Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Хоҳӣ андар даҳри фонӣ ҳамчу инсон зинда монӣ,
Пас бимирӣ ҳамчу инсон, қадри модарро бидон!
Рубоиҳои Модар
Он як зи ҷаҳон зари фаровон хоҳад,
Дигар раҳи тахту бахти осон хоҳад,
Бар модару ҳиммати баландаш нигаред:
Осоиши тифлу қадри инсон хоҳад!
Дастат ба сарам зи тоҷи зар беҳ, модар,
Меҳрат ба дилам зи баҳру бар беҳ, модар,
Як лаҳза зи бахти тифлҳоят ба ҷаҳон
Болидани ту зи болу пар беҳ, модар!
Дар пеши фари мом чи бошад фармон,
Бахшой ба хушдилӣ ба дардаш дармон,
Эй шоҳи ҷаҳон, шоҳи ҷаҳон, шоҳи ҷаҳон,
Аз тоҷ барор сар, ба пояш сар мон!
Ёрон, ёрон, то ба ҷаҳон ҳамнафасем,
Дар банди ҳазор орзўву ҳавасем,
Осон бирасем бо ҳама чиз, вале
Кай бошаду кай – ба қадри модар бирасем?!
Модар, модар, ба ҷон баробар модар,
Кай бори дигар шавад муяссар модар?
Сар дар қадамаш мону сарафрозӣ кун,
Саргашта шавӣ, равад чу аз сар модар!
Дуотадбир
Шудам сад бор сер аз шири модар,
Нагаштам лек боре сери модар.
Манам бо тори рагҳои дилу ҷон
Азалпайвастаи тақдири модар.
Биёям дер, ояд аз пайам зуд,
Фидо ҷонам ба зуду дери модар!
Ҳазорон меҳрубон дидам ба дунё,
Нарафт аз чашми дил тасвири модар.
Кушода сад гиреҳ дар рўзгорам
Шавад бо як дуотадбири модар.
Сияҳкорӣ пас аз шири сафедаш
Бувад бемисл як таҳқири модар.
Дили ман меҳрубон аз меҳри покаш,
Сурудам ширадор аз шири модар!
Сари гаҳвораам болида будӣ
Аё модар, набудӣ гар, набудам,
Ба сўи туст, эй ҷудам, суҷудам.
Ба дунёи пурово аллаи ту
Бувад оғози дунёи сурудам.
Дуоят, модаро, бому дарам дод,
Сари сабзу дили дилпарварам дод,
Ту болидӣ сари гаҳвораи ман,
Суруди аллаат болу парам дод.
Маро чун дурри ҷонаш суфт модар,
Баҳори бехазонаш гуфт модар,
Маро дод аллаи ў бахти бедор,
Чаро худ ҷовидона хуфт модар?!
Ба мислат буд маҳзун аллаи ту,
Равону поку мавзун аллаи ту,
Аё модар, суруде ҷовидона
Бигўям кош ҳамчун аллаи ту!
Аё модар, садоят дар дили ман,
Ҳама сўзу навоят дар дили ман,
Суруди тозае ҳар дам парафшон
Бувад аз аллаҳоят дар дили ман.
Аё эй рафта бар хобу хаёлам,
Чаро бигзоштӣ озурдаҳолам?
Сари гаҳвораам болида будӣ,
Сари гўрат, аё модар, бинолам!
Даме чун офтобе тофт модар,
Ба авҷи осмон биштофт модар,
Расид, афсўс, ҳангоми ғурубаш,
Зи уфқ он сў қадам партофт модар.
Ҷовидонтарин
Эй модар!
Эй нишони дил!
Эй бонишонтарин!
Ҳар ҷо, ки бингарам, зи ту осор буду ҳаст,
Осори туст дар кафи тақдир бешикаст,
Эй войи ман, ки бо ҳавас аз нестӣ маро
Додӣ ба дасти ҳастиву додам туро зи даст!
Эй меҳрубонтарин!
Будӣ ту ганҷи зиндагии ҳамчу кўҳи мо,
Он ганҷро барои чи аз мо ту бурдаӣ?
Тифлони хешро зи қазо бо кадом дил
Бар дасти модарандари дунё супурдаӣ?!
Эй бекаронтарин!
Дар ин ҷаҳони танг нагунҷидӣ, эй дареғ,
Гунҷида буд гарчи ҷаҳон дар вуҷуди ту,
Омода буд аҳли замин бар суҷуди ту,
Эй осмонтарин!
Беормонтарин
Ҳастӣ фақат ту дар ҳама дунёи бекарон,
Ҷони ҷаҳон харидаӣ азбас ба нархи ҷон.
Ҷуз рафтану ҷуз омаданат чист мурданат?
Эй дар ҷаҳони дигару ҷовиди ин ҷаҳон,
Эй ҷовидонтарин!
Бозии мозӣ
Аз қисматам наноламу бояд бигўямат:
Он қадр ҳам набуда сабук дўшбори ман,
Аз он даме валек, ки дар суҳбати туям,
Вазнин зи дўшбор бувад гўшбори ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё