш ба ҳоли шумо!»
Қади якам зи дуқадҳо нахостаст ҳакам, Бидода маънии афзун якам ба ноли шумо!
Ман аз шимоли сафоям, ҳам аз ҷануби вафо, На аз ҷануби шумову на аз шимоли шумо!
Киям ману зи куҷоям?
Ҳамин суруди нав аст
Ҷавоби тозаи ман бар куҳансаволи шумо!
Ғазали Фаластин
Фаластин,
Ашки талхи бар мижа яхбастаи таърих, Нафасгармони дилсарди замон Ҳар лаҳза
Обат мекунанд аз нав
Ва хунолуда ҷорӣ мешавӣ Бар гунаҳои хастаи таърих.
Чу пеши модари дилхун
Ба пешат
Зиндагӣ ҳам
Мекунад гум сабру тамкинро, Ки байни лолахун ёбӣ
Ҳамеша наслҳоят – тифлакони шўхи гулчинро...
Худо дорӣ фақат,
Эй рўи роҳи додгар биншастаи таърих.
Фаластин,
Хонаи бе бому дар,
Эй хони бенони замон,
Эй давлати бемарз ҷовидон, Нигоҳи хаставу уммедворат бар самост, Эй мурғи парбишкастаи таърих.
Ҷудо аз Ҳақ наӣ,
Эй бо ҳақиқат то абад пайвастаи таърих, Биларзонанд ҳар гоҳе буну бехат, Вале барҷост таърихат.
Харобободи ҷовидон,
Ту бо ободии ҷону дилат як умр ободӣ, Ту дар дунёи озодипарастонат сарозодӣ, Аё эй бандии ворастаи таърих.

пешина
аз 235
навбатӣ