Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Каллаву почаро бубин пешаш - По шав, ўро магўй бекалла, Калла аз ў зиёдатист, бубин - Боқияшро ҳамехўрад Малла!
1982 1982 Хиштзан хишт мезанад ба ҷадал, То бад-ин гуна мешавад боло, Месазад ҳар баландиаш, ки расад Ў бад-ин гуна пешаи воло.
Ту хушомад ҳамезанӣ умре, Ки баландат барад фарозу нишеб, Гашта боло ту бо чунин пастӣ…
Эй аҷаб оламе!
Аҷиб!
Аҷиб!
Роҳи сиёҳ
Сўзан бизанӣ, рост бимонад чу санавбар Дар мавсими дохилшавии мактаби олӣ.
Дастони тиҳӣ бешумару мағзу дили пур, Ҳамёни пураш бешумару каллаи холӣ.
…Ҳамёнчаи худро зи таҳи даст гирифта, Ҳамёни пуре омада дар шакли як ишкам, Аз боварии беш ба пул он шуда лабрез, Ишкам пуру холист дилаш аз ғами олам.
Омад зи даре воситаи ў бадару гуфт:
«Гўед ҷиянро, зи раҳи пушт биёяд!»
Мардум ҳама хандид, ки бин, зодаи одам Аз пеш бадар гаштаву аз пушт дарояд!
Зиндагонӣ чист?
Мушти обдор аст.
Чист одам?
Чун анор аст.
Мефишорад он варо, то шарбаташ ҳаст, Мефишорад беамон, сар медиҳад пас.
Дар шохи нахли адл яке бар намондааст, Ово ба ҷуз таронаи қар-қар намондааст.
Аз дасти ҷумла дастдарозони ин замон Дар Каҳкашон қариб ки ахтар намондааст.
1982 1983 1983 Чун кафтаранд ин ҳама умре зи кафзанӣ, Дар осмон, чи бок, ки кафтар намондааст!
Эй бас саманд дур зи майдон парешҳол, Берун зи арса (узр!) ягон хар намондааст.
Сардор бешумар бувад аз саршумори халқ, Дар рўи китфи ҳеҷ вале сар намондааст.
Ҷуз кўр рўзномаи ўро касе нахонд, Муштоқи родиёш ба ҷуз кар намондааст.
Коҳидааст комилу ноқис фузуда лек, Чизе ба асли хеш баробар намондааст.
Хушдоману хусур ҳама ҷўянд аз аҳли ҷоҳ, Ёди падар ва ҳурмати модар намондааст.
Бо ин ҳама, фиғон, ки зи тавсифи ин замон Дар Осиёву Африка дафтар намондааст!
«Зиндабод!»
Рўзу шаб меомад ово: «Зинда бод!»
Бомаром аз зеру боло: «Зинда бод!»
Кўҳ карда акс онро: «Зинда бод!»
Сахт меболид дарё: «Зинда бод!»
Ин садо мешуд садоҳо: «Зинда бод!»
«Зинда бод!»-е ҳар куҷо поянда буд, Сурхрў, болидаву дарханда буд, Зиндагӣ аз ў, ту гўӣ, зинда буд, Пеши ин ово аҷал шарманда буд.
Буд ин дунё саропо «Зинда бод!»
То намурд он як таҳи бори нишон, Ҳеҷ н-омад бенишониаш аён, Мурдани имон шуд осори замон, Зиндагонӣ буд андар назъи ҷон, Буд моро бар лаб аммо «Зинда бод!»
Хештанро сурхрў манзур кард, Сурхрўиро зи аслаш дур кард, Чашмро нури дурўғаш кўр кард, Зиндаҳоро зиндаи дар гўр кард, Кушт моро, кушт моро «Зинда бод!»
«Зинда бод!» андар гулўи зумрае Шуд кафили обрўи зумрае, Решаи нашъунумўи зумрае, То кунун дар орзўи зумрае Мешитобад сўи фардо «Зинда бод!»
Боз ҳам ҳар лаҳза бо зарқу дағо «Зинда бод!»-е мерасад бар гўши мо, 1984 Мебарояд ё ба минбар бе ибо…
Хоҳам овезам шиоре ҳар куҷо:
Зиндаҳо, зинда-ст ҳоло «Зинда бод!»
Дунё палид шуд зи шумо, эй палидакон!
Шуд баста аз шумо дари дил, эй калидакон!
Аз идҳои халқ намудед солу чил, Аз чил ва шасти хеш намудед идакон!
Аз наҳсии шумост, ки бас ахтарони саъд Гаштанд нопадид, аё эй «саидакон»!
Як маънӣ аз шумо бадарорӣ гарон, вале Бо ҳарду маъниед яқин аҳли ридакон!
Бар обу дони худ ба касифӣ расидаед, Кай мерасед бар шараф, эй норасидакон?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё